БМТ вазъи интиқолро тавассути системаи Contact назорат мекунад

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание Душанбе-плаза
Здание Душанбе-плаза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.02.2024
Обуна шудан
Танзимгари Тоҷикистон бо намояндагони системаи Contact дар тамос аст ва барои иҷрои уҳдадориҳои худ дар назди шаҳрвандон талош мекунад
ДУШАНБЕ, 29 фев — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон вазъи низоми интиқоли пулҳои Contact-ро таҳти назорат гирифт, ки иҷозатномаи оператори он бонки Qiwi-ро дар Русия бозхонд карданд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти БМТ хабар додааст.
Ин ниҳод гуфтааст, ки кӯшиш мекунад, операторони система ӯҳдадориҳои худро дар назди муштариёне, ки қабл аз лағви иҷозатнома маблағ интиқол додаанд, иҷро кунанд.
"Ба маълумоти шумо мерасонем, ки дар гирифтани маблағҳои интиқолшуда тавассути ин низом мушкилот вуҷуд дорад. Бонки миллӣ вазъро таҳти назорат гирифта, бо намояндагони ин система дар тамос аст ва барои иҷрои уҳдадориҳои худ дар назди шаҳрвандон талош дорад", - омадааст дар изҳорот.
Тавре Бонки марказии Русия қаблан қайд карда буд, пас аз лағви муҷаввиз фаъолияти низоми пардохти Contact дар тамоми кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, маҳдуд шуд.
Дар баробари ин, дар мушкили гирифтани маблағе, ки аллакай интиқол дода шудаанд, вуҷуд дорад.
Здание Душанбе-плаза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2024
Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвилро поин бурд
Бонки марказии Федератсияи Русия иҷозатномаи амалиёти бонкиро аз Qiwi Bank санаи 21 феврали соли 2024 лағв кард.
Ташкилоти қарзӣ дар системаи бонкии Русия ҷои 89-умро ишғол кард.
Дар фаъолияти бонк ҳолатҳои вайрон кардани қонунгузорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди қонунигардонии даромадҳои аз ҷиноят содиршуда ошкор карда шуданд.
Лентаи хабарҳо
0