Фонди кувайтии Рушд аввалин бастаи қарзиро баро сохтомони "Роғун" ҷудо кард

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкОткрытие первого гидроагрегата на Рогунской ГЭС в Таджикистане
Открытие первого гидроагрегата на Рогунской ГЭС в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2024
Обуна шудан
Қарор аст, ки 100 млн дорраи ваъдагии Фонди кувайтии рушд барои сохтмони нерӯгоҳи барқӣ дар 6 марҳила тавассути созишномаҳои алоҳида ҷудо шавад
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” бастаи аввали қарзии худро ҷудо мекнад.
Ба гузориши дафтари матбуои Вазорати молия дар ин бора дар Душанбе бо ҳузури Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Валид Шимлон, директори Фонди мазкур ба имзо расонидаанд.
Ба иттилои манбаъ, шартнома дар навбати аввал бо маблағи 16,7 млн. доллари амрикоӣ баста нашуд.
Таъкид шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории Фонди кувайтии рушд барои сохтмони “Роғун” дар умум 100 млн доллар пешбинӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки он дар 6 марҳила тавассути созишномаҳои алоҳида бо маблағи 16,7 млн. долларӣ ҷудо мегардад.
Работы на плотине Рогунской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2024
Ба Тоҷикистон барои сохтмони НБО “Роғун” 350 млн. доллар доданд
Маврид ба зикр аст, ки ахиран президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқт бо мудири кулли Фонди кувайтии рушд Валид Ал-Баҳар дар шаҳри Ал-Кувайт масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди мазкур ва ҷалби сармояи бештарро баррасӣ карда буд.
Зимни мулоқот тарафҳо тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Фонди кувайтии рушд дар маблағгузории лоиҳаҳои муҳими зербиноӣ, аз ҷумла сохтмони роҳҳои мошингард, иншооти бахши энергетика ва обёрӣ баррасӣ намуданд.
Ҷалби васеи Фонд ба маблағгузории лоиҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахшҳои тандурустӣ ва маориф мувофиқи мақсад дониста шуд.
Лентаи хабарҳо
0