https://sputnik.tj/20241014/korkhonai-mushtarak-tojikistonu-rusiya-zanon-or-tamin-1064709984.html
“Оилаи 700 – нафара”: Дар корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия занон бо кор таъмин шуданд
“Оилаи 700 – нафара”: Дар корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия занон бо кор таъмин шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Корхонаи навтаъсиси Тоҷикистону Русия “Ситораи тоҷ” дар Хуҷанд ҳудуди 700 зан бо ҷойи кор таъмин шуда, вазъи иқтисоди онҳо беҳтар гардидааст
2024-10-14T18:21+0500
2024-10-14T18:21+0500
2024-10-14T18:21+0500
видео
коргоҳ
занон
суғд
хуҷанд
русия
ҳамкорӣ
саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/0e/1064709806_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_df8ac58d9260558b8669d55b5f210fea.jpg
“Ситораи тоҷ” дар заминаи собиқ корхонаи “Зиннат” дар шаҳри Хуҷанд, ки солҳо ба ин тараф аз кор монда буд, бо сармоягузории ширкати “БТК групп” и Русия фаъол карда шуд.Зимнан ин яке аз бузургтарин коргоҳҳои саноӣ дар шимоли Тоҷикистон маҳсуб мешавад, либосҳои кории мардона аз қабили шиму котсюм, трикотаж ва нимтана (футболка) истеҳсол мекунад.Моли дар ин коргоҳ тавлидшуда ба хориҷи кишвар содир карда мешавад.Ин коргоҳ дар оғози моҳи сентябри соли ҷорӣ зимни сафари раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.Зимнан дар ин коргоҳ ҳудуди 700 зан аз шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои атрофи он бо ҷойи кор таъмин шудаанд.Дар Хуҷанд дар 9 моҳ 37 корхонаи нав бунёд шудааст“Ситораи тоҷ” дар заминаи собиқ корхонаи “Зиннат” дар шаҳри Хуҷанд, ки солҳо ба ин тараф аз кор монда буд, бо сармоягузории ширкати “БТК групп” и Русия фаъол карда шуд.Ҳукумати шаҳри Хуҷанд чанде пеш сафари матбуотӣ (пресс тур) ташкил кард ва рӯзноманигорон дар баробари дигар коргоҳҳои саноӣ аз набзи (пулс) и ин коргоҳи навтаъсиси Тоҷикистону Русия ҳам дидан карданд.Нигора Халилова, мудири шуъбаи истеҳсолии “Ситораи тоҷ” дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки моли дар ин коргоҳ тавлидшуда тибқи сифат ва меъёрҳои ҷаҳонӣ сурат гирифта он ба хориҷи кишвар содир карда мешавад.Ӯ, нақши ин коргоҳи муштараки саноиро дар рушди иқтисоди кишвар назаррас арзёбӣ кард.Чаро нархи чорво дар Тоҷикистон баланд шуд? - назари хариддорону фурӯшандаҳо - видео“Сармоягузории Русия барои бунёди ин корхонаи муштарак як ҷаҳиши назаррас ба иқтисодиёти кишвари мо аст. Барои мисол занҳо дар ин ҷо кор мекунанд, маош мегиранд ва ба ин васила вазъи зиндагии худро беҳтар мегардонанд” – таъкид кард, Халилова.Бар пояи маълумоти омори расмӣ давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли саноати коркард дар вилояти Суғд ба 7710, 8 млн сомонӣ баробар шудааст, ки 396 млн. сомонии он ба тавлидоти маҳсулоти нассоҷӣ ва дузандагӣ рос меояд.Бино ба иттилоъи ҳукумати вилояти Суғд давоми моҳҳои январ – июни соли 2024, ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд ба 1475, 6 млн доллар баробар шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9, 2 % ё 124, 8 млн доллар зиёд гуфта мешавад.Аз бунёди корхона то пайвастан ба низоми ягонаи энергетикӣ: Раҳмон аз пешравиҳои Суғд гуфтДар гардиши савдои хориҷии Суғд саҳми кишварҳои ИДМ (СНГ) 66 % ро ташкил медиҳад.Федератсияи Русия яке аз шарикони асосии рушди савдои хориҷии вилояти Суғд маҳсуб мешавад, ки нишондодҳои воридот ва содироти мол таносуби ру ба густариш дорад.
суғд
хуҷанд
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/0e/1064709806_480:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_6f37ff80fd4c9c3dd9bb5da95bbe0129.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, хуҷанд, суғд, саноат, занон, кор, таъмин, русия, корхона
видео, хуҷанд, суғд, саноат, занон, кор, таъмин, русия, корхона
“Оилаи 700 – нафара”: Дар корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия занон бо кор таъмин шуданд
Дар Корхонаи навтаъсиси Тоҷикистону Русия “Ситораи тоҷ” дар Хуҷанд ҳудуди 700 зан бо ҷойи кор таъмин шуда, вазъи иқтисоди онҳо беҳтар гардидааст
“Ситораи тоҷ” дар заминаи собиқ корхонаи “Зиннат” дар шаҳри Хуҷанд, ки солҳо ба ин тараф аз кор монда буд, бо сармоягузории ширкати “БТК групп” и Русия фаъол карда шуд.
Зимнан ин яке аз бузургтарин коргоҳҳои саноӣ дар шимоли Тоҷикистон маҳсуб мешавад, либосҳои кории мардона аз қабили шиму котсюм, трикотаж ва нимтана (футболка) истеҳсол мекунад.
Моли дар ин коргоҳ тавлидшуда ба хориҷи кишвар содир карда мешавад.
Ин коргоҳ дар оғози моҳи сентябри соли ҷорӣ зимни сафари раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Зимнан дар ин коргоҳ ҳудуди 700 зан аз шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои атрофи он бо ҷойи кор таъмин шудаанд.
“Ситораи тоҷ” дар заминаи собиқ корхонаи “Зиннат” дар шаҳри Хуҷанд, ки солҳо ба ин тараф аз кор монда буд, бо сармоягузории ширкати “БТК групп” и Русия фаъол карда шуд.
Ҳукумати шаҳри Хуҷанд чанде пеш сафари матбуотӣ (пресс тур) ташкил кард ва рӯзноманигорон дар баробари дигар коргоҳҳои саноӣ аз набзи (пулс) и ин коргоҳи навтаъсиси Тоҷикистону Русия ҳам дидан карданд.
Нигора Халилова, мудири шуъбаи истеҳсолии “Ситораи тоҷ” дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки моли дар ин коргоҳ тавлидшуда тибқи сифат ва меъёрҳои ҷаҳонӣ сурат гирифта он ба хориҷи кишвар содир карда мешавад.
Ӯ, нақши ин коргоҳи муштараки саноиро дар рушди иқтисоди кишвар назаррас арзёбӣ кард.
“Сармоягузории Русия барои бунёди ин корхонаи муштарак як ҷаҳиши назаррас ба иқтисодиёти кишвари мо аст. Барои мисол занҳо дар ин ҷо кор мекунанд, маош мегиранд ва ба ин васила вазъи зиндагии худро беҳтар мегардонанд” – таъкид кард, Халилова.
Бар пояи маълумоти омори расмӣ давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли саноати коркард дар вилояти Суғд ба 7710, 8 млн сомонӣ баробар шудааст, ки 396 млн. сомонии он ба тавлидоти маҳсулоти нассоҷӣ ва дузандагӣ рос меояд.
Бино ба иттилоъи ҳукумати вилояти Суғд давоми моҳҳои январ – июни соли 2024, ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд ба 1475, 6 млн доллар баробар шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9, 2 % ё 124, 8 млн доллар зиёд гуфта мешавад.
Дар гардиши савдои хориҷии Суғд саҳми кишварҳои ИДМ (СНГ) 66 % ро ташкил медиҳад.
Федератсияи Русия яке аз шарикони асосии рушди савдои хориҷии вилояти Суғд маҳсуб мешавад, ки нишондодҳои воридот ва содироти мол таносуби ру ба густариш дорад.