https://sputnik.tj/20241119/tojikiston-malayziya-voridotu-sodirot-halol-barrasi-1065173805.html
Тоҷикистону Малайзия масъалаи воридоту содироти маҳсулоти "ҳалол"-ро баррасӣ карданд
Тоҷикистону Малайзия масъалаи воридоту содироти маҳсулоти "ҳалол"-ро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Малайзия рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорату иқтисодро яке аз самтҳои асосии тадбирҳои муштараки ду кишвар донистанд
2024-11-19T15:43+0500
2024-11-19T15:43+0500
2024-11-19T16:23+0500
дар тоҷикистон
малайзия
ҳамкорӣ
ҳалол
воридот
содирот
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/13/1065174229_140:234:940:684_1920x0_80_0_0_fceee01c16d9b067948f58b157d922f1.jpg
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Куала Лумпури Малайзия дар ҳошияи Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Малайзия мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо Президенти Федератсияи байналмилалии палатаи савдои Малайзия хонум Кристина Ти баргузор гардид.Дар ин бора Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ таъкид шудааст, ки Тоҷикистон бо мақсади роҳ ёфтан ба бозорҳои сармоя, технология ва маҳсулоти саноатӣ рушду таҳкими ҳамкории мутақобили садмандро бо кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ аз самтҳои афзалиятнок меҳисобад.Дар вохӯрӣ инчунин масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ байни палатаҳои савдо ва саноати ду давлат дар самти дастгирии тиҷорат ва амалиёти содиротиву воридотӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар робита ба воридоту содироти маҳсулоти тамғаи "ҳалол" дар бозорҳои Тоҷикистон ва Малайзия баррасӣ шуд.Ҳамчунин тарафҳо дар бораи ҷалби сармоя ва ташкили корхонаҳои муштарак табодули афкор карда шуд.Қайд карда шудааст, ки ҷонибҳо барои таҳкими робитаҳои тиҷоратию сармоягузорӣ ва табодули сафарҳои тоҷирону сармоягузорон бобати омӯзиши имконияти ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт ба мувофиқа расиданд.Дар ҳошияи форум ҳайати мамлакат барои тавсеа ва таҳкими ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ инчунин мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода ва намояндагони дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ бо Вазири молияи Малайзия Датук Сери Амир Ҳамза Азизан баргузор гардид.Зимни мулоқот маҷмуи масъалаҳо вобаста ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла ҷалби сармояи мустақим аз Малайзия ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар самтҳои иқтисоди “сабз”, энергетика, манбаҳои неруи таҷдидпазир, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок ва коркарди ашёи хом мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.Зимни вохӯрии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо муовини Вазири сармоягузорӣ, савдо ва саноати Малайзия Лю Чин Тон масъалаҳои вобаста ба иштирок ва мусоидати доираҳои соҳибкорию сармоягузории Малайзия дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги иқтисодию иҷтимоӣ дар Тоҷикистон муҳокима шуданд.Ҷонибҳо доир ба ҷалби сармояи Малайзия ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллии Тоҷикистон, аз ҷумла саноати сабук, нассоҷӣ, саноати дорусозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, маъданҳо, энергетика, сайёҳӣ ва технологияҳои иттилоотӣ табодули афкор намуданд.
https://sputnik.tj/20230506/gardish-savdo-tojikiston-malayziya-afzud-1056940128.html
https://sputnik.tj/20230504/tojiron-malayziya-rusiya-uzbekiston-eron-hinduston-dushanbe-1056879577.html
малайзия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/13/1065174229_88:55:961:710_1920x0_80_0_0_0632f8c21d349b9abc107c1ad881aa96.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, малайзия, маҳсулот, ҳалол, содирот, воридот, иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ
тоҷикистон, малайзия, маҳсулот, ҳалол, содирот, воридот, иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ
Тоҷикистону Малайзия масъалаи воридоту содироти маҳсулоти "ҳалол"-ро баррасӣ карданд
15:43 19.11.2024 (Навсозишуда: 16:23 19.11.2024) Тоҷикистону Малайзия рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорату иқтисодро яке аз самтҳои асосии тадбирҳои муштараки ду кишвар донистанд
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Куала Лумпури Малайзия дар ҳошияи Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Малайзия мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо Президенти Федератсияи байналмилалии палатаи савдои Малайзия хонум Кристина Ти баргузор гардид.
Дар ин бора Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ таъкид шудааст, ки Тоҷикистон бо мақсади роҳ ёфтан ба бозорҳои сармоя, технология ва маҳсулоти саноатӣ рушду таҳкими ҳамкории мутақобили садмандро бо кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ аз самтҳои афзалиятнок меҳисобад.
Дар вохӯрӣ инчунин масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ байни палатаҳои савдо ва саноати ду давлат дар самти дастгирии тиҷорат ва амалиёти содиротиву воридотӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар робита ба воридоту содироти маҳсулоти тамғаи "ҳалол" дар бозорҳои Тоҷикистон ва Малайзия баррасӣ шуд.
Ҳамчунин тарафҳо дар бораи ҷалби сармоя ва ташкили корхонаҳои муштарак табодули афкор карда шуд.
Қайд карда шудааст, ки ҷонибҳо барои таҳкими робитаҳои тиҷоратию сармоягузорӣ ва табодули сафарҳои тоҷирону сармоягузорон бобати омӯзиши имконияти ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт ба мувофиқа расиданд.
Дар ҳошияи форум ҳайати мамлакат барои тавсеа ва таҳкими ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ инчунин мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода ва намояндагони дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ бо Вазири молияи Малайзия Датук Сери Амир Ҳамза Азизан баргузор гардид.
Зимни мулоқот маҷмуи масъалаҳо вобаста ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла ҷалби сармояи мустақим аз Малайзия ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар самтҳои иқтисоди “сабз”, энергетика, манбаҳои неруи таҷдидпазир, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок ва коркарди ашёи хом мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.
Зимни вохӯрии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо муовини Вазири сармоягузорӣ, савдо ва саноати Малайзия Лю Чин Тон масъалаҳои вобаста ба иштирок ва мусоидати доираҳои соҳибкорию сармоягузории Малайзия дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги иқтисодию иҷтимоӣ дар Тоҷикистон муҳокима шуданд.
Ҷонибҳо доир ба ҷалби сармояи Малайзия ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллии Тоҷикистон, аз ҷумла саноати сабук, нассоҷӣ, саноати дорусозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, маъданҳо, энергетика, сайёҳӣ ва технологияҳои иттилоотӣ табодули афкор намуданд.