https://sputnik.tj/20230805/khf-sarez-zaminlarza-pomir-1058658772.html
КҲФ вазъи Сарезро пас аз заминларзаҳои ахир дар ВМКБ ошкор кард
КҲФ вазъи Сарезро пас аз заминларзаҳои ахир дар ВМКБ ошкор кард
Sputnik Тоҷикистон
Раиси КҲФ Тоҷикистон дар бораи вазъи кӯли Сарез, дар пасманзари заминларзаҳое, ки моҳҳои охир дар қаламрави ВМКБ ба амал омад, сухан гуфт
2023-08-05T15:39+0500
2023-08-05T15:39+0500
2023-08-05T15:39+0500
заминларза дар тоҷикистон
сарез
дар тоҷикистон
рустам назарзода
кҳф
заминҷунбӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101783/80/1017838036_0:0:3127:1759_1920x0_80_0_0_dffa4b7a41a101cd55e02f2252848810.jpg
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Вазъ дар кӯли Сарез, ки дар минтақаи аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъоли Помир воқеъ аст, бо вуҷуди зиёд шудани зилзила дар ин минтақа, мӯътадил боқӣ мемонад. Дар ин бора, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Рустам Назарзода зимни нишасти хабарӣ гузориш дод.Ба гуфтаи раиси КҲФ, заминларзаҳое, ки дар моҳҳои ахир бештар ба мушоҳида мерасад, ба кӯл ягон осеб нарасонидаанд ва ҷараёни хуруҷи об аз кӯл ба вуҷуд наомадааст. Қобили зикр аст, ки ба гуфтаи иддае аз коршиносон, дар сурати заминларза хатари рахна шудани кӯл вуҷуд дорад ва ин ба қаламравҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳдид мекунад. Аз Суғд то Хатлону Сарез: Генерал Иброҳимзода аз имдодгарон хост, омода бошандПас аз заминларзаи моҳи феврали соли 2023 дар ҷанубу шарқи Туркия зилзила дар қаламрави Тоҷикистон, аз ҷумла дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бештар шудааст. Тибқи иттилои КҲФ, дар ин минтақа ҳар моҳ фаъолияти сейсмикӣ сабт мешавад. Кӯли Сарез дар ВМКБ дар баландии беш аз 3,2 ҳазор метр аз сатҳи баҳр, воқеъ шудааст. Ин кӯл дар натиҷаи заминларзаи харобиовари соли 1911, ки пеши рӯдхонаи Бартангро баста буд, ба вуҷуд омадааст. Минтақаи кӯл таҳти таъсири назарраси сейсмикӣ қарор дорад ва аз ин рӯ мониторинги наздикро талаб мекунад.
сарез
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101783/80/1017838036_153:0:2882:2047_1920x0_80_0_0_8cf03c9dbe60c3c10c8332d8c37ae951.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кӯл, сарез, заминларза
КҲФ вазъи Сарезро пас аз заминларзаҳои ахир дар ВМКБ ошкор кард
Раиси КҲФ Тоҷикистон дар бораи вазъи кӯли Сарез, дар пасманзари заминларзаҳое, ки моҳҳои охир дар қаламрави ВМКБ ба амал омад, сухан гуфт
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Вазъ дар кӯли Сарез, ки дар минтақаи аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъоли Помир воқеъ аст, бо вуҷуди зиёд шудани зилзила дар ин минтақа, мӯътадил боқӣ мемонад.
Дар ин бора, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Рустам Назарзода зимни нишасти хабарӣ гузориш дод.
"Барои Сарез системаи огоҳкунии бармаҳал вуҷуд дорад, наваш насб шудааст, кӯҳнааш низ таъмир шудааст ва кор мекунад. Дар ҳоли ҳозир дар назди кӯли Сарез ду система мавҷуд аст <...> ва як шӯъбаи назорати объектҳои об дар Душанбе сохта шудааст ва мо аз он ҷо маълумотро онлайн мегирем", - шарҳ дод Назарзода.
Ба гуфтаи раиси КҲФ, заминларзаҳое, ки дар моҳҳои ахир бештар ба мушоҳида мерасад, ба кӯл ягон осеб нарасонидаанд ва ҷараёни хуруҷи об аз кӯл ба вуҷуд наомадааст.
Қобили зикр аст, ки ба гуфтаи иддае аз коршиносон, дар сурати заминларза хатари рахна шудани кӯл вуҷуд дорад ва ин ба қаламравҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳдид мекунад.
Пас аз заминларзаи моҳи феврали соли 2023 дар ҷанубу шарқи Туркия зилзила дар қаламрави Тоҷикистон, аз ҷумла дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бештар шудааст.
Тибқи иттилои КҲФ, дар ин минтақа ҳар моҳ фаъолияти сейсмикӣ сабт мешавад. Кӯли Сарез дар ВМКБ дар баландии беш аз 3,2 ҳазор метр аз сатҳи баҳр, воқеъ шудааст.
Ин кӯл дар натиҷаи заминларзаи харобиовари соли 1911, ки пеши рӯдхонаи Бартангро баста буд, ба вуҷуд омадааст. Минтақаи кӯл таҳти таъсири назарраси сейсмикӣ қарор дорад ва аз ин рӯ мониторинги наздикро талаб мекунад.