https://sputnik.tj/20241105/barq-nest-mavj-nest-sokinon-rustoho-sugd-mushkil-aloqa-mobili-1064984955.html
"Барқ нест, мавҷ нест": Сокинони рустоҳои Суғд дар бораи мушкили алоқаи мобилӣ мегуянд
"Барқ нест, мавҷ нест": Сокинони рустоҳои Суғд дар бораи мушкили алоқаи мобилӣ мегуянд
Sputnik Тоҷикистон
Сокинони рустоҳои дурдасти Суғд дар бораи мушкили муошират бо телефонҳои мобилӣ мегуянд, ки сабаби ин вазъ ба маҳдудияти барқрасонӣ рабт дода мешавад
2024-11-05T10:49+0500
2024-11-05T10:49+0500
2024-11-05T10:49+0500
дар тоҷикистон
барқрасонӣ
суғд
алоқаи мобилӣ
барқ
мушкил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102154/23/1021542331_0:0:3149:1771_1920x0_80_0_0_bc79461c911d25f8df585d21c2d8dee3.jpg
ДУШАНБЕ, 5 ноя – Sputnik. Сокинон дар навоҳии кӯҳистонии Суғд, мегуянд, ҳади ақал ду ҳафта мешавад, ки тавассути телефонҳои мобилӣ дуруст муошират карда наметавонанд.Билол Раҷабов, яке аз сокинони ҷамоати Далёни болои ноҳияи Деваштич мегуяд, бо маҳдудтар шудани реҷаи барқрасонӣ, мавҷи телефонҳои мобилӣ хароб шудааст.Сокинон дар ҷамоатҳои Ваҳдат, Исмоили Сомонӣ ва Росровути ноҳияи Деваштич ва ноҳияҳои Шаҳристону Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Истаравшан низ дар бораи ин мушкил иброз мекунанд.Саидмаҳмад Умаров, яке аз сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мегуяд, сокинони деҳоти ин ноҳия умдатан симкорти як ширкати мобилиро мегардонанд, вале бо қатъ шудани нерӯи барқ, кори онҳо душвор мегардад.Дар ҳамин ширкатҳои мобилӣ вуҷуди ин мушкилро инкор намекунанд.Яке аз масъулини ширкатҳои мобилӣ дар вилояти Суғд зимни суҳбат ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон вазъро шарҳ дод.Тавре ӯ, гуфт, дар шароити деҳотҷойҳо, ки муштариён ба таври қобили мулоҳиза зиёд нестанд, ширкат имкон надорад, ки ҳамаи дастгоҳҳои мавҷпаҳнкунакҳоро дар шароити қатъи барқрасонӣ бо сӯзишвории дизелӣ фаъол созад, зеро даромади аз ҳисоби чунин теъдод муштариён ба даст омада харҷи сӯзишвории истифодашударо пушонида наметавонад.Дар навоҳии вилояти Суғд ду ҳафта ба ин тараф реҷаи барқрасонӣ то ба 6 соат дар шабонарӯз маҳдудтар шудааст.Бино ба гуфти сокинон алҳол рӯзона аз соати 05:00 то 08:00 ва бегоҳ аз соати 18:00 то 21:00 барқ дода шуда, дигар вақт интиқоли барқ қатъ карда мешавад.Ширкати “Барқи Тоҷик” ахиран аз тариқи шабакаҳои телевизиони давлатии кишвар эълон кард, ки шурӯъ аз 22 сентябри соли ҷорӣ барқрасонӣ маҳдуд карда мешавад.Ин ниҳод ин вазъро ба вазъи боду ҳаво фасли сармо ва афзоиши талабот ба нерӯи барқ шарҳ додааст.Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз моҳҳои сентябр соли 2023 дар Тоҷикистон маҳдудиятҳои интиқоли барқ оғоз ёфту дар моҳи марти соли ҷорӣ ин лимити барқ сартосарӣ шуд.Танҳо дар моҳи апрели соли гузашта “лимит” и барқрасонӣ дар Тоҷикистон лағв шуд.
https://sputnik.tj/20240922/limit-barq-tojikiston-elon-barqi-tojik-sharh--1064430775.html
https://sputnik.tj/20240830/barq-ziyod-rahmon-charkhai-nbo-norak-navsozi-1064130797.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102154/23/1021542331_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_028bc89042e8c86fdbc0d4519d7241b6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, алоқаи мобилӣ, сокинон, мушкил, маҳдудият барқрасонӣ
тоҷикистон, суғд, алоқаи мобилӣ, сокинон, мушкил, маҳдудият барқрасонӣ
"Барқ нест, мавҷ нест": Сокинони рустоҳои Суғд дар бораи мушкили алоқаи мобилӣ мегуянд
Сокинони рустоҳои дурдасти Суғд дар бораи мушкили муошират бо телефонҳои мобилӣ мегуянд, ки сабаби ин вазъ ба маҳдудияти барқрасонӣ рабт дода мешавад
ДУШАНБЕ, 5 ноя – Sputnik. Сокинон дар навоҳии кӯҳистонии Суғд, мегуянд, ҳади ақал ду ҳафта мешавад, ки тавассути телефонҳои мобилӣ дуруст муошират карда наметавонанд.
Билол Раҷабов, яке аз сокинони ҷамоати Далёни болои ноҳияи Деваштич мегуяд, бо маҳдудтар шудани реҷаи барқрасонӣ, мавҷи телефонҳои мобилӣ хароб шудааст.
“Дар деҳаи мо тавассути бархе симкортҳои ширкатҳои мобилӣ дуруст гап зада намешавад. Баробари хомӯш гардидани барқ мавҷи ширкатҳо ҳам қатъ мешавад” – гуфт, сокини ноҳияи Деваштич.
Сокинон дар ҷамоатҳои Ваҳдат, Исмоили Сомонӣ ва Росровути ноҳияи Деваштич ва ноҳияҳои Шаҳристону Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Истаравшан низ дар бораи ин мушкил иброз мекунанд.
Саидмаҳмад Умаров, яке аз сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мегуяд, сокинони деҳоти ин ноҳия умдатан симкорти як ширкати мобилиро мегардонанд, вале бо қатъ шудани нерӯи барқ, кори онҳо душвор мегардад.
“Борҳо ба телефони ягон рафиқ ва ё хешу табора занг мезанем пайваст шуда наметавонем, зеро мавҷ нест, ҳатто антеннаи ширкат дар телефон пайдо намешавад” – гуфт, Умаров.
Дар ҳамин ширкатҳои мобилӣ вуҷуди ин мушкилро инкор намекунанд.
Яке аз масъулини ширкатҳои мобилӣ дар вилояти Суғд зимни суҳбат ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон вазъро шарҳ дод.
Тавре ӯ, гуфт, дар шароити деҳотҷойҳо, ки муштариён ба таври қобили мулоҳиза зиёд нестанд, ширкат имкон надорад, ки ҳамаи дастгоҳҳои мавҷпаҳнкунакҳоро дар шароити қатъи барқрасонӣ бо сӯзишвории дизелӣ фаъол созад, зеро даромади аз ҳисоби чунин теъдод муштариён ба даст омада харҷи сӯзишвории истифодашударо пушонида наметавонад.
Дар навоҳии вилояти Суғд ду ҳафта ба ин тараф реҷаи барқрасонӣ то ба 6 соат дар шабонарӯз маҳдудтар шудааст.
Бино ба гуфти сокинон алҳол рӯзона аз соати 05:00 то 08:00 ва бегоҳ аз соати 18:00 то 21:00 барқ дода шуда, дигар вақт интиқоли барқ қатъ карда мешавад.
Ширкати “Барқи Тоҷик” ахиран аз тариқи шабакаҳои телевизиони давлатии кишвар эълон кард, ки шурӯъ аз 22 сентябри соли ҷорӣ барқрасонӣ маҳдуд карда мешавад.
Ин ниҳод ин вазъро ба вазъи боду ҳаво фасли сармо ва афзоиши талабот ба нерӯи барқ шарҳ додааст.
Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз моҳҳои сентябр соли 2023 дар Тоҷикистон маҳдудиятҳои интиқоли барқ оғоз ёфту дар моҳи марти соли ҷорӣ ин лимити барқ сартосарӣ шуд.
Танҳо дар моҳи апрели соли гузашта “лимит” и барқрасонӣ дар Тоҷикистон лағв шуд.