https://sputnik.tj/20230506/gardish-savdo-tojikiston-malayziya-afzud-1056940128.html
Гардиши савдо миёни Тоҷикистон ва Малайзия афзуд
Гардиши савдо миёни Тоҷикистон ва Малайзия афзуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд, ки дар он масъалаи таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ ва саноатӣ баррасӣ шуд
2023-05-06T20:30+0500
2023-05-06T20:30+0500
2023-05-06T20:40+0500
дар тоҷикистон
малайзия
савдо
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/19/1053056339_314:415:3217:2048_1920x0_80_0_0_f30b8c5865bc2cbe0539068c5a9e25b4.jpg
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Тоҷикистон қасд дорад ҳамкориҳоро дар заминаи соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя бо Малайзия таҳким диҳад. Чунин изҳорот дар ҳамоиши тиҷоратии ду кишвар, ки дар он соҳибкорону сармоягузорон ширкат доштанд, садо дод, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон. Дар ҳамин ҳол, дар соли 2022 ҳаҷми муомилоти мутақобила 2,9 млн долларро ташкил дода, нисбат ба соли 2021, 4 ҳазор доллар афзоиш ёфтааст. Вай афзуд, ки ҳамасола ҳукумати Тоҷикистон тартиби сармоягузорӣ ва оғози тиҷорат дар кишварро соддатар мекунад. Яке аз ҳадафҳои аслии ин чорабинӣ бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ ва саноатӣ мебошад.Доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Малайзия дар ин ҳамоиш самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар бахшҳои саноат, фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ, гардишгарӣ, тиб ва хидматрасониро баррасӣ карданд.
малайзия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/19/1053056339_351:0:3082:2048_1920x0_80_0_0_34664b4173282c0d1ba50673e30d25c6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон малайзия гардиши савдо
тоҷикистон малайзия гардиши савдо
Гардиши савдо миёни Тоҷикистон ва Малайзия афзуд
20:30 06.05.2023 (Навсозишуда: 20:40 06.05.2023) Эксклюзив
Дар Душанбе ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд, ки дар он масъалаи таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ ва саноатӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Тоҷикистон қасд дорад ҳамкориҳоро дар заминаи соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя бо Малайзия таҳким диҳад.
Чунин изҳорот дар ҳамоиши тиҷоратии ду кишвар, ки дар он соҳибкорону сармоягузорон ширкат доштанд, садо дод, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
"Дар моҳҳои январ-марти соли 2023 гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Малайзия ба 1,5 млн доллар расид", - изҳор дошт Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ.
Дар ҳамин ҳол, дар соли 2022 ҳаҷми муомилоти мутақобила 2,9 млн долларро ташкил дода, нисбат ба соли 2021, 4 ҳазор доллар афзоиш ёфтааст.
Вай афзуд, ки ҳамасола ҳукумати Тоҷикистон тартиби сармоягузорӣ ва оғози тиҷорат дар кишварро соддатар мекунад. Яке аз ҳадафҳои аслии ин чорабинӣ бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ ва саноатӣ мебошад.
Доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Малайзия дар ин ҳамоиш самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар бахшҳои саноат, фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ, гардишгарӣ, тиб ва хидматрасониро баррасӣ карданд.