Талафоти Украина дар Курск аз 50 ҳазор аскар гузашт

© AP / Ukraine's 65th Mechanised BrigadeУкраинские военнослужащие во время учений на полигоне в Запорожской области. Архивное фото
Украинские военнослужащие во время учений на полигоне в Запорожской области. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2025
Обуна шудан
Ба гузориши Вазорати дифоъ, режими Киев дар тӯли тамоми набардҳо дар ин самт беш аз 50 ҳазору 310 сарбози худро аз даст доданд
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Воҳидҳои низомии Русия дар манотиқи марзии вилояти Курск дар як рӯз беш аз 190 сарбози нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро нобуд карданд.
Дар ин бора Вазорати дифои Русия хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, артиши Украина ҳамзамон худрави зиреҳпӯши пиёданизом, ду мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, ҳамчунин тӯпхонаӣ ва чаҳор хумпораандоз ва як анбори тиру аслиҳаро талаф дод.
"Дар давоми рӯз талафоти Қувваҳои Мусаллаҳи Украина беш аз 190 нафар низомиён мошини ҷангии пиёда, мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, мошин ва тӯпхона ва чаҳор хумпораандоз ташкил додааст", - омадааст дар хабарнома.
Дар ҳамин ҳол, Киев 294 танк, 218 худрави ҷангии пиёданизом, 161 нафарбари зиреҳпӯш, 1517 зиреҳпӯш, 1435 мошин, 348 тӯпхонаро талаф дод.
Ҳамзамон душман дар ин самт, 44 системаи мушакӣ, аз ҷумла 13 HIMARS ва 6 MLRS истеҳсоли ИМА, 16 системаҳои зиддимушакии зиддиҳавоӣ, 8 мошини борбардор, 90 истгоҳи ҷанги электронӣ, ва ғайраро аз даст дод.
Новые освобожденные территории в ДНР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.01.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба фурудгоҳҳои низомии Украина зарба заданд
Ба гузориши ин ниҳод, режими Киев дар тӯли тамоми набардҳо дар ин самт беш аз 50310 сарбози худро аз даст доданд.
"Амалиёти нобудсозии воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина идома дорад", - таъкид мешавад дар паёми вазорат
Ёдовар мешавем, ки иғвои мусаллаҳонаи Киев ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 август оғоз шуд. Дар ин минтақа режими фавқулоддаи федералӣ амал мекунад ва борҳо таҳдиди мушакӣ эълом шудааст. Зиёда аз сад ҳазор сокинон ба ҷои амн тахлия шуда, барои онҳо дар дигар минтақаҳо марказҳои ҷойи иқомати муваққатӣ боз шудааст.
Чанде пеш Владимир Путин таъкид кард ки Киев бо ҳамла ба вилояти Курск мехост, ҳамлаи Русия дар Донбассро рафъ кунад, аммо ҳеҷ коре аз дасташ наомад, гуфт президенти Русия Владимир Путин.
"Ҳадафи душман ин буд, ки моро асабонӣ, ба шӯр андозад ва нерӯҳоямонро аз як минтақа ба минтақаи дигар интиқол диҳем ва бо ҳамин тартиб ҳамлаи моро дар самтҳои калидӣ, пеш аз ҳама дар Донбасс боздоранд. Озодсозии Донбасс ҳадафи аввалиндараҷаи мост", - гуфт Путин.
Президенти Русия Владимир Путин илова кард, ки, душман мавқеъҳои худро дар самтҳои муҳим дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ заиф кардааст.
Лентаи хабарҳо
0