Заҳмату харҷ зиёду қиматаш ночиз: Нигаронии кишоварзони Суғд аз пиёзпарварӣ - видео

Обуна шудан
Кишоварзон дар шимоли Тоҷикистон дар бораи заҳмати сангину даромади ночиз аз пиёзпарварӣ изҳор намуданд
Деҳқонон мегуянд, сарфи назар аз таъсири омилҳои табии имсол ин навъи сабзавотро парвариш карданд, вале аз он нигаронанд, ки нархи аз ҳад ночизи он дар бозорҳо, эҳтимол заҳмати чандмоҳаи саҳро барояшон хароҷобор гардад.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба шаҳри Истаравшан яке аз минтақаҳои асосии пиёзпарварии Суғд сафар кард ва бо кишоварзон дар бораи кору заҳмати парвариши ин навъи сабзавот ҳамсуҳбат шуд.
Зуҳриддин Неъматуллоев, сокини деҳаи Зарҳалоли шаҳри Истаравшан мегуяд, соли ҷорӣ бо ранҷи зиёд парвариши пиёзро ба иҷро расониданд, вале ба фарқ аз соли гузашта ҳоло нархи он дар бозорҳо пасту ночиз аст.
Ҳавасмандии Чин ба истеҳсоли нерӯи барқ аз манбаъҳои табиӣ дар Суғд
“Соли гузашта ҳамин шабурӯз пиёз дар сари замин 2 сомонӣ буд, ҳоло 1, 2 сомонӣ аст. Агар ҳоло бо ин нарх фурӯшем, ҳатто ҳақи коргарони кирояро дода наметавонем ва мо зарар мекунем” – гуфт, деҳқон.
Дар навоҳии Суғд мавсими ғунучини ҳосил, умдатан моҳҳои сентябр ва октябр аст.
Дар оғози мавсим нархи маҳсулот назар ба фасли зимистон арзонтар ба фурӯш гузошта мешавад, ки ин тақазои талаботи бозор аст.
Аммо пиёзпарварон мегуянд, нархе, ки ҳоло ҳаст аз ҳар вақти дигар арзону ба дараҷае ночиз аст, ки он метавонад барои онҳо зиёновар хоҳад буд.
"Барқ нест, мавҷ нест": Сокинони рустоҳои Суғд дар бораи мушкили алоқаи мобилӣ мегуянд
Баъзе аз пиёзпарварон мегуянд, яке аз сабабҳои пастравии нархи пиёз ба коҳишёбии содироти сабзавот рабт медиҳанд.
Солҳои қаблӣ дар вилояти Суғд то 50 – 60 ҳазор тон пиёз ба хориҷи кишвар умдатан ба Русия содирот мешуд.
Бино ба иттилоъи Идораи кишварзӣ давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ аз вилояти Суғд 13, 3 ҳазор тон пиёз содир шудааст. Ин рақам дар муқоиса ба соли қаблӣ даҳҳо тон кам аст.
Роҳи хатарнок дар Суғд, ки ним аср боз таъмирро надидаст, кай обод мешавад?-видео
Пиёзи дар навоҳии Суғд парваришшуда, ҳоло ба бозорҳои ҳудуди вилоят ва шаҳри Душанбе ворид карда мешавад.
Деҳқонони пиёзпарвар умедворанд, ки бо гузашти андак фурсат нархи пиёз баланд мешавад ва онҳо аз ин ҳисоб даромад гирифта метавонанд.
Лентаи хабарҳо
0