https://sputnik.tj/20241112/khujand-boghi-ghalaba-qarorgohi-prezident-navsozi-1065080059.html
Дар Хуҷанд Боғи Ғалаба ва Қароргоҳи президент навсозӣ мешаванд
Дар Хуҷанд Боғи Ғалаба ва Қароргоҳи президент навсозӣ мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти шаҳри Хуҷанд ахиран ба раиси вилояти Суғд лоиҳаи азнавсозии бинои қароргоҳи роҳбари давлат ва Боғи ғалабаро пешниҳод кард
2024-11-12T11:59+0500
2024-11-12T11:59+0500
2024-11-12T11:59+0500
дар тоҷикистон
хуҷанд
сохтмон
иншоот
суғд
раҷаббой аҳмадзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/0b/1065077906_0:18:720:423_1920x0_80_0_0_8c72dc3ffc25cd8d7a33dc73444b38b9.jpg
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд Қароргоҳи нави президенти Тоҷикистон сохта мешавад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.Ба иттилои манбаъ, бунёди бинои нав ба ҷои бинои қаблии қароргоҳ дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон сурат мегирад.Тибқи лоиҳаи пешакӣ иншоот дорои толорҳои хурду бузург барои гузаронидани чорабиниҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ, мулоқоту вохӯриҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, қабули меҳмонон, меҳмонхона ва дигар инфрасохтори зарурӣ хоҳад шуд.Қайд карда шудааст, ки маҳалли ҷойгиршавии қароргоҳ, ки дар маркази шаҳри Хуҷанд аст, барои қабулу гусели меҳмонон низ мувофиқ мебошад.Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо тарҳи пешниҳодшуда ба лоиҳакашону меъморон барои боз ҳам такмил додани лоиҳаи биноҳои сохташаванда ва ба назар гирифтани санъати меъмории миллӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас додааст.Ҳамчунин дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ Боғи фарҳангию фароғатии "Ғалаба"-и шаҳри Хуҷанд, ки дар канори дарёи Сир ҷойгир аст таҷдиду навсозӣ мешавад.Лоиҳаи навсозии Боғи фарҳангию фароғатии "Ғалаба" –и шаҳри Хуҷанд низ ба роҳбарияти вилоят муаррифӣ карда шуд.Бодя қайд кард, ки боғ дар маҳаллаи серодами шаҳр ва илова бар ин дар канори дарёи Сир ҷойгир буда, бо навсозии он барои истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонон шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
https://sputnik.tj/20241102/khujand-nimpaykara-hakim-karim-nabard-leningrad-jon-dod-1064955447.html
хуҷанд
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/0b/1065077906_56:0:696:480_1920x0_80_0_0_9d240f191795d84d6d4f4917d13cc897.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, боғи ғалаба, қароргоҳи президент, сохтмон, иншоот, хуҷанд, суғд
тоҷикистон, боғи ғалаба, қароргоҳи президент, сохтмон, иншоот, хуҷанд, суғд
Дар Хуҷанд Боғи Ғалаба ва Қароргоҳи президент навсозӣ мешаванд
Мақомоти шаҳри Хуҷанд ахиран ба раиси вилояти Суғд лоиҳаи азнавсозии бинои қароргоҳи роҳбари давлат ва Боғи ғалабаро пешниҳод кард
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд Қароргоҳи нави президенти Тоҷикистон сохта мешавад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Ба иттилои манбаъ, бунёди бинои нав ба ҷои бинои қаблии қароргоҳ дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон сурат мегирад.
Тибқи лоиҳаи пешакӣ иншоот дорои толорҳои хурду бузург барои гузаронидани чорабиниҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ, мулоқоту вохӯриҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, қабули меҳмонон, меҳмонхона ва дигар инфрасохтори зарурӣ хоҳад шуд.
Қайд карда шудааст, ки маҳалли ҷойгиршавии қароргоҳ, ки дар маркази шаҳри Хуҷанд аст, барои қабулу гусели меҳмонон низ мувофиқ мебошад.
Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо тарҳи пешниҳодшуда ба лоиҳакашону меъморон барои боз ҳам такмил додани лоиҳаи биноҳои сохташаванда ва ба назар гирифтани санъати меъмории миллӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас додааст.
Ҳамчунин дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ Боғи фарҳангию фароғатии "Ғалаба"-и шаҳри Хуҷанд, ки дар канори дарёи Сир ҷойгир аст таҷдиду навсозӣ мешавад.
Лоиҳаи навсозии Боғи фарҳангию фароғатии "Ғалаба" –и шаҳри Хуҷанд низ ба роҳбарияти вилоят муаррифӣ карда шуд.
Бодя қайд кард, ки боғ дар маҳаллаи серодами шаҳр ва илова бар ин дар канори дарёи Сир ҷойгир буда, бо навсозии он барои истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонон шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.