https://sputnik.tj/20250103/tojikiston-rayosat-idm-naqsha-chorabiniho-tahiya-kardaast-1065751749.html
Тоҷикистон дар чаҳорчӯби раёсати худ дар ИДМ нақшаи чорабиниҳоро таҳия кардааст
Тоҷикистон дар чаҳорчӯби раёсати худ дар ИДМ нақшаи чорабиниҳоро таҳия кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Дар маҷмӯъ, дар соли ҷорӣ дар чаҳорчӯби раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузории 113 чорабинӣ дар назар аст 03.01.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-01-03T10:32+0500
2025-01-03T10:32+0500
2025-01-03T10:32+0500
дар тоҷикистон
идм
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/05/1064601172_0:14:3258:1847_1920x0_80_0_0_3df99cfd9383aa304af9439183e99d18.jpg
ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Тоҷикистон ба иҷрои вазифаҳои раёсати худ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шурӯъ кардааст. Ба ин тартиб, раёсати Тоҷикистон дар ИДМ тибқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки дар Оинномаи СММ инъикос ёфтаанд ва ҳамчунин муқаррароти асноди қабулшуда дар доираи Иттиҳод сурат мегирад, хабар медиҳад “Ховар” бо истинод ба Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон. Қайд карда мешавад, ки моҳи сентябри соли 2025 барои аввалин бор дар таърих чорабинии муштарак оид ба ҳамкориҳои ИДМ ва СММ дар қароргоҳи Созмони умумиҷаҳонӣ баргузор мешавад.Илова бар ин, барои тасвиби қатъномаи навбатии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳамкориҳои ин созмон ва Иттиҳод низ кумак расонида мешавад. Соли равон дар доираи раёсати Тоҷикистон дар ИДМ баргузории 113 чорабинӣ дар назар аст.Ёдовар мешавем, ки аз 1 январи соли 2025 раёсати ниҳодҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Тоҷикистон гузашт. Федератсияи Русия ва Туркманистон ҳамраисҳои ИДМ хоҳанд шуд. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ дар Маскав ифтитоҳи баҳс дар бораи беҳбуди фаъолияти кишварҳои муштаракулманофеъро аз авлавиятҳои аслии раёсати ин кишвар хонд. Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон ҳамкориҳои кишварҳои ИДМ дар заминаи мубориза бо хатарҳо ва таҳдидҳои амниятро низ тақвият хоҳад дод.
https://sputnik.tj/20250101/rayosati-idm-ba-tojikiston-guzasht-1065744972.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/05/1064601172_331:0:3060:2047_1920x0_80_0_0_c261ba1b9c7393f6ff6aba88612d2e73.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, идм, сиёсат
дар тоҷикистон, идм, сиёсат
Тоҷикистон дар чаҳорчӯби раёсати худ дар ИДМ нақшаи чорабиниҳоро таҳия кардааст
Дар маҷмӯъ, дар соли ҷорӣ дар чаҳорчӯби раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузории 113 чорабинӣ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Тоҷикистон ба иҷрои вазифаҳои раёсати худ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шурӯъ кардааст.
Ба ин тартиб, раёсати Тоҷикистон дар ИДМ тибқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки дар Оинномаи СММ инъикос ёфтаанд ва ҳамчунин муқаррароти асноди қабулшуда дар доираи Иттиҳод сурат мегирад, хабар медиҳад “Ховар” бо истинод ба Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
"Идеяи инноватсионӣ оғози мубоҳиса оид ба беҳтар намудани кори ИДМ аст, ки дар ин замина дар Тоҷикистон ва комиҷроия бо иштироки вазорату идораҳои манфиатдор машваратҳои махсус ташкил карда мешаванд... Машваратҳои аввалини коршиносон 24 январ дар Минск баргузор гардид", - қайд кард ВКХ.
Қайд карда мешавад, ки моҳи сентябри соли 2025 барои аввалин бор дар таърих чорабинии муштарак оид ба ҳамкориҳои ИДМ ва СММ дар қароргоҳи Созмони умумиҷаҳонӣ баргузор мешавад.
Илова бар ин, барои тасвиби қатъномаи навбатии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳамкориҳои ин созмон ва Иттиҳод низ кумак расонида мешавад.
Соли равон дар доираи раёсати Тоҷикистон дар ИДМ баргузории 113 чорабинӣ дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки аз 1 январи соли 2025 раёсати ниҳодҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Тоҷикистон гузашт.
Федератсияи Русия ва Туркманистон ҳамраисҳои ИДМ хоҳанд шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ дар Маскав ифтитоҳи баҳс дар бораи беҳбуди фаъолияти кишварҳои муштаракулманофеъро аз авлавиятҳои аслии раёсати ин кишвар хонд. Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон ҳамкориҳои кишварҳои ИДМ дар заминаи мубориза бо хатарҳо ва таҳдидҳои амниятро низ тақвият хоҳад дод.