https://sputnik.tj/20240202/gunahkori-suquti-tojikeyr-kist-1061540435.html
Гунаҳкори суқути “Тоҷикэйр” кист?
Гунаҳкори суқути “Тоҷикэйр” кист?
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбарияти имрӯзи ширкати давлатии “Тоҷик эйр” ахиран гунаҳгори аслии суқути ин ширкатро ном бурд.
2024-02-02T19:50+0500
2024-02-02T19:50+0500
2024-02-02T19:50+0500
дар тоҷикистон
тоҷик эйр
суқут
ширкат
ширкати ҳавоӣ
ширкати ҳавоии "тоҷик эйр"
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102176/57/1021765745_0:0:1025:577_1920x0_80_0_0_ab8c3e35ef39ef7ec884d133777beeab.jpg
Душанбе, 31 янв - Sputnik. Ин ширкати ҳавонавардии Тоҷикистон се сол ба ин сӯ ягон парвоз анҷом надода, дар панҷаи қарзи бузурге гир кардааст.Парвиз Шодмонзода, мудири кулли ширкати “Тоҷикэйр”, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон дар бораи кашол ёфтани азсаргирии фаъолияти ин ширкат гуфт, “Тоҷикэйр” ба таври сунъӣ ба чунин мушкил гирифтор шудааст ва муҷрими асосӣ Рустам Холиқов, собиқ мудири ширкат аст.“49 миллион доллари амрикоӣ зарар ворид шудааст. Мо тамоми аснодро дар мавриди асли мавзуъ ба мақомоти прокуратура ва суд пешниҳод кардаем, ки сарашон кор мекунанд. Аз ҳамин 49 миллион доллар фақат се миллион доллар пардохт шудааст”, - гуфт Парвиз Шодмонзода.Мудири кулли ширкати “Тоҷикэйр” афзуд, ин қарзҳо дар давраи раҳбарии Рустам Холиқов - солҳои 2014 – 2015 - ба вуҷуд омадааст.Вай изҳори умедворӣ кард, ки бақияи пул дар оянда пардохт мешавад ва бо ин пул “Тоҷикэйр” метавонад тайёраҳои нав бихарад ва фаъолияташро аз сар гирад.Изҳороти мудири кулли “Тоҷикэйр” ба тамоми баҳсҳое, ки чанд сол ба ин сӯ идома доштанд, нукта гузошт ва зоҳиран муҷрими асосии суқути ширкатро ифшо зоҳиран сохт.Дар гузашта ҳам раҳбарии Агентии авиатсияи гражданӣ ва ҳам ширкати “Тоҷикэйр” ҳамеша ваъда месупурданд, ки то “ду-се моҳи дигар” танҳо ширкати давлатии ҳавонавардии Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ хоҳад кард, аммо ҳудуди се сол мегузарад ва об аз об такон намехӯрад.Дилшод Сафарзода, мудири Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон, гуфт, “Тоҷикэйр” ҳатман фаъолияташро аз нав шуруъ мекунад.Ба қавли мудири Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон, ба таври фаврӣ ду – се маротиба ҷаласаи Шӯрои нозиронро баргузор карда, пешниҳодҳои худро омода ва ҳатто то раҳбари давлат дастрас карданду дастгирӣ ёфтаанд.“Аммо бархе масоиле дар ин миён аст, ки шояд сунъӣ ё техникӣ бошанд, бояд нахуст онҳо ҳалли худро ёбанд. Ду-се пешниҳоди дигар ҳам ҳаст. Акнун бояд ҳамин хел кунем, ки Тоҷикэйр бо гирифтани ҳавопаймоҳо ҳам хароҷоташро бипӯшад ва ҳам қарзҳоеро, ки аз солҳои гузашта мондаанд, андак-андак баргардонад. Ин ҳам ба он хотир аст, ки дар давоми як-ду соли оянда дигарбора ба ҳамин нуқта, яъне инқироз, барнагардад”, - гуфт Дилшод Сафарзода."Тоҷикэйр" пас аз соли 2015 ҷиддан ба мушкилоти молиявӣ гирифтор шуд. Ҳукумати Тоҷикистон соли 2019 2 миллион доллар, муодили 19 миллион сомонӣ қарзи андози ширкатро бахшид. “Тоҷикэйр” чанд бор талош кард, то фаъолияташро аз сар гирад, аммо аз 1 сентябри соли 2020 тамоми парвозҳояш мутаваққиф шуданд.Тоҷикэйр беш аз 60 миллион доллар аз чандин ширкату корхонаи дохиливу хориҷӣ қарздор шуд ва маҷбур 85% - и кормандонашро ба рухсатӣ фиристод. Фақат аз ҳисоби маоши коргарон 12 миллион сомонӣ қарздор буд. Илова бар ин ҳама, бо ду ширкати хориҷӣ – “Росавиатсия” (Русия) ва Skyroad Leasing (Литва) вориди баҳсҳои судӣ сари қарзҳо шуд. Ҳатто як бор ҳисобҳои бонкии “Тоҷикэйр”-ро Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Тоҷикистон баст. Соли 2021 Суди олии иқтисодӣ эълон кард, ки “Тоҷикэйр” дар осонаи муфлисӣ қарор дорад.Бо ин вуҷуд, Дилшод Сафарзода мегӯяд, ширкати талош дорад ҳавопаймоҳои “Эйрбас” ва дигар навъҳои онро ба иҷора гирад.“Як тайёраи беҳтар харидорӣ шавад, ки солаш на поёнтар аз соли 2010 бошад. Аз соли 2015 ба ин сӯ бошад, боз беҳтар мешавад. Ҳар қадар ки сол куҳна шуд, хароҷоти техникӣ, муҳаррик ва дигар ҳазинаҳояш зиёд мешавад”, - гуфт мудири Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон.Дар ҳамин ҳол, изҳороти мудири кунунии “Тоҷикэйр” ба ин суол посух дод, ки асли мушкил ва сарчашмаи пайдо шудани қарзҳои ин ширкат куҷост.
https://sputnik.tj/20230728/tojik-eyr-parvozhoro-oghoz-1058501325.html
https://sputnik.tj/20230201/murgh-samandar-tojikeyr-mekhezad-1054623624.html
https://sputnik.tj/20220728/tojik-eyr-barham-maqomot-muflis-1050319051.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102176/57/1021765745_0:0:819:614_1920x0_80_0_0_e3c8f39cbacd168d889bc01b42890fca.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, тоҷик эйр, ширкат, суқут, сабаб, гунаҳгор, раҳбарият
тоҷикистон, тоҷик эйр, ширкат, суқут, сабаб, гунаҳгор, раҳбарият
Гунаҳкори суқути “Тоҷикэйр” кист?
Эксклюзив
Раҳбарияти имрӯзи ширкати давлатии “Тоҷик эйр” ахиран гунаҳгори аслии суқути ин ширкатро ном бурд.
Душанбе, 31 янв - Sputnik. Ин ширкати ҳавонавардии Тоҷикистон се сол ба ин сӯ ягон парвоз анҷом надода, дар панҷаи қарзи бузурге гир кардааст.
Парвиз Шодмонзода, мудири кулли ширкати “Тоҷикэйр”, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон дар бораи кашол ёфтани азсаргирии фаъолияти ин ширкат гуфт, “Тоҷикэйр” ба таври сунъӣ ба чунин мушкил гирифтор шудааст ва муҷрими асосӣ Рустам Холиқов, собиқ мудири ширкат аст.
“49 миллион доллари амрикоӣ зарар ворид шудааст. Мо тамоми аснодро дар мавриди асли мавзуъ ба мақомоти прокуратура ва суд пешниҳод кардаем, ки сарашон кор мекунанд. Аз ҳамин 49 миллион доллар фақат се миллион доллар пардохт шудааст”, - гуфт Парвиз Шодмонзода.
Мудири кулли ширкати “Тоҷикэйр” афзуд, ин қарзҳо дар давраи раҳбарии Рустам Холиқов - солҳои 2014 – 2015 - ба вуҷуд омадааст.
“Ин қарзҳо ба як ширкати литвонӣ рабт дорад. Дар он замон (и раҳбарии Холиқов) дар ҳисоби Тоҷикэйр пул буд, агар қарзро ҳамон вақт пардохт мекарданд, 20,3 миллион доллар намеафзуд”, - гуфт Парвиз Шодмонзода.
Вай изҳори умедворӣ кард, ки бақияи пул дар оянда пардохт мешавад ва бо ин пул “Тоҷикэйр” метавонад тайёраҳои нав бихарад ва фаъолияташро аз сар гирад.
Изҳороти мудири кулли “Тоҷикэйр” ба тамоми баҳсҳое, ки чанд сол ба ин сӯ идома доштанд, нукта гузошт ва зоҳиран муҷрими асосии суқути ширкатро ифшо зоҳиран сохт.
Дар гузашта ҳам раҳбарии Агентии авиатсияи гражданӣ ва ҳам ширкати “Тоҷикэйр” ҳамеша ваъда месупурданд, ки то “ду-се моҳи дигар” танҳо ширкати давлатии ҳавонавардии Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ хоҳад кард, аммо ҳудуди се сол мегузарад ва об аз об такон намехӯрад.
Дилшод Сафарзода, мудири Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон, гуфт, “Тоҷикэйр” ҳатман фаъолияташро аз нав шуруъ мекунад.
“Пешниҳодҳое, ки шуда истодааст, аз ҷумла дар масоили молиявӣ чанд бор аз сӯи мо сурат гирифт, аммо ҳанӯз аз сӯи бархе ҷонибҳо дастгирӣ нашуда истодааст”, - гуфт Дилшод Сафарзода.
Ба қавли мудири Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон, ба таври фаврӣ ду – се маротиба ҷаласаи Шӯрои нозиронро баргузор карда, пешниҳодҳои худро омода ва ҳатто то раҳбари давлат дастрас карданду дастгирӣ ёфтаанд.
“Аммо бархе масоиле дар ин миён аст, ки шояд сунъӣ ё техникӣ бошанд, бояд нахуст онҳо ҳалли худро ёбанд. Ду-се пешниҳоди дигар ҳам ҳаст. Акнун бояд ҳамин хел кунем, ки Тоҷикэйр бо гирифтани ҳавопаймоҳо ҳам хароҷоташро бипӯшад ва ҳам қарзҳоеро, ки аз солҳои гузашта мондаанд, андак-андак баргардонад. Ин ҳам ба он хотир аст, ки дар давоми як-ду соли оянда дигарбора ба ҳамин нуқта, яъне инқироз, барнагардад”, - гуфт Дилшод Сафарзода.
"Тоҷикэйр" пас аз соли 2015 ҷиддан ба мушкилоти молиявӣ гирифтор шуд. Ҳукумати Тоҷикистон соли 2019 2 миллион доллар, муодили 19 миллион сомонӣ қарзи андози ширкатро бахшид. “Тоҷикэйр” чанд бор талош кард, то фаъолияташро аз сар гирад, аммо аз 1 сентябри соли 2020 тамоми парвозҳояш мутаваққиф шуданд.
Тоҷикэйр беш аз 60 миллион доллар аз чандин ширкату корхонаи дохиливу хориҷӣ қарздор шуд ва маҷбур 85% - и кормандонашро ба рухсатӣ фиристод. Фақат аз ҳисоби маоши коргарон 12 миллион сомонӣ қарздор буд. Илова бар ин ҳама, бо ду ширкати хориҷӣ – “Росавиатсия” (Русия) ва Skyroad Leasing (Литва) вориди баҳсҳои судӣ сари қарзҳо шуд. Ҳатто як бор ҳисобҳои бонкии “Тоҷикэйр”-ро Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Тоҷикистон баст. Соли 2021 Суди олии иқтисодӣ эълон кард, ки “Тоҷикэйр” дар осонаи муфлисӣ қарор дорад.
Бо ин вуҷуд, Дилшод Сафарзода мегӯяд, ширкати талош дорад ҳавопаймоҳои “Эйрбас” ва дигар навъҳои онро ба иҷора гирад.
“Як тайёраи беҳтар харидорӣ шавад, ки солаш на поёнтар аз соли 2010 бошад. Аз соли 2015 ба ин сӯ бошад, боз беҳтар мешавад. Ҳар қадар ки сол куҳна шуд, хароҷоти техникӣ, муҳаррик ва дигар ҳазинаҳояш зиёд мешавад”, - гуфт мудири Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон.
Дар ҳамин ҳол, изҳороти мудири кунунии “Тоҷикэйр” ба ин суол посух дод, ки асли мушкил ва сарчашмаи пайдо шудани қарзҳои ин ширкат куҷост.