Ҳавлиҳои моро вайрон накунед: шикояти сокинони як ҷамоати Суғд ва шарҳи масъулин – видео

Обуна шудан
Сокинони ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ширкати сохтмонӣ шикоят доранд ва мегуянд, масъулин бо қабули қарор шароити зисти онҳоро нодида гирифтаанд
Сокинон мегуянд, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёва то ҳанӯз ташноб (канализатсия), обу хатти барқи кофӣ вуҷуд надорад, аммо як ширкати сохтмонӣ мехоҳад онҳоро иҷборан куч дода ва аз ҳисоби замини ба ҳавлии онҳо таалуқдошта кӯшиши сохтмон карданро дорад.
Истиқоматкунандагон иддао доранд, ки масъулони ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шароити нокофии коммуналӣ ва ба ин тартиб номутобиқатии сохтмони иморати баландошёна дар маҳаллаи онҳоро ба назари эътибор намегиранд.
Бино ба иттилоъи дарёфтӣ, раиси ноҳияи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Салимзода, санаи 15 июли соли 2024, № 309 ба ҶДММ “Тоҷик муосир сохтмон” барои сохтмони бинои истиқоматии баландошёна ба масоҳати 3 303, 0 мм аз кӯчаи Ёваи ҷамоати деҳоти Ёва қарор содир кардааст.
Дар Хуҷанд Боғи Ғалаба ва Қароргоҳи президент навсозӣ мешаванд
Ҳабиба Шарипова, сокини ҷамоати Ёва мегуяд, дар вақти қабули чунин қарор на ӯ ва на дигар ҳамсояҳояшро ҳеҷ касе аз масъулони ҳукумат огоҳ накарда ва шароити зисти онҳоро ба эътибор нагирифтааст.
“Мо дар ин ҳавлӣ 15 нафар келину фарзандону наберагон зиндагӣ мекунем. Дар ҳамин манзил ба наздикӣ набераамро туй карданием. Бо ин қадар аъзои оила мо куҷо равем? Мо дар дигар ҷой хона надорем. Чаро дидаву дониста ҳавлиро вайрон карда мехоҳанд моро сарсон кунанд?” – исрор меварзад, Шарипова.
Ин сокини ҷамоати Ёва гуфт, дар посух ба муроҷиатҳои ба такрораш раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода дар бораи мавҷуд набудани канализатсия ва обу хати барқи алоҳидаро номбар карда ба ҳамин далелҳо дар бораи тахриб нашудани ҳавлии онҳо ба ҷойи бинои навсохташаванда ваъда додааст, аммо бо ин вуҷуд дар ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров то ҳанӯз талош доранд, ширкати сохтмонӣ аз ҳисоби замини ҳавлии онҳо корашро оғоз кунад.
Заҳмату харҷ зиёду қиматаш ночиз: Нигаронии кишоварзони Суғд аз пиёзпарварӣ - видео
Далер Қаҳҳорзода, раиси ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар бораи мушкили шароити танготанги манзил ишора карда гуфт, ки бартарафсозии ин мушкили иҷтимоӣ дар оянда аз ҳисоби бунёди хонаҳои ошёнадор имконпазир хоҳад шуд.
Қаҳҳорзода таъкид кард, ки дар ҳоли оғоз шудани сохтмон аз ҳисоби ҳавилии сокинон, ширкати сохтмонӣ уҳдадор мешавад, ки онҳо хонаҳои алоҳида тақдим намояд. Аммо ӯ, дар ҳоли ҳозир мавҷуд набудани инфрасохтор барои бунёди бинои истиқоматӣ ошёнадор дар ҳудуди ҷамоатро таъкид кард.
“Ба масъулони ширкати сохтмонӣ фаҳмонида будем, ки чизи аз ҳама асосӣ канализатсия аст, баъд обу барқ ду чизи дигар муҳим мебошад, ки алҳол чунин шароит мавҷуд нест” – гуфт, раиси ҷамоати Ёва.
Дар ҳамин ҳол, Икром Азизов, сокини дигари ҷамоати Ёва дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон изҳор намуд, кӯчаи марказии Ёва беш аз чаҳор километр тул дорад, аммо масъулони ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ширкати “Тоҷик муосир сохтмон” танҳо ба замини ҳавлиҳои меросии онҳо “чашм ало” кардаанд.
“Адрасмон” сармоягузор меҷӯяд
“Ин ҷо дигарҳо ҳам зиндагӣ мекунанд, вале ҳеҷ кас на масъулини ҳукумат ва на ширкати сохтмонӣ ба онҳо кордор нашуда, танҳо ба ҳавлии 5 – 6 мо ҳамсояҳо дар миёни кӯча дарафтодаанд. Раисон медонанд, ки дар ҳудуди ҷамоат ҷойҳо нообод бисёр аст, ширкатҳо раванд дар ҳамон ҷойҳо сохтмон карда обод кунанд” – зикр кард, Азизов.
Сокиноне дар ҷамоати Ёва изҳори нигаронӣ мекунанд, ки масъулони ҳукумат манфияти як ширкати сохтмониро аз манфияти даҳҳо нафар сокиноне, ки даҳсолаҳо ба ин тараф дар хонаҳои меросии худ зиндагӣ мекунанд боло ҳисобида дар ҷое, аслан барои бунёди иморати бисёрошёна имконият мавҷуд набуда замин ҷудо кардаанд.
Қосим Исломов, сокини ҷамоати Ёва мегуяд, аз миёни кӯча ва он ҳам аз ҳисоби ҳавлии зисти онҳо ҷудо намудани қитъаи замин ба ширкати сохтмонӣ ҳолати дасткории масъулони ҳукуматро бармало мекунад.
“Оилаи 700 – нафара”: Дар корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия занон бо кор таъмин шуданд
“Сохтмон ҳам меъёрҳои худро дорад. Чаро бунёди биноҳои ошёнадор аз аввал ё охири кӯча шурӯъ нашуда танҳо аз миёнаи кӯчасар карда мешавад?, чаро ҷойҳои ноободи зиёд аст, вале ширкатҳои сохтмонӣ ба он ҷойҳо таваҷҷӯҳ намекунанд, чаро меҳнати чансолаи моро вайрон карданд мехоҳанд? – иброз намуд, Исломов.
Ин ва дигар сокинони ҷамоати Ёва мегуянд, агар дар замини ҳавлии онҳо сохтмони бинои баландошёна ба қоидаҳои сохтмонӣ мутобиқ бошад, онҳо қодиранд бинои нави ошёнаддорро ҳамсояҳо дар якҷоягӣ бунёд карда метавонанд.
Лентаи хабарҳо
0