НБО Роғун баҳрабардорӣ аз потенсиали нерӯи барқи обии Тоҷикистонро то 8% афзоиш медиҳад

© Sputnik / Стас ЭтвешРогунская ГЭС
Рогунская ГЭС  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2024
Обуна шудан
Вазири энергетикаи тоҷикистон мегӯяд, ки Тоҷикистон бо бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун баҳрабардорӣ аз потенсиали нерӯи барқи обиашро афзоиш медиҳад
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Сохти нерӯгоҳи Роғун баҳрабардорӣ аз потенсиали нерӯи барқи обии Тоҷикистонро то 8 дарсад афзоиш медиҳад, гуфт Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захоири обии Тоҷикистон дар ҳамоиши сармоягузории гузариши энержӣ ба Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP29).
"Тоҷикистон дар қатори шаш кишвари пешрафтаи ҷаҳон аз лиҳози дорои потенсиали нерӯи барқи обӣ мебошад, аммо тибқи омор танҳо 4% ин иқтидор истифода мешавад, ки бо ба кор андохтани нерӯгоҳи барқи обии Роғун ин рақам то 8% афзоиш хоҳад ёфт. Лоиҳаи неругоҳи барқи обии Роғун на танҳо маблағгузории омехта, балки сармоягузории назарраси давлатиро низ дар назар дорад”, - гуфт ӯ.
Вай таъкид кард, ки барои баланд бардоштани сатҳи истифодаи иқтидори обӣ талош ва ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ зарур аст.
Солнечные панели. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2024
Дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои бодӣ ва офтобӣ зиёд мешаванд
"Ман аз дидани намояндагони шарикони байналмиллалии рушд дар ин ҷо шодам, ки ҷалби чунин сармояҳоро дастгирӣ мекунанд”, қайд кард вазири тоҷик.
Қобили зикр аст, ки рӯзи 11 ноябр дар шаҳри Боку Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP29) ба кор шурӯъ кард.
Аввалин чорабинии COP дар моҳи марти соли 1995 дар Берлин баргузор шуд ва котиботи он дар Бонн ҷойгир аст.
Лентаи хабарҳо
0