https://sputnik.tj/20241226/bozkhond-ijozatnomai-fond-qarzii-khurdi-solihin-bonki-milli-1065670624.html
Бозхонди иҷозатномаи Фонди қарзии хурди “Солиҳин” аз сӯйи Бонки миллӣ
Бозхонди иҷозатномаи Фонди қарзии хурди “Солиҳин” аз сӯйи Бонки миллӣ
Sputnik Тоҷикистон
Масъулини Бонки миллӣ дархости Фонди қарзии хурди “Солиҳин” дар бораи бозхонди иҷозатнома ва барҳамдиҳии ихтиёрӣ қонеъ кард
2024-12-26T15:41+0500
2024-12-26T15:41+0500
2024-12-26T15:41+0500
дар тоҷикистон
молия
бонк
иҷозатнома
бмт
бонки миллӣ
бозхонд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826263_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_df2a1dae6fcfcf523709aafe73523c6a.jpg
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ дар бораи бозхонди иҷозатномаи Фонди қарзии хурди “Солиҳин” хабар дод.Тибқи иттилои манбаъ, Фонди мазкур барои анҷом додани амалиёти бонкӣ дигар иҷозат надорад.“Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дархости Фонди қарзии хурди “Солиҳин” оид ба бозхонди иҷозатнома ва барҳамдиҳии ихтиёрӣ қонеъ карда шуд”, - қайд кардааст БМТ.Бонуи миллӣ қайд кардааст, ки иҷозатномаи ФҚХ “Солиҳин” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ аз аз 10 майи соли 2013, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2013, дода шудааст, бозхонд ва аз эътибор соқит гардид.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Бонки миллии Тоҷикистон бинобар аз ҷониби ҶДММ ТАҚХ “Тамвил” риоя накардани тартиби барҳамдиҳии ихтиёрӣ дар он расмиёти барҳамдиҳии маҷбурӣ оғоз гкарда буд.Бонки миллии Тоҷикистон барои барҳамдиҳии маҷбурӣ ба додгоҳ ариза пешниҳод хоҳад кард.“ҶДММ ТАҚХ “Тамвил” қоидаҳо ва тартиботе, ки қавонин муқаррар кардааст сари вақт иҷро накард ва ба ҳамин хотир БМТ мутобиқи қавонин барои барҳамдиҳии маҷбурӣ ба додгоҳ муроҷиат хоҳад кард”, - иттилоъ доданд ба Sputnik Тоҷикистон аз Бонки миллӣ.Дар ҳоли ҳозир, ба иттилои БМТ дар қаламрави Тоҷикистон 24 Фонди қарзии хурд фаъолият дорад.
https://sputnik.tj/20240229/bmt-vaz-intiqol-sistema-contact-nazorat-1061873639.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826263_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_1ca53e0c2ff464e6bde609375f319528.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, бонки миллӣ, бозхондзатнома, фонди қарзии хурд, молия
тоҷикистон, бонки миллӣ, бозхондзатнома, фонди қарзии хурд, молия
Бозхонди иҷозатномаи Фонди қарзии хурди “Солиҳин” аз сӯйи Бонки миллӣ
Масъулини Бонки миллӣ дархости Фонди қарзии хурди “Солиҳин” дар бораи бозхонди иҷозатнома ва барҳамдиҳии ихтиёрӣ қонеъ кард
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ дар бораи бозхонди иҷозатномаи Фонди қарзии хурди “Солиҳин” хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, Фонди мазкур барои анҷом додани амалиёти бонкӣ дигар иҷозат надорад.
“Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дархости Фонди қарзии хурди “Солиҳин” оид ба бозхонди иҷозатнома ва барҳамдиҳии ихтиёрӣ қонеъ карда шуд”, - қайд кардааст БМТ.
Бонуи миллӣ қайд кардааст, ки иҷозатномаи ФҚХ “Солиҳин” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ аз аз 10 майи соли 2013, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2013, дода шудааст, бозхонд ва аз эътибор соқит гардид.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Бонки миллии Тоҷикистон бинобар аз ҷониби ҶДММ ТАҚХ “Тамвил” риоя накардани тартиби барҳамдиҳии ихтиёрӣ дар он расмиёти барҳамдиҳии маҷбурӣ оғоз гкарда буд.
Бонки миллии Тоҷикистон барои барҳамдиҳии маҷбурӣ ба додгоҳ ариза пешниҳод хоҳад кард.
“ҶДММ ТАҚХ “Тамвил” қоидаҳо ва тартиботе, ки қавонин муқаррар кардааст сари вақт иҷро накард ва ба ҳамин хотир БМТ мутобиқи қавонин барои барҳамдиҳии маҷбурӣ ба додгоҳ муроҷиат хоҳад кард”, - иттилоъ доданд ба Sputnik Тоҷикистон аз Бонки миллӣ.
Дар ҳоли ҳозир, ба иттилои БМТ дар қаламрави Тоҷикистон 24 Фонди қарзии хурд фаъолият дорад.