Баъди исти тӯлонӣ парвозҳоро ба самти ВМКБ аз сар гирифтанд

© Sputnik / Николай Козловский / Гузариш ба медиабонкАэропорт в горах Хорога, архивное фото
Аэропорт в горах Хорога, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2023
Обуна шудан
Пас аз танаффуси тӯлонӣ парвозҳои Душанбе-Хоруғ-Душанбе дубора боз шуда, фурудгоҳи маркази маъмурӣ барои қабули мусофирон омода аст
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Мақомоти ВМКБ аз ифтитоҳи фурудгоҳ дар Хоруғ хабар доданд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти ҳукумати шаҳр.
Солҳои охир дар ин масир парвози ҳавопаймоҳо сурат намегирифт.
Пеш аз ифтитоҳ ҳавопаймои турбовинтии дорои 19 курсии истеҳсоли ширкати чехӣ Aircraft Industries аллакай парвози озмоиширо анҷом дод.
Дар маросими истиқболи нахустин парвоз раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот, раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода ва дигар шахсони расмӣ ширкат доштанд.
Самолёт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2023
"Сомон Эйр" иҷозати парвоз аз қаламрави Қирғизистон гирифт
Гуфта мешавад, ки хатсайри пешини Душанбе - Хоруғ - Душанбе бо супориши раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқарор шуд.
Акнун сокинони маҳаллӣ ва сайёҳон метавонанд парвозҳои бароҳатро бештар анҷом диҳанд.
Гуфта мешавад, ки ҳавопаймои L-410NG бо хусусиятҳои хос аз дигар ҳавопаймоҳо ба куллӣ фарқ мекунад.
Он аз ҷониби Агентии Аврупоӣ оид ба бехатарии авиатсионӣ сертификатсия шуда, хусусиятҳо беҳтаршудаи парвозиву истифода дорад ва ба техналогияҳои пешрафта ва авионикаи инноватсионӣ муҷаҳҳаз мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0