Зеленский гуфт, ки мехоҳад дар соли 2025 ба низоъ бо Русия хотима бахшад

© Getty Images / Pier Marco TaccaВладимир Зеленский во время заседания Европейского совета 19 декабря 2024 года в Брюсселе, Бельгия
Владимир Зеленский во время заседания Европейского совета 19 декабря 2024 года в Брюсселе, Бельгия  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2025
Обуна шудан
Владимир Зеленский ахиран гуфт, ки Украина мехоҳад дар соли 2025 аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кафолати амниятӣ бигирад
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Владимир Зеленский изҳор дошт, ки Украина мехоҳад аз Иёлоти Муттаҳида кафолати амниятӣ бигирад ва дар соли 2025 ба низоъ бо Русия хотима диҳад.
Ёдовар мешавем, ки муовини сухангӯи Пентагон Сабрина Сингҳ гуфт, ки ИМА барои анҷоми низоъ дар Украина шарт намегузоранд ва тасмим дар бораи музокироти сулҳ дар дасти Зеленский аст.
Тавре ки як рӯз пеш фиристодаи вижаи ояндаи ИМА дар Украина Кит Келлог изҳор дошт, президенти тозаинтихоби ИМА Доналд Трамп метавонад дар ояндаи наздик дар чаҳорчӯби музокироти дарпешистода бо Владимир Зеленский ва Владимир Путин, раисҷумҳури Русия низоъ дар Украинаро ҳал кунад.
"Ҳадафи мо имсол кафолати амниятӣ гирифтан ва имсол ба ҷанг хотима додан аст. Мо барои ин ҳама кор мекунем", - гуфт Зеленский дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии итолиёии Rainews24.
"Барои мо хеле муҳим аст, ки сулҳ биёяд, аммо пеш аз он ки мо дар бораи чизе розӣ шавем, мо бояд кафолатҳои ҷиддии амниятӣ барои Украина ва Аврупоро муайян кунем", - гуфт Зеленский.
Ҳамзамон вай ба Иёлоти Муттаҳида ишора кард ва хостор шуд, ки "ба Русия фишор оранд ва ба Украина ва Аврупо кафолати амниятии худро бидиҳад".
Украинские военнослужащие во время учений на полигоне в Запорожской области. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2025
Талафоти Украина дар Курск аз 50 ҳазор аскар гузашт
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин қаблан ташаббусҳо барои ҳалли мусолиматомези низоъ дар Украинаро ба миён гузошта буд: Маскав пас аз хуруҷи нирӯҳои украинӣ аз қаламравҳои нави Русия оташро фавран қатъ мекунад ва омодагии худро ба музокирот эълом хоҳад кард. Илова бар ин, Путин афзуд, Киев бояд эълом кунад, ки аз нияти пайвастан ба НАТО ва аз ғайринозомӣ ва нозизудоӣ даст накашад ва ҳамчунин мақоми бетараф гирад. Раҳбари Русия ҳамчунин аз лағви таҳримҳо алайҳи Русия ёдовар шуд.
Пас аз ҳамлаи террористии нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар минтақаи Курск, Путин гуфт, ки музокирот бо онҳое, ки "бетарафона ба мардуми осоишта, ба зербиноҳои ғайринизомӣ зарба мезананд ва ё кӯшиши эҷоди таҳдид ба иншооти нерӯи ҳастаӣ" мекунанд, имконнопазир нест.
Ёвари раисиҷумҳури Русия Юрий Ушаков баъдан изҳор дошт, ки пешниҳодҳои сулҳи Маскав барои созиши Украина, ки қаблан аз ҷониби раисҷумҳури Русия нашр гуда буданд, канор гузошта нашудаанд, аммо дар ин марҳила, “бо назардошти ин моҷароҷӯӣ” Русия бо Украина гуфтугӯ нахоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0