Маълум шуд Юсуф Раҳмон чӣ вазифа гирифт

© Sputnik / Амир ИсаевГенпрокурор Таджикистана Юсуф Рахмон
Генпрокурор Таджикистана Юсуф Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2025
Обуна шудан
Юсуф Раҳмон собиқ додситони кулли Тоҷикистон, ки қаблан аз вазифааш барканор шуда буд, бо фармони нави раисҷумҳур ӯ котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон таъйин шуд
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Юсуф Раҳмон собиқ Додситони кулли Тоҷикистон, ба вазифаи котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон, таъйин шуд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Ёдовар мешавем, ки Юсуф Раҳмон рӯзи 23-юми январи соли равон аз мақомаш барканор шуда буд.
Ба ҷойи ӯ Ҳабибулло Воҳидзодаи таъйин шуд, ки то ин дам дар мақоми муовини додситони кулли Тоҷикистон кор мекард.
Воҳидзода аз моҳи январи 2024 то моҳи январи 2025 дар мақоми муовини додситони кул ва ҳамзмон додситони ҳарбӣ кор кардааст. Аз он пеш раиси Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир буд.
Қаблан Маҷлиси Миллӣ дар ҷаласаи навбатӣ ба номзадии Ҳабибулло Воҳидзодаи 60-сола ба вазифаи додситони кулли Тоҷикистон розигӣ доданд. Номзадии ӯро раисҷумҳур пешниҳод карда буд.
Двадцать первая сессия Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2025
Маҷлиси миллӣ ба пешниҳоди президент ризоят дод: Шоҳиён ва Раҳмон барканор шуданд
Юсуф Раҳмон аз соли 2015 Додситони кул ё Прокурори генералии Тоҷикистон буд. Тибқи қонун даҳ сол ҳаққи кор дар ин вазифаро дошт.
Ҳамчунин бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Ҳаётзода Фирдавс, муовини Прокурори генералӣ, Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон, Қосимзода Хайриддин, муовини Прокурори генералӣ, ва Каримӣ Акрам, Ҳамзамон Сафири Тоҷикистон дар Алҷазоир таъйин шуданд.
Бо амри раисҷумҳур Оқилзода Нурулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти дар масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа озод карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0