https://sputnik.tj/20250206/istefoho-loiha-rayosat-idm-mohi-yanvar-tojikiston-1066125673.html
Истеъфоҳо, лоиҳаҳо ва раёсат дар ИДМ: моҳи январ дар Тоҷикистон чӣ гуна буд
Истеъфоҳо, лоиҳаҳо ва раёсат дар ИДМ: моҳи январ дар Тоҷикистон чӣ гуна буд
Sputnik Тоҷикистон
Моҳи аввали соли нави 2025 бо тағйироти муҳим дар ҳаёти дохилии сиёсии кишвар, инчунин навгониҳо дар соҳаи саноат ва варзиш паси сар шуд
2025-02-06T10:41+0500
2025-02-06T10:41+0500
2025-02-06T10:41+0500
дар тоҷикистон
идм
тағйироти кадрӣ
истеъфо
парванда
сиёсат
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/15/1065946870_27:121:1929:1191_1920x0_80_0_0_c4b8e3660eceda83915cdeba42773891.jpg
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Соли нав дар Тоҷикистон бо ҷойивазкунии густурдаи кадрҳо дар дастгоҳи давлатӣ, иваз шудани шуморе аз мансабдорон, ки аслан ба рамзи зиндаи хадамоти зертобеъашон табдил ёфтаанд, оғоз ёфт.Бидуни ин, дар байни воқеаҳои намоёни сиёсии дохили кишвар марҳилаи ниҳоии "парвандаи табаддулоти давлатӣ"-ро қайд кардан лозим аст.Дар мавриди сиёсати хориҷӣ, ду рӯйдод муҳимтарин ба шумор мераванд: гузариши раҳбарӣ ба Тоҷикистон дар раёсати ИДМ ва ҳамчунин сафари раисиҷумҳури Эрон ба Душанбе.Ғайр аз ин, дар ҷумҳурӣ нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо cap шуданд, ки онҳо чун ҳамеша ба ҳаёти ҷамъиятии ҷумҳурӣ хабарҳои зиёде оварданд. Моҳи январ боз бо чӣ хотирмон буд, – дар матлаби Sputnik Тоҷикистон хонед.Тағйироти кадрӣДар аввали моҳ чанд мансабдори баландпоя, аз ҷумла раҳбарони бахшҳои калидӣ ва ҳатто атрофиёни сарвари давлат бо фармони раисиҷумҳур мақомҳои худро аз даст доданд.Чунончӣ, раиси Хадамоти алоқа Бег Сабур, шавҳари духтари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз мақом барканор шуд. Замоне, ки Бег Сабур раҳбарии ин шӯъбаро бар дӯш дошт, ҳадафи интиқодҳои ҳам ҷомеа ва ҳатто мақомоти баландпояи ҳукумат буд ва сабабаш паст будани суръати интернету қимати баланди иртиботот буд. Ҷойи Сабурро Исфандиёри Саъдулло гирифт, ки аллакай ваъда дод, ки дар ояндаи наздик нархи интернетро арзон мекунад.Як мақоми дигари саршинос, ки курсии худро аз даст дод, Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон буд. Вазифаи холиро муовини ӯ ва Сарпрокурори ҳарбии кишвар Ҳабибулло Воҳидзода ишғол кард.Тағйироти дигар дар сохторҳои қудратӣ барканории Шералӣ Мирзо, ки аз соли 2013 ба ин сӯ дар мақоми вазири мудофиа буд.Ҳоло бо фармони раисиҷумҳур ӯ сардори Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон таъин шудааст. Ҷойи ӯро дар Вазорати мудофиа Эмомалӣ Раҳим Собирзода, ки қаблан дар вазифаи муовини аввали сардори ин вазорат кор мекард, ишғол кард. Бобоҷон Саидзода муовини нави вазир ва сардори ситоди кулл шуд.Солеҳа Холмаҳмадзода, ки қаблан вакили порлумон аз Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон буд, ба ҷои Гулнора Ҳасанзода ба мансаби вазири меҳнат таъйин шуд. Ҳасанзода бинобар ба нафақа баромаданаш аз вазифа озод карда шуд.Шермуҳаммади Шоҳиён аз мақоми раиси Додгоҳи олӣ бозхонд ва ҷои ӯро Рустам Мирзозода, ки қаблан раёсати Додгоҳи олии иқтисодиро бар ӯҳда дошт, гирифт.Раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон Нуриддин Саид низ аз мақоми худ барканор шуд. Ба ҷойи ӯ Носир Саид, ки қаблан роҳбарии шабакаи телевизионии "Сафина"-ро бар ӯҳда дошт, таъин шуд.Соли раёсат дар ИДМ1 январи соли 2025 Тоҷикистон расман сарвариро дар раёсати ИДМ ба ӯҳда гирифт. Дар доираи раёсати ҷумҳурӣ 113 чорабинӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар давоми сол амалӣ карда мешаванд.Дар ҷаласаи ифтитоҳии Шӯрои намояндагони ваколатдори давлатҳои ИДМ дар Минск, ки рӯзи 22 январ баргузор шуд, авлавиятҳои асосии раёсат баён шуданд. Ҳадафи аслии Тоҷикистон таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои узв, мутобиқ кардани кори Иттиҳод ба чолишҳои муосир ва фаъолсозии ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ хоҳад буд.Сардори Раёсати ИДМ-и Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Аҳмад Саидмуродзода дар бораи афзалиятҳои ҷумҳурӣ дар давраи раёсати он суханронӣ кард."Дар нақша дорем, ки чорабинӣ оид ба наздиксозии СҲШ баргузор намоем. Дар Минск чорабинии муштарак бо СҲШ бо кумаки Кумитаи иҷроияи ИДМ баргузор мешавад. Дар рӯзномаи иқтисодӣ ба рушди ҳамкориҳои саноатӣ, аз ҷумла омода кардани созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи мошинсозии вазнин таваҷҷуҳи хоса дода мешавад", - тавзеҳ дод ӯ.Масъалаҳои экологӣ низ дар рӯзномаи Тоҷикистон ҷойгоҳи муҳимро ишғол мекунанд. Саидмуродзода таъкид кард, ки самти башардӯстона иқдомҳо, аз қабили баргузории Бозиҳои III-уми ИДМ дар Озарбойҷон дарбар гирифта, ба таҷлили 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад."Парвандаи табаддулоти давлатӣ"Моҳи январ мурофиаи додгоҳии сиёсатмадорон ва чеҳраҳои ҷамъиятии саршинос дар Тоҷикистон, ки ба кӯшиши ғасби қудрат муттаҳам мешаванд, идома ёфт. Силсилаи боздоштҳо дар моҳи июни соли 2024 пас аз боздошти Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумон ва раиси пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон оғоз шуд. Ёдовар мешавем, ки инчунин Акбаршоҳ Искандаров, Аҳмадшоҳ Комилзода, Ҳамрохон Зарифӣ, Шокирҷон Ҳакимов, Абдулфайз Атоӣ, Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Боев боздошт шудаанд.Гуфта мешавад, дар мурофиаи додгоҳӣ айбдоркунандаи давлатӣ барои муттаҳамони ин парванда аз 20 то 30 соли зиндон талаб кардааст.Як нуктаи муҳим дар заминаи мурофиаи додгоҳӣ иттиҳоми хиёнат ба давлат алайҳи рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова, ҷияни муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи кишвар Шокирҷон Ҳакимов аст, ки тибқи моддаи 305-и Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ муттаҳам мешавад. Додситонӣ барои ӯ 17 соли зиндон хост. Худи Ҳакимова ҳеҷ шарҳе надодааст ва ҳоло ба далели доштани кӯдаки хурдсол дар боздоштгоҳи муваққатӣ ҷойгир нашудааст.Сафари раисҷумҳури ЭронРӯзҳои 15-16 январ раисиҷумҳури Эрон Масъуд Пизишкиён бо ҳамроҳии як ҳайати бузурги корӣ ба Душанбе нахустин сафари давлатӣ анҷом дод. Ин сафар далели он буд, ки равобити ду кишвари аз лиҳози фарҳангӣ ва таърихӣ ба ҳам наздик ба сатҳи нав баромад.Зимни сафар мулоқоту музокироти сатҳи баланд, ҳамчунин мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳайатҳои расмии ду ҷониб сурат гирифт, ки дар натиҷа 23 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.Дар чаҳорчӯби сафари раисиҷумҳури Эрон, бо ширкати сарони давлатҳо дар пойтахти кишвар форуми тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон баргузор шуд, ки дар ҷараёни он 13 санади дигари ҳамкорӣ ба маблағи беш аз 450 миллион доллар ба имзо расид.Аз рӯйдодҳои намоёни ин сафар шоми шеъри Тоҷикистону Эрон бо ширкати шоирону нависандагони ду кишвар, Анҷумани донишмандону пажӯҳишгарон ва ифтитоҳи Пажӯҳишгоҳи фарҳанги тоҷику форс низ буд.Пизишкиён инчунин аз Донишгоҳи давлатии тиббии Точикистон дидан карда, бо кормандони тиб, устодон ва донишҷӯён вохӯрд. Бо қарори донишгоҳ ба ӯ унвони "Профессори фахрӣ" дода шуд.Раисиҷумҳури Эрон пас аз анҷоми сафараш ба Тоҷикистон рӯзи 17 январ барои анҷоми сафари давлатӣ ба Маскав рафт.ВарзишСоли варзишӣ барои варзишгарони точик низ хеле бомуваффакият оғоз ёфт.Ду варзишгари тоҷик - Нурулло Алиев ва Муин Ғафуров дар мусобиқоти асосии UFC пирӯз шуданд. Алиев дар мусобиқаи UFC Fight Night 249 дар Лас Вегас пирӯз шуд. Рақиби ӯ Ҷо Солецкии амрикоӣ буд, ки тоҷикистонӣ бо қарори якдилонаи доварон ғолиб эълон шуд. Муин Ғафуров дар мусобиқаи UFC 311, ки дар Лос-Анҷелес баргузор шуд, бар Риня Накамураи ҷопонӣ пирӯз шуд.Размикори дигари тоҷик Муҳаммад Наимов дар вазни 66 кило ба қатори 5 беҳтарин размикори Осиёи Марказӣ шомил шуда, дар мусобиқоти қаҳрамонӣ аз ҳарифи қирғизистониаш шикаст хӯрд. Наимов рӯзи 1 феврал дар UFC Fight Night 250 бо размикори австралиягӣ Кан Офли қувваозмоии навбатии худро анҷом дода, пирӯз шуд.Моҳи январ раддабандии 100 чемпионати беҳтарини футбол ва 100 бошгоҳи беҳтарини ҷаҳон нашр шуд. Мутаассифона, лигаи футболи Тоҷикистон ба раддабандии беҳтарин мусобиқоти футбол, ки масалан, Туркманистон, Узбакистон ва Қазоқистон дар он ҷо ёфтанд, ворид нашуд. Бошгоҳҳои Тоҷикистон низ ба шумори 100 тими беҳтарини футбол шомил нашуданд.Аммо футболбози маъруфи тоҷик Ваҳдат Ханонов бо бошгоҳи худ “Сипоҳон” барандаи Суперҷоми Эрон шуд.Моҳи январ Федератсияи байналмилалии Ҷудо низ раддабандии худро нав кард. Се нафар варзишгари тоҷик ба зинаҳои болотар баромаданд. Темур Раҳимов дар вазни +100 кг миёни варзишгарони вазн 5380 имтиёз ба даст оварда, дар зинаи сеюми ҷаҳон қарор дорад. Нуралӣ Эмомалӣ дар вазни 66 кг бо 4141 хол дар зинаи 3-юми ҷаҳон мақом гирифт. Сомон Маҳмадбеков дар вазни 81 кг бо 4540 имтиёз ба зинаи 6-уми раддабандӣ баромад.Бо як сархатДар макотиби Тоҷикистон беш аз 4,3 ҳазор омӯзгор намерасад. Чунон ки вазири маорифи ҶТ Раҳим Саидзода хабар дод, дар соли таҳсили ҷорӣ норасоии 4301 омӯзгор ба қайд гирифта шудааст. Ба гуфтаи вазир, барои ҳалли ин мушкил ҳудуди 2 ҳазор донишҷӯи зинаҳои боло ҷалб шудаанд. Норасоии бештари муаллимони фанҳои дақиқ, ки дар баъзе мактабҳо тамоман нестанд, бараъло эҳсос мешавад.Лоиҳаи CASA-1000 дар соли 2027 ба фаъолият шурӯъ мекунад. Дар ин бора Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон зимни як нишасти хабарӣ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло корҳои сохтмонӣ дар ин тарҳ дар самти Тоҷикистону Қирғизистон ба анҷом расида, рӯзҳои наздик хатҳои интиқоли барқ байни кишварҳо васл хоҳанд шуд.Миёни Тоҷикистон ва Эрон раводиди ҳавоӣ лағв шудааст. Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон, ҳангоми сафари худ ба Тоҷикистон, дар дидор бо эрониёни муқими Душанбе изҳор дошт, ки мушкили гирифтани раводид миёни ин кишварҳо ҳал шудааст.Дар Суғд ду партовгоҳи уран аз ҳисоби Русия руйпӯш мешаванд, гуфт раиси шаҳри Истиқлол Қаюм Маҳмудзода. Солҳои наздик аз ҳисоби ширкати "Росатом" партовгоҳи "Табошар-3" ва мавзеи Адрасман руйпӯш карда мешаванд.Нашрияи амрикоии CNN матлаберо нашр кардааст, ки дар он теъдоде аз донишмандони барҷастаи Шарқи асримиёнагӣ, аз ҷумла табиби маъруф Ибни Сино ва астроном Ал-Берунӣ ҳамчун донишмандони узбек ном бурда шуданд, ки дар ҷомеа сару садоҳои зиёдеро ба бор овард. Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги Тоҷикистон дар ин робита изҳор дошт, ки ин мавқеъи расмии кишвари ҳамсоя нест, балки иғвоангезона аст, ки ҳадафаш коштани ихтилоф дар миёни кишварҳои дӯст аст.Вазири масоили сарҳад ва қабилаҳои Толибон* Мулло Нурулло Нурӣ дар ҷараёни сафараш ба вилояти Тахори Афғонистон ба ҳамкорӣ ва равобити дӯстона бо Тоҷикистон даъват кард. Нурӣ дар ин бора зимни боздид аз яке аз гузаргоҳҳои воқеъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон изҳорот дод. Нурӣ ҳамчунин изҳор дошт, ки пас аз сафари ҳайати Тоҷикистон ба Афғонистон равобити миёни кишварҳо беҳтар шуда истодааст ва Душанбеи расмӣ дар ояндаи наздик ба раванди ифтитоҳи консулгариҳо дар Кобул шурӯъ мекунад.* Ташкилот барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20250204/malum-shud-usuf-rahmon-chi-vazifa-girift-1066103303.html
https://sputnik.tj/20250103/tojikiston-rayosat-idm-naqsha-chorabiniho-tahiya-kardaast-1065751749.html
https://sputnik.tj/20240809/digaron-tayidi-bozdoshti-chehrahoi-maruf-prokuraturai-generali-1063865008.html
https://sputnik.tj/20250116/istiqbol-rasmi-pizishkiyon-dushanbe-omoda-hamkori-1065884027.html
https://sputnik.tj/20250105/raqib-nurullo-aliev-ufc-ivaz-shud-1065767894.html
https://sputnik.tj/20241116/daler-juma-tojikiston-dolon-sabz-osiyo-markaz-tavajjuh-1065140864.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/15/1065946870_239:26:1755:1163_1920x0_80_0_0_1067e96649ce075b8decf3b2ff7b23f9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, истеъфо, идм, сиёсат, парванда, тағйироти кадрӣ
тоҷикистон, истеъфо, идм, сиёсат, парванда, тағйироти кадрӣ
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Соли нав дар Тоҷикистон бо ҷойивазкунии густурдаи кадрҳо дар дастгоҳи давлатӣ, иваз шудани шуморе аз мансабдорон, ки аслан ба рамзи зиндаи хадамоти зертобеъашон табдил ёфтаанд, оғоз ёфт.
Бидуни ин, дар байни воқеаҳои намоёни сиёсии дохили кишвар марҳилаи ниҳоии "парвандаи табаддулоти давлатӣ"-ро қайд кардан лозим аст.
Дар мавриди сиёсати хориҷӣ, ду рӯйдод муҳимтарин ба шумор мераванд: гузариши раҳбарӣ ба Тоҷикистон дар раёсати ИДМ ва ҳамчунин сафари раисиҷумҳури Эрон ба Душанбе.
Ғайр аз ин, дар ҷумҳурӣ нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо cap шуданд, ки онҳо чун ҳамеша ба ҳаёти ҷамъиятии ҷумҳурӣ хабарҳои зиёде оварданд. Моҳи январ боз бо чӣ хотирмон буд, – дар матлаби Sputnik Тоҷикистон хонед.
Дар аввали моҳ чанд мансабдори баландпоя, аз ҷумла раҳбарони бахшҳои калидӣ ва ҳатто атрофиёни сарвари давлат бо фармони раисиҷумҳур мақомҳои худро аз даст доданд.
Чунончӣ, раиси Хадамоти алоқа Бег Сабур, шавҳари духтари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз мақом барканор шуд. Замоне, ки Бег Сабур раҳбарии ин шӯъбаро бар дӯш дошт, ҳадафи интиқодҳои ҳам ҷомеа ва ҳатто мақомоти баландпояи ҳукумат буд ва сабабаш паст будани суръати интернету қимати баланди иртиботот буд. Ҷойи Сабурро Исфандиёри Саъдулло гирифт, ки аллакай ваъда дод, ки дар ояндаи наздик нархи интернетро арзон мекунад.
Як мақоми дигари саршинос, ки курсии худро аз даст дод, Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон буд. Вазифаи холиро муовини ӯ ва Сарпрокурори ҳарбии кишвар Ҳабибулло Воҳидзода ишғол кард.
Тағйироти дигар дар сохторҳои қудратӣ барканории Шералӣ Мирзо, ки аз соли 2013 ба ин сӯ дар мақоми вазири мудофиа буд.
Ҳоло бо фармони раисиҷумҳур ӯ сардори Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон таъин шудааст. Ҷойи ӯро дар Вазорати мудофиа Эмомалӣ Раҳим Собирзода, ки қаблан дар вазифаи муовини аввали сардори ин вазорат кор мекард, ишғол кард. Бобоҷон Саидзода муовини нави вазир ва сардори ситоди кулл шуд.
Солеҳа Холмаҳмадзода, ки қаблан вакили порлумон аз Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон буд, ба ҷои Гулнора Ҳасанзода ба мансаби вазири меҳнат таъйин шуд. Ҳасанзода бинобар ба нафақа баромаданаш аз вазифа озод карда шуд.
Шермуҳаммади Шоҳиён аз мақоми раиси Додгоҳи олӣ бозхонд ва ҷои ӯро Рустам Мирзозода, ки қаблан раёсати Додгоҳи олии иқтисодиро бар ӯҳда дошт, гирифт.
Раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон Нуриддин Саид низ аз мақоми худ барканор шуд. Ба ҷойи ӯ Носир Саид, ки қаблан роҳбарии шабакаи телевизионии "Сафина"-ро бар ӯҳда дошт, таъин шуд.
1 январи соли 2025 Тоҷикистон расман сарвариро дар раёсати ИДМ ба ӯҳда гирифт. Дар доираи раёсати ҷумҳурӣ 113 чорабинӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар давоми сол амалӣ карда мешаванд.
Дар ҷаласаи ифтитоҳии Шӯрои намояндагони ваколатдори давлатҳои ИДМ дар Минск, ки рӯзи 22 январ баргузор шуд, авлавиятҳои асосии раёсат баён шуданд. Ҳадафи аслии Тоҷикистон таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои узв, мутобиқ кардани кори Иттиҳод ба чолишҳои муосир ва фаъолсозии ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ хоҳад буд.
Сардори Раёсати ИДМ-и Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Аҳмад Саидмуродзода дар бораи афзалиятҳои ҷумҳурӣ дар давраи раёсати он суханронӣ кард.
"Дар нақша дорем, ки чорабинӣ оид ба наздиксозии СҲШ баргузор намоем. Дар Минск чорабинии муштарак бо СҲШ бо кумаки Кумитаи иҷроияи ИДМ баргузор мешавад. Дар рӯзномаи иқтисодӣ ба рушди ҳамкориҳои саноатӣ, аз ҷумла омода кардани созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи мошинсозии вазнин таваҷҷуҳи хоса дода мешавад", - тавзеҳ дод ӯ.
Масъалаҳои экологӣ низ дар рӯзномаи Тоҷикистон ҷойгоҳи муҳимро ишғол мекунанд. Саидмуродзода таъкид кард, ки самти башардӯстона иқдомҳо, аз қабили баргузории Бозиҳои III-уми ИДМ дар Озарбойҷон дарбар гирифта, ба таҷлили 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад.
"Парвандаи табаддулоти давлатӣ"
Моҳи январ мурофиаи додгоҳии сиёсатмадорон ва чеҳраҳои ҷамъиятии саршинос дар Тоҷикистон, ки ба кӯшиши ғасби қудрат муттаҳам мешаванд, идома ёфт. Силсилаи боздоштҳо дар моҳи июни соли 2024 пас аз боздошти Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумон ва раиси пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон оғоз шуд. Ёдовар мешавем, ки инчунин Акбаршоҳ Искандаров, Аҳмадшоҳ Комилзода, Ҳамрохон Зарифӣ, Шокирҷон Ҳакимов, Абдулфайз Атоӣ, Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Боев боздошт шудаанд.
Гуфта мешавад, дар мурофиаи додгоҳӣ айбдоркунандаи давлатӣ барои муттаҳамони ин парванда аз 20 то 30 соли зиндон талаб кардааст.
Як нуктаи муҳим дар заминаи мурофиаи додгоҳӣ иттиҳоми хиёнат ба давлат алайҳи рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова, ҷияни муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи кишвар Шокирҷон Ҳакимов аст, ки тибқи моддаи 305-и Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ муттаҳам мешавад. Додситонӣ барои ӯ 17 соли зиндон хост. Худи Ҳакимова ҳеҷ шарҳе надодааст ва ҳоло ба далели доштани кӯдаки хурдсол дар боздоштгоҳи муваққатӣ ҷойгир нашудааст.
Рӯзҳои 15-16 январ раисиҷумҳури Эрон Масъуд Пизишкиён бо ҳамроҳии як ҳайати бузурги корӣ ба Душанбе нахустин сафари давлатӣ анҷом дод. Ин сафар далели он буд, ки равобити ду кишвари аз лиҳози фарҳангӣ ва таърихӣ ба ҳам наздик ба сатҳи нав баромад.
Зимни сафар мулоқоту музокироти сатҳи баланд, ҳамчунин мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳайатҳои расмии ду ҷониб сурат гирифт, ки дар натиҷа 23 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар чаҳорчӯби сафари раисиҷумҳури Эрон, бо ширкати сарони давлатҳо дар пойтахти кишвар форуми тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон баргузор шуд, ки дар ҷараёни он 13 санади дигари ҳамкорӣ ба маблағи беш аз 450 миллион доллар ба имзо расид.
Аз рӯйдодҳои намоёни ин сафар шоми шеъри Тоҷикистону Эрон бо ширкати шоирону нависандагони ду кишвар, Анҷумани донишмандону пажӯҳишгарон ва ифтитоҳи Пажӯҳишгоҳи фарҳанги тоҷику форс низ буд.
Пизишкиён инчунин аз Донишгоҳи давлатии тиббии Точикистон дидан карда, бо кормандони тиб, устодон ва донишҷӯён вохӯрд. Бо қарори донишгоҳ ба ӯ унвони "Профессори фахрӣ" дода шуд.
Раисиҷумҳури Эрон пас аз анҷоми сафараш ба Тоҷикистон рӯзи 17 январ барои анҷоми сафари давлатӣ ба Маскав рафт.
Соли варзишӣ барои варзишгарони точик низ хеле бомуваффакият оғоз ёфт.
Ду варзишгари тоҷик - Нурулло Алиев ва Муин Ғафуров дар мусобиқоти асосии UFC пирӯз шуданд. Алиев дар мусобиқаи UFC Fight Night 249 дар Лас Вегас пирӯз шуд. Рақиби ӯ Ҷо Солецкии амрикоӣ буд, ки тоҷикистонӣ бо қарори якдилонаи доварон ғолиб эълон шуд. Муин Ғафуров дар мусобиқаи UFC 311, ки дар Лос-Анҷелес баргузор шуд, бар Риня Накамураи ҷопонӣ пирӯз шуд.
Размикори дигари тоҷик Муҳаммад Наимов дар вазни 66 кило ба қатори 5 беҳтарин размикори Осиёи Марказӣ шомил шуда, дар мусобиқоти қаҳрамонӣ аз ҳарифи қирғизистониаш шикаст хӯрд. Наимов рӯзи 1 феврал дар UFC Fight Night 250 бо размикори австралиягӣ Кан Офли қувваозмоии навбатии худро анҷом дода, пирӯз шуд.
Моҳи январ раддабандии 100 чемпионати беҳтарини футбол ва 100 бошгоҳи беҳтарини ҷаҳон нашр шуд. Мутаассифона, лигаи футболи Тоҷикистон ба раддабандии беҳтарин мусобиқоти футбол, ки масалан, Туркманистон, Узбакистон ва Қазоқистон дар он ҷо ёфтанд, ворид нашуд. Бошгоҳҳои Тоҷикистон низ ба шумори 100 тими беҳтарини футбол шомил нашуданд.
Аммо футболбози маъруфи тоҷик Ваҳдат Ханонов бо бошгоҳи худ “Сипоҳон” барандаи Суперҷоми Эрон шуд.
Моҳи январ Федератсияи байналмилалии Ҷудо низ раддабандии худро нав кард. Се нафар варзишгари тоҷик ба зинаҳои болотар баромаданд. Темур Раҳимов дар вазни +100 кг миёни варзишгарони вазн 5380 имтиёз ба даст оварда, дар зинаи сеюми ҷаҳон қарор дорад. Нуралӣ Эмомалӣ дар вазни 66 кг бо 4141 хол дар зинаи 3-юми ҷаҳон мақом гирифт. Сомон Маҳмадбеков дар вазни 81 кг бо 4540 имтиёз ба зинаи 6-уми раддабандӣ баромад.
Дар макотиби Тоҷикистон беш аз 4,3 ҳазор омӯзгор намерасад. Чунон ки вазири маорифи ҶТ Раҳим Саидзода хабар дод, дар соли таҳсили ҷорӣ норасоии 4301 омӯзгор ба қайд гирифта шудааст. Ба гуфтаи вазир, барои ҳалли ин мушкил ҳудуди 2 ҳазор донишҷӯи зинаҳои боло ҷалб шудаанд. Норасоии бештари муаллимони фанҳои дақиқ, ки дар баъзе мактабҳо тамоман нестанд, бараъло эҳсос мешавад.
Лоиҳаи CASA-1000 дар соли 2027 ба фаъолият шурӯъ мекунад. Дар ин бора Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон зимни як нишасти хабарӣ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло корҳои сохтмонӣ дар ин тарҳ дар самти Тоҷикистону Қирғизистон ба анҷом расида, рӯзҳои наздик хатҳои интиқоли барқ байни кишварҳо васл хоҳанд шуд.
Миёни Тоҷикистон ва Эрон раводиди ҳавоӣ лағв шудааст. Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон, ҳангоми сафари худ ба Тоҷикистон, дар дидор бо эрониёни муқими Душанбе изҳор дошт, ки мушкили гирифтани раводид миёни ин кишварҳо ҳал шудааст.
Дар Суғд ду партовгоҳи уран аз ҳисоби Русия руйпӯш мешаванд, гуфт раиси шаҳри Истиқлол Қаюм Маҳмудзода. Солҳои наздик аз ҳисоби ширкати "Росатом" партовгоҳи "Табошар-3" ва мавзеи Адрасман руйпӯш карда мешаванд.
Нашрияи амрикоии CNN матлаберо нашр кардааст, ки дар он теъдоде аз донишмандони барҷастаи Шарқи асримиёнагӣ, аз ҷумла табиби маъруф Ибни Сино ва астроном Ал-Берунӣ ҳамчун донишмандони узбек ном бурда шуданд, ки дар ҷомеа сару садоҳои зиёдеро ба бор овард. Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги Тоҷикистон дар ин робита изҳор дошт, ки ин мавқеъи расмии кишвари ҳамсоя нест, балки иғвоангезона аст, ки ҳадафаш коштани ихтилоф дар миёни кишварҳои дӯст аст.
Вазири масоили сарҳад ва қабилаҳои Толибон* Мулло Нурулло Нурӣ дар ҷараёни сафараш ба вилояти Тахори Афғонистон ба ҳамкорӣ ва равобити дӯстона бо Тоҷикистон даъват кард. Нурӣ дар ин бора зимни боздид аз яке аз гузаргоҳҳои воқеъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон изҳорот дод. Нурӣ ҳамчунин изҳор дошт, ки пас аз сафари ҳайати Тоҷикистон ба Афғонистон равобити миёни кишварҳо беҳтар шуда истодааст ва Душанбеи расмӣ дар ояндаи наздик ба раванди ифтитоҳи консулгариҳо дар Кобул шурӯъ мекунад.
* Ташкилот барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.