https://sputnik.tj/20241118/barqi-nbo-roghun-qazoqiston-mekharad-narkhu-sharoit-1065157283.html
Барқи НБО “Роғун”-ро Қазоқистон ҳам мехарад: маълум шуд бо кадом нарху шароит
Барқи НБО “Роғун”-ро Қазоқистон ҳам мехарад: маълум шуд бо кадом нарху шароит
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи лоиҳаи созишномае, ки нашр шудааст қимати барқи НБО “Роғун” барои Қазоқистон ҳамагӣ 3,4 сентро ташкил хоҳад дод
2024-11-18T15:51+0500
2024-11-18T15:51+0500
2024-11-18T15:51+0500
дар тоҷикистон
нбо "роғун"
барқ
энергетика
қазоқистон
фурӯш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1b/1039793582_0:0:3135:1764_1920x0_80_0_0_a9c4ada1ed018560ad57732dfde93004.jpg
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Ахиран дар сомонаи вазорати адлияи кишвар лоиҳаи созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва Қазоқистон дар бораи ҳамкорӣ дар бахши барқу энергетика ба нашр расид.Тибқи ин лоиҳа, интиқоли нерӯи барқи пешбинишудаи Роғун тавассути хатҳои интиқоли барқи байнидавлатӣ бо назардошти имконоти фаннии кишварҳои ҳамсоя барои транзит сурат мегирад."Маркази ҳисоббаробаркунию молиявии дастгирии энергияи барқароршаванда", ки як созмони тобеи Вазорати энергетикаи Қазоқистон мебошад, тибқи созишнома дар бораи интиқоли нерӯи барқ бо ҶСК "НБО Роғун" шартнома мебандад.Мӯҳлати шартнома 20 сол бо имкони тамдиди 10 сол мебошад.Таъмини нерӯи барқи ба нақша гирифташуда аз НБО Роғун танҳо дар давраи норасоӣ дар минтақаи шимолу ҷанубии Низоми ягонаи барқи Қазоқистон сурат мегирад.Ҳаҷми тахминии интиқоли нерӯи барқи пешбинишуда, ки дар шартнома нишон дода мешавад, барои ба вуҷуд омадани ӯҳдадориҳои молиявӣ ё дигар ӯҳдадориҳои байни фурӯшанда ва харидор асос намегардад.Транзити нерӯи барқ ба марзи Қазоқистон аз ҷониби ҶСК "НБО Роғун" амалӣ карда мешавад.Арзиши нерӯи барқи ба нақша гирифташуда аз ҶСК "НБО Роғун" ба андозаи 3,4 сент барои 1 киловатт-соат (бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда, бо фоизи сифр пардохта мешавад) ҳаҷм тибқи ҷадвалҳои тасдиқшудаи интиқоли ҳаррӯза муайян карда мешавад.Арзиши транзит дар асоси харочоти фурушанда хангоми транзити неруи барк дар мкишварҳои хамсояи Осиёи Марказӣ то сархади Казокистон муайян карда мешавад (бо шарти тасдиқи хароҷоти фурӯшанда).Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун дар замони Шӯравӣ таҳия ва корҳои сохтмонӣ ҳамон вақт оғоз ёфта буд. Аммо ба далели ҷанги шаҳрвандӣ, надоштани пул ва ҳам мухолифати кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ ҳукумати Тоҷикистон натавонист, онро такмил кунад ва танҳо соли 2016 ба сохтмони асосии он шурӯъ намуд.Нерӯгоҳи Роғун 6 чарха хоҳад дошт ва дар сурати пурра ба кор даромаданаш солона то 17 миллиард киловатт-соат барқ тавлид хоҳад кард, ки ба қавли мақомот, на танҳо барои истифода дар дохили кишвар, балки барои содир кардан ба Афғонистону Покистон ҳам кофӣ хоҳад буд.
https://sputnik.tj/20241115/nbo-roghun-potensiali-nerui-barqi-obii-tojikiston-afzoish-1065132714.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1b/1039793582_196:0:2927:2048_1920x0_80_0_0_1c07bf4ecbc2c6a4d0d8f4bcb3a9f7c6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, нбо роғун, барқ, фурӯш, қазоқистон, лоиҳа, созишнома
тоҷикистон, нбо роғун, барқ, фурӯш, қазоқистон, лоиҳа, созишнома
Барқи НБО “Роғун”-ро Қазоқистон ҳам мехарад: маълум шуд бо кадом нарху шароит
Тибқи лоиҳаи созишномае, ки нашр шудааст қимати барқи НБО “Роғун” барои Қазоқистон ҳамагӣ 3,4 сентро ташкил хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Ахиран дар сомонаи вазорати адлияи кишвар лоиҳаи созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва Қазоқистон дар бораи ҳамкорӣ дар бахши барқу энергетика ба нашр расид.
Тибқи ин лоиҳа, интиқоли нерӯи барқи пешбинишудаи Роғун тавассути хатҳои интиқоли барқи байнидавлатӣ бо назардошти имконоти фаннии кишварҳои ҳамсоя барои транзит сурат мегирад.
"Маркази ҳисоббаробаркунию молиявии дастгирии энергияи барқароршаванда", ки як созмони тобеи Вазорати энергетикаи Қазоқистон мебошад, тибқи созишнома дар бораи интиқоли нерӯи барқ бо ҶСК "НБО Роғун" шартнома мебандад.
Мӯҳлати шартнома 20 сол бо имкони тамдиди 10 сол мебошад.
Таъмини нерӯи барқи ба нақша гирифташуда аз НБО Роғун танҳо дар давраи норасоӣ дар минтақаи шимолу ҷанубии Низоми ягонаи барқи Қазоқистон сурат мегирад.
Ҳаҷми тахминии интиқоли нерӯи барқи пешбинишуда, ки дар шартнома нишон дода мешавад, барои ба вуҷуд омадани ӯҳдадориҳои молиявӣ ё дигар ӯҳдадориҳои байни фурӯшанда ва харидор асос намегардад.
Транзити нерӯи барқ ба марзи Қазоқистон аз ҷониби ҶСК "НБО Роғун" амалӣ карда мешавад.
Арзиши нерӯи барқи ба нақша гирифташуда аз ҶСК "НБО Роғун" ба андозаи 3,4 сент барои 1 киловатт-соат (бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда, бо фоизи сифр пардохта мешавад) ҳаҷм тибқи ҷадвалҳои тасдиқшудаи интиқоли ҳаррӯза муайян карда мешавад.
Арзиши транзит дар асоси харочоти фурушанда хангоми транзити неруи барк дар мкишварҳои хамсояи Осиёи Марказӣ то сархади Казокистон муайян карда мешавад (бо шарти тасдиқи хароҷоти фурӯшанда).
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун дар замони Шӯравӣ таҳия ва корҳои сохтмонӣ ҳамон вақт оғоз ёфта буд. Аммо ба далели ҷанги шаҳрвандӣ, надоштани пул ва ҳам мухолифати кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ ҳукумати Тоҷикистон натавонист, онро такмил кунад ва танҳо соли 2016 ба сохтмони асосии он шурӯъ намуд.
Нерӯгоҳи Роғун 6 чарха хоҳад дошт ва дар сурати пурра ба кор даромаданаш солона то 17 миллиард киловатт-соат барқ тавлид хоҳад кард, ки ба қавли мақомот, на танҳо барои истифода дар дохили кишвар, балки барои содир кардан ба Афғонистону Покистон ҳам кофӣ хоҳад буд.