Бомбаи табиӣ: чӣ гуна террористон метавонанд кӯли Сарезро истифода баранд

© Sputnik / РатушенкоСарезское озеро
Сарезское озеро  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2024
Обуна шудан
Эксклюзив
Сарез яке аз нигарониҳои аслии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Эрон аст. Зиёда аз 120 сол аст, ки онро бо зебогии худ "Зебои хуфта" ва аз сабаби хатараш "Аждаҳои хуфта" номидаанд
ДУШАНБЕ, 27 сент — Sputnik. Заминларзаҳои Рӯзҳои охири моҳи равон Бадахшони Тоҷикистонро заминларзаҳои мунтазам такон медиҳанд. Заминларзаи пуршиддат бо қувваи 5-5,5 балл рӯзи 27 августи соли равон дар 25 километрии шимолу шарқи шаҳри Хоруғ, нишебии шимолии қаторкӯҳи Рӯшон ба амал омад ва пасон пасларзаҳои он бо шиддати 3-4 бал то чанд рӯзи ахир идома доштанд.
Ҳарчанд Кумитаи ҳолатҳои фавқулода итминон дод, ки заминларза то Сарез нарасид, вале дигарбора баҳси табдил ёфтани кӯли Сарез он “Нозанини хуфта” дар кӯҳҳои Помир ба “Аждаҳои хуфта”-ро ба миён меорад.
Оё заминларзаҳо боиси сар задани резиши Сарез мешаванд ва чаро бисёриҳо то ҳол аз он метарсанд - Sputnik Тоҷикистон ба ин назар кард.

"Зебои хуфта" дар Осиёи Марказӣ

Кӯли Сарез яке аз нигарониҳои аслии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистону ҳатто Эрон аст, ки беш аз 120 сол ба ин сӯ барои зебоиаш “Нозанини хуфта” ва ба иллати хатарнокиаш “Аждаҳои хуфта” дар баландиҳои Боми Ҷаҳон хонда мешавад.
Тибқи додаҳои расмӣ, кӯли Сарез ҳудуди 70 километр арзу ҳудуди 500 метр умқ дошта ва ҳаҷми обаш 17 километри мураббаъ ҳисоб мешавад ва дар баландии 3255 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст.
Дар ҳоли канда шудани банди Усой ва сарозер шудани оби кӯли Сарез як қаламрави бузурге аз Тоҷикистон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Эрон шуста ва тахриб хоҳад шуд.
Снег в Ховалинге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2024
Ривоятҳои асроромези Тоҷикистон, ки ҳар касро ба ҳайрат меоранд
Аммо 100 сол пеш ин кӯл вуҷуд надошт. Рӯзи дақиқи пайдо шудани кӯл ё 6 ва ё 18 феврали соли 1911, соати 23:15 дақиқа дар Хоруғ заминҷунбии шадид бо қувваи 7.4 балл рух дод. Аммо таърихшиносон ин ҳодисаро дақиқ нақл мекунанд.
"Дар Сарез ҳама бо фарёду гиря аз хаймаҳои худ берун париданд. Ду хайма фурӯ рехт, чаҳор хайма тарк хӯрд. Як ғурриши ваҳшатнок аз ғарб шунида шуд ва ба зузаи баҳманҳои дар ҳоли суқут омехт. Маҳтоб болои Мараҷана шурӯъ ба камнур шудан кард. Субҳ ҳама чизу ҳама ҷо бо гарду ғубори овезон дар ҳаво пӯшонда шуда буд ва ларзиши замин идома дошт. Замоне ки навҷавонони деҳаи Сарез ба ҷое, ки деҳаи Усой буд, наздик шуданд, онҳо русторо надиданд. Дар пайи он кӯҳе аз тахтасангҳо ба вуҷуд омада буд".
Чанд рӯз нагузашта оби дарёи Бартанг боло рафт ва рустои Сарез зери об монд. Ҳамин тавр, таърихи Усой ва Сарез, ду рустои миёни навоҳии Рӯшону Мурғоби Бадахшон ба охир расид ва ба ҷои онҳо таърихи ҷадиде ба номи банди Усой ва кӯли Сарез, як хатари билқуввае барои минтақа оғоз шуд.

Ҷои нигаронӣ нест, вале хавф вуҷуд дорад

Коршиносон мегӯянд, он замон ҳеҷ кас фавран наметавонист бигӯяд, ки оё банди Усой собит аст ё хайр ва кӯли Сарез то чӣ муддат метавонад вуҷуд дошта бошад.
Шоҳрух Муродқулов, мудири лабораторияи арзёбии хатари сейсмикии Институти геология, сохтмони ба зилзила муқовим ва ларзашиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мегӯяд, ба таври табиӣ, барои муддати тӯлонӣ ду нуқтаи назар вуҷуд дошт, яке ин ки банди Усой собит аст ва кӯли Сарез барои муддати тӯлонӣ вуҷуд хоҳад дошт ва дигарӣ ин, ки банди Усой нопойдор аст ва онро оби кӯли Сарез тахриб карда, як сели фоҷиабор сарозер хоҳад шуд, бахусус ки агар як зилзилаи дигар ба ҳамон андозаи қавӣ рух диҳад.
“Дар ин миён як пружаи байнулмилалӣ барои коҳиши хатар фаварони кӯли Сарез (LSRPSO), ки дар 2000 - 2006 анҷом шуд, нишон дод, ки банди Усой як ташкили собит аст ва ҳеҷ далеле барои интизори як сели фоҷиабор дар натиҷаи тахриби он вуҷуд надорад. Аммо, баъзе аз роҳҳалҳои тӯлонимуддат пешниҳод шудаанд, зеро Помир як минтақаи аз назари илмӣ ҳассоси сейсмикӣ ва ларзон ба ҳисоб меравад ва пешгӯинашаванда аст”, - гуфт Шоҳрух Муродқулов.
Вай афзуд, як мавриди мунҳасир ба фард - дувумин зилзилаи чунин қавӣ бо шиддати 7.2 дақиқан дар ҳамон макон соли 1911 иттифоқ афтода буд, дар 7 декабри соли 2015 ба вуқуъ пайваст.
Сейсмограф - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2023
ВМКБ такон хурд: Маълум шуд дар кадом минтақаи вилоят заминҷунбӣ сурат гирифт
“Аммо банди Усой дучори тағйир ва осеби бузурге нашуд ва дар имтидоди савоҳили ин кӯл фурӯпошии қобили мулоҳиза ва ё бузурге рух надод, зеро худи банд қатъан аз сангу шағал таркиб ёфта, бо харсангҳои бузург тақвият шудааст”, - гуфт мудири лабораторияи арзёбии хатари сейсмикии Институти геология, сохтмони ба зилзила муқовим ва ларзашиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Ба гуфтаи Эроншо Аюбзода, сардори Раёсати масъалаҳои кӯли Сарези Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, заминларза асосан дар атрофи шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон як каме ташвиш ба бор овард, аммо дар қисматҳои кӯли Сарез аслан эҳсос нашуд.
“Дар атрофи Сарез ҳудуди 10 пойгоҳи ларзашиносӣ мустақар аст. Навбатдорони мо шабурӯз вазъро назорат мекунанд. Мақомот ва пажӯҳишгоҳҳои зидахли мо ҳамасола мониторинг гузаронда, вазъи кӯли Сарез ва банди Усойро арзёбӣ ва маълум мекунанд, ки оё хавф пайдо шуда ва то куҷо хатарнок аст. Алъон ҳеҷ хавф ва ҷои нигаронӣ нест”, - гуфт Эроншо Аюбзода.

Сарез чун силоҳи сунъӣ

Ҳоло коршиносон бо ташдиди рақобати қудратҳо ва пеш омадани чолишҳои бузурги амниятӣ дар минтақа, назири таҷаммуъ ва ҳузури озоди созмонҳои террористӣ, ба шумули ДОИШ (созмони мамнуъаи террористӣ дар Тоҷикистону Русия) дар вилояти ҳамном ва ҳамсояи Бадахшони Афғонистон кӯли Сарез аз нигоҳи амнияти минтақаӣ аҳамияти вижа пайдо мекунад.
Нуруллоҳ Ҳусейнов, коршинос дар умури минтақа, мегӯяд, шиддати рақобатҳо дар ҷаҳон ба ҳаддест, ки ҳатто кор ба таҳдидҳои ҳастаӣ гузаштааст, аз ин хотир, эҳтимоли анҷоми ягон тарҳи террористӣ сари кӯли Сарез ба хотири ба иғтишош кашидани ҷавомеъи минтақа аз эҳтимол дур нест.
КҲФ вазъи Сарезро пас аз заминларзаҳои ахир дар ВМКБ ошкор кард
“Аммо ҳеҷ як аз созмонҳои террористӣ ба танҳоӣ қудрати анҷом додани чунин тарҳро надорад, магар ки бо он қудрати бузургтар ва қавитаре, ки соҳиби имконоти зарурӣ аст, он гуна ки дар мисоли хати лӯлаи “Ҷараёни Шимол” дидем, ҳамкорӣ кунад. Аз ин хотир, таъмини амнияти кӯли Сарез на фақат барои Тоҷикистон, балки дигар кишварҳои ҳамсоя, ки осеби бештаре аз он хоҳанд дид, беш аз ҳар замони дигар аҳамият пайдо мекунад”, - гуфт Нуруллоҳ Ҳусейнов.
Ба қавли ин коршинос, созмонҳои террористӣ, бахусус, ДОИШ-и Вилояти Хуросон дар вилояти Бадахшони Афғонистон, ки бо Бадахшони Тоҷикистон ҳаммарз аст, рӯз ба рӯз тақвият меёбад ва истифодаи кӯли Сарез барои боҷгирӣ ё шантажи кишварҳои минтақа аз эҳтимол дур нест.
Лентаи хабарҳо
0