Ба Тоҷикистон барои сохтмони НБО “Роғун” 350 млн. доллар доданд

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаРаботы на плотине Рогунской ГЭС
Работы на плотине Рогунской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2024
Обуна шудан
Тоҷикистон барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба 350 миллион доллар грант дастрасӣ пайдо кард
ДУШАНБЕ, 19дек — Sputnik. Сохтмони НБО “Роғун” идома меёбад. Ба ҳукумати Тоҷикистон барои идомаи сохтмон 350 миллион доллар грант доданд.
Тавре дар сомонаи расмии Бонки Ҷаҳонӣ хабар дода шудааст, ин Бонк дар чаҳорчӯби марҳилаи аввали барномаи кумак ба Тоҷикистон барои таъмини молии иҷрои тарҳи нерӯгоҳи барқи обии Роғун гранти Анҷумани Байналмилалии Тавсеъаро ба маблағи 350 миллион доллар тасвиб кардааст.
"НБО "Роғун", ки иқтидори пешбинишудаи он 3 ҳазору 780 мегаватт аст, дастрасии ҳудуди 10 миллион нафар сокинони Тоҷикистонро ба нерӯи барқ ​​беҳтар намуда, камбуди нерӯи барқро, ки дар фасли сармо ба як амри маъмулӣ табдил ёфтааст, рафъ мекунад", - омадааст дар хабар.
Илова бар ин, ҳудуди 70 дарсади нерӯи барқи тавлиди нерӯгоҳи Роғун бо нархи дастрас ба Қазоқистон ва Узбекистон барои табдил додани тавлиди нерӯи барқ ​​бо истифода аз сӯзишвории истихроҷшаванда содир карда мешавад, ки ба ин васила партоби газҳои гулхонаӣ коҳиш дода мешаванд.
Линии электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2024
Барқи НБО “Роғун”-ро Қазоқистон ҳам мехарад: маълум шуд бо кадом нарху шароит
қайд карда шудааст, ки бо дарназардошти мураккабии лоиҳа, чораҳои назоратӣ такмил дода мешаванд, то татбиқи он мутобиқи стандартҳои олии байналмилалӣ ва пешбурди амалияи устувори молиявӣ, экологӣ ва иҷтимоӣ таъмин карда шаванд.
Ҳукумати Тоҷикистон ӯҳдадор шудааст, ки 3% фурӯши нерӯи барқро ба Барномаи умумимиллии "Тақсимоти фоида" барои маблағгузории дастгирии иҷтимоӣ барои табақаи камбизоат ва тавсеаи таъминоти иҷтимоии давлатӣ дар давраи сохтмон равона намояд.
Баъди ба охир расидани сохтмон ин ҳисса ба 5% мерасад. Дар назар аст, ки маблағҳои воридшуда барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти гуногуни иҷтимоии афзалиятноки табақаҳои осебпазири аҳолӣ дар доираи барномаҳои мавҷудаи кӯмаки иҷтимоӣ равона карда шаванд.
Дар гузориш омадааст, ки барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун 6 млрду 290 миллион доллар лозим аст, ки маблағгузории он аз ҳисоби даромадҳои лоиҳа, захираҳои дохилӣ ва шарикони рушд таъмин хоҳад шуд.
Қайд карда шудааст, ки сармоягузорӣ ба НБО Роғун имкон медиҳад ба сохтмони ин нерӯгоҳ 2,97 миллиард доллар грантҳо ва маблағгузории боимтиёз аз як гурӯҳи шарикон ва сармоягузорони рушд ҷалб карда шавад.
Рогунская ГЭС  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2024
НБО Роғун баҳрабардорӣ аз потенсиали нерӯи барқи обии Тоҷикистонро то 8% афзоиш медиҳад
Чунин дастгирии дастаҷамъона метавонад ба кишвар дар ислоҳоти иқтисодӣ кумак намояд ва маблағҳои буҷети давлатӣ, ки қаблан барои ин лоиҳа ҷудо карда шуда буд озод намояд
Гуфта мешавад, ки он ҳамчунин хатари бӯҳрони қарзи кишварро коҳиш медиҳад, ки метавонад дурнамои рушди онро зери хатар гузорад.
Нерӯгоҳи Роғун амнияти об ва устувории иқлимро дар тамоми минтақа тақвият хоҳад дод. Нерӯгоҳи Роғун бо истифода аз ҳаҷми обанбори худ барои ҳифзи иншооти обии поёноб ва қаламравҳо аз обхезии шадид мусоидат хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0