ВМКБ такон хурд: Маълум шуд дар кадом минтақаи вилоят заминҷунбӣ сурат гирифт

© AFP 2023 / OLIVIER MORINСейсмограф
Сейсмограф - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2023
Обуна шудан
Дар ҳудуди ноҳияи Шуғнон заминларза ба қайд гирифта шуд. КҲФ Тоҷикистон то ҳол дар бораи хисорот ва талафот хабар надодааст
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон заминларзаи навбатӣ рух дод.
Заминҷунбӣ дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони кишвар ба қайд гирифта шуд.
Дар бораи ин ҳодиса Маркази ҷумҳуриявии мониторинг ва пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон иттилоъ додааст.
Зилзилашиносон заминҷунбӣ бо шиддати 4 балларо соати 10:38 ба вақти маҳаллӣ сабт карданд.
Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон то ҳол дар бораи ин ҳодиса изҳори назар накардааст. Дар бораи хисорот ва осебдидагон низ маълумоте нест.
Рабочие на строительстве жилого комплекса Бригантина в Долгопрудном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2023
Кашфи қариб 2,4 ҳазор камбудӣ дар сохтмонҳои Тоҷикистон: Ба заминҷунбӣ тобоваранд?
Масъулини КҲФ дар нишасти хабарӣ қаблан изҳор доштанд, ки вазъ дар минтақаи кӯли Сарез, ки дар минтақаи сейсмикӣ фаъол воқеъ аст, мӯътадил боқӣ мемонад. Дар ҳамин ҳол, теъдоди умумии заминларза дар ин минтақа афзоиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистон ба муқовимати сейсмикии биноҳо таваҷҷӯҳи бештар зоҳир карданд.
Пас аз фоҷеае, ки дар моҳи феврали соли 2023 дар Туркия ва Афғонистон рух дод, ки бар асари заминларза тақрибан 60 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд, коршиносон вазъи хонаҳо дар Душанбе, Хуҷанд ва Бохтарро аз санҷиш гузаронданд.
Лентаи хабарҳо
0