Тоҷирони Малайзия, Русия, Ӯзбекистон, Эрон ва Ҳиндустон ба Душанбе чӣ оварданд? - видео

Обуна шудан
Дар пойтахти кишвар дар Муассисаи давлатии "Кохи Борбад" Намоишгоҳи байналмилалии универсалии "Тоҷикистон-2023" ба кор оғоз кард
Ба иттилои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар намоишгоҳ беш аз 60 ширкати молистеҳсолкунанда ва хизматрасони ватанӣ ва хориҷӣ аз давлатҳои Малайзия, Русия, Ӯзбекистон, Эрон ва Ҳиндустон иштирок доранд.
Иштирокчиёни намоишгоҳ дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла саноати сабук, кишоварзӣ, фармасевтика ва ороиши гигиенӣ, хӯрокворӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, истеҳсоли чароғаки роҳнамо ва ғайра молу маҳсулоти худро барои намоиш ва фурӯш пешкаши харидорону меҳмонон менамоянд.
Оғози Намоишгоҳи байналмилалии универсалии "Тоҷикистон-2023" дар Душанбе
Намоишгоҳи байналмилалии универсалии "Тоҷикистон-2023" аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати мамлакат амалӣ гардида истодааст.
Намоишгоҳи байналмилалии унверсалии "Тоҷикистон-2023" то 7 май идома меёбад.
Лентаи хабарҳо
0