https://sputnik.tj/20240907/afzoish-qimat-gusht-tojikiston-gila-kharidor-sharh-qassob-video-1064236153.html
Харидорон шикоят мекунанд, тоҷирон баҳона меоранд: гӯшт дар Тоҷикистон қимат шуд - видео
Харидорон шикоят мекунанд, тоҷирон баҳона меоранд: гӯшт дар Тоҷикистон қимат шуд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Сокинон дар суҳбатҳои сарироҳӣ дар бозору фурӯшгоҳҳои Хуҷанд якбора то 30% болоравии нархи гӯштро барояшон ташвишовар хонданд 07.09.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-09-07T15:07+0500
2024-09-07T15:07+0500
2024-09-07T15:35+0500
дар тоҷикистон
суғд
гӯшт
чорво
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/07/1064236341_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_b4732b4e1c3b8b7954b206e325475602.jpg
Нархи гӯшт дар бозорҳои Тоҷикистон якбора то 30% баланд шуда ва се моҳ ба ин тараф ин раванд ҳамчунон тағйир наёфтааст.Бино ба мушоҳидаҳо ҳоло дар бозорҳои вилояти Суғд арзиши як кило гӯшт (усухондор)-и гов 80 сомонӣ ва гӯшти гусфанд ба 85 сомонӣ баробар шудааст. Арзиши гӯшти лаҳм (устухонҷудокардашуда)-и гов 110 сомонӣ ва гусфанд ба 100 сомонӣ дакка задааст. Чизе, ки то ду моҳи пеш ҳамагӣ бо нархҳои 60 – 70 ва 80 – 85 сомонӣ сомонӣ қобили харидан буд. “Даромади зиёд ё баромади зиёд?” – сабабҳои болоравии нархи гӯштСокинон дар суҳбатҳои сарироҳӣ дар бозору фурӯшгоҳҳои Хуҷанд якбора то 30% болоравии нархи гӯштро барояшон ташвишовар хонданд. Назармаҳмад Одинаев, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ки ба ярмарка – намоишгоҳ фурӯши молу маҳсулоти кишоварзӣ ба шаҳри Хуҷанд омадааст, аз гаронии нархи гӯшт иброз намуд.Нархи гӯшт ярмаркаҳо ҳам баланд аст. Ӯ, гуфт феълан нархҳое, ки дар бозору фурушгоҳҳо амал мекунанд, мардуми камбағал барои харидани мол аз ҷумла гӯшт азият мешаванд. Ин сокини ноҳияи Мастчоҳ мегуяд, мушоҳида кардааст, ки дар бозорҳои дигар шаҳру навоҳии Суғд ҳам нархи гӯшт ба ин андоза баланд шудааст. Назармаҳмад Одинаев, мегуяд баландшавии нархи гӯшт дар ҳолест, ки соли ҷорӣ аз ҳисоби боронҳои пайдарпайи баҳорӣ алаф аз ҷумла беда (юнучқа) фаровон буда ба фарқ аз соли қаблӣ донаи он бо нархи 35–40 сомонӣ ба 20–25 сомонӣ поён шудааст. “Ҳеҷ мантиқӣ нест, ки дар шароити фаровонии алаф нархи гӯштро баланд кунанд”, – таъкид варзид, Одинаев.Гӯштхӯр зиёд шуд: шарҳи мақомот дар бораи гарон будани нархи гӯшт дар ТоҷикистонДар ҳамин ҳол қассобону гӯштфурӯшон сабаби болоравии нархро ба мушкили воридоти чорвои фарбеҳ дар бозорҳо шарҳ медиҳанд. Бовоҷон Мӯминов, яке аз қассобони Хуҷанд мегуяд, умдатан мардум чорворо бо кунҷора фарбеҳ мекунанд ва гароншавии ин навъ хуроки аслии чорво, ки аз хориҷа ворид мешавад боиси камшавии саршумори чорвои фарбеҳ гардидаааст. Зимнан арзиши гӯшти моли зинда (гов) дар бозорҳои Суғд 45 – 50 сомонӣ ва гусфанд 70 – 80 сомонӣ аст. Қаблан ҳар кило вазни моли зинда 35–40 ва 55–65 сомонӣ ҳисоб мешуд. Бар пояи иттилоъи Идораи кишоварзии Суғд, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ беш аз 25 ҳазор тон гӯшт истеҳсол карда шудааст. Аз ҳамлаи гургу хирс то вафодории сагҳо: Рӯзгори даҳмардаҳои тоҷик дар кӯҳҳоҚаблан мақомоти Тоҷикистон сабаби гароншавии қимати гӯшт дар кишварро ба боло рафтани қудрати харидор ва даромадҳои сокинон рабт дода буданд. Масъулони вазорати кишоварзӣ аз ҷумла муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон, Мадшокир Назарзода болоравии нархи гӯштро ба афзоиши талаботи мардум ва зиёд шудани теъдоди ошхонаву тарабхонаҳо дар кишвар рабт дода буд.
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/07/1064236341_240:0:1680:1080_1920x0_80_0_0_46492b19db8cefaafcf825a750374203.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, суғд, гӯшт, чорво, видео
дар тоҷикистон, суғд, гӯшт, чорво, видео
Харидорон шикоят мекунанд, тоҷирон баҳона меоранд: гӯшт дар Тоҷикистон қимат шуд - видео
15:07 07.09.2024 (Навсозишуда: 15:35 07.09.2024) Сокинон дар суҳбатҳои сарироҳӣ дар бозору фурӯшгоҳҳои Хуҷанд якбора то 30% болоравии нархи гӯштро барояшон ташвишовар хонданд
Нархи гӯшт дар бозорҳои Тоҷикистон якбора то 30% баланд шуда ва се моҳ ба ин тараф ин раванд ҳамчунон тағйир наёфтааст.
Бино ба мушоҳидаҳо ҳоло дар бозорҳои вилояти Суғд арзиши як кило гӯшт (усухондор)-и гов 80 сомонӣ ва гӯшти гусфанд ба 85 сомонӣ баробар шудааст.
Арзиши гӯшти лаҳм (устухонҷудокардашуда)-и гов 110 сомонӣ ва гусфанд ба 100 сомонӣ дакка задааст.
Чизе, ки то ду моҳи пеш ҳамагӣ бо нархҳои 60 – 70 ва 80 – 85 сомонӣ сомонӣ қобили харидан буд.
Сокинон дар суҳбатҳои сарироҳӣ дар бозору фурӯшгоҳҳои Хуҷанд якбора то 30% болоравии нархи гӯштро барояшон ташвишовар хонданд.
Назармаҳмад Одинаев, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ки ба ярмарка – намоишгоҳ фурӯши молу маҳсулоти кишоварзӣ ба шаҳри Хуҷанд омадааст, аз гаронии нархи гӯшт иброз намуд.
Нархи гӯшт ярмаркаҳо ҳам баланд аст.
Ӯ, гуфт феълан нархҳое, ки дар бозору фурушгоҳҳо амал мекунанд, мардуми камбағал барои харидани мол аз ҷумла гӯшт азият мешаванд.
“Нарху навои гӯшт бисёр ташвишовар, пештар агар бо нархи 70 сомонӣ мегирифтем ҳоло лаҳмаш 110 сомонӣ шудааст. Дар ярмарка мувофиқи нархе, ки навиштаанд амал намекунанд. Гӯштро 80 – 85 сомонӣ навиштаанд, дар асл аз 100 – 110 сомонӣ кам намедиҳанд”, – гуфт, Одинаев.
Ин сокини ноҳияи Мастчоҳ мегуяд, мушоҳида кардааст, ки дар бозорҳои дигар шаҳру навоҳии Суғд ҳам нархи гӯшт ба ин андоза баланд шудааст.
Назармаҳмад Одинаев, мегуяд баландшавии нархи гӯшт дар ҳолест, ки соли ҷорӣ аз ҳисоби боронҳои пайдарпайи баҳорӣ алаф аз ҷумла беда (юнучқа) фаровон буда ба фарқ аз соли қаблӣ донаи он бо нархи 35–40 сомонӣ ба 20–25 сомонӣ поён шудааст.
“Ҳеҷ мантиқӣ нест, ки дар шароити фаровонии алаф нархи гӯштро баланд кунанд”, – таъкид варзид, Одинаев.
Дар ҳамин ҳол қассобону гӯштфурӯшон сабаби болоравии нархро ба мушкили воридоти чорвои фарбеҳ дар бозорҳо шарҳ медиҳанд.
Бовоҷон Мӯминов, яке аз қассобони Хуҷанд мегуяд, умдатан мардум чорворо бо кунҷора фарбеҳ мекунанд ва гароншавии ин навъ хуроки аслии чорво, ки аз хориҷа ворид мешавад боиси камшавии саршумори чорвои фарбеҳ гардидаааст.
“Танҳо бо алаф гов (буқа)-ро фарбеҳ намудан душвор аст. Бештари онҳое, ки дар хонаҳояшон чорво парвариш мекарданд, аз ҳисоби гароншавии нархи хуроки чорво аз ин шуғлашон даст кашидаанд. Зеро нархи кунҷора кори даромадгирӣ аз ҳисоби парвариши чорворо душвор намудааст”, - зикр кард, қассоб.
Зимнан арзиши гӯшти моли зинда (гов) дар бозорҳои Суғд 45 – 50 сомонӣ ва гусфанд 70 – 80 сомонӣ аст. Қаблан ҳар кило вазни моли зинда 35–40 ва 55–65 сомонӣ ҳисоб мешуд.
Бар пояи иттилоъи Идораи кишоварзии Суғд, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ беш аз 25 ҳазор тон гӯшт истеҳсол карда шудааст.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон сабаби гароншавии қимати гӯшт дар кишварро ба боло рафтани қудрати харидор ва даромадҳои сокинон рабт дода буданд.
Масъулони вазорати кишоварзӣ аз ҷумла муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон, Мадшокир Назарзода болоравии нархи гӯштро ба афзоиши талаботи мардум ва зиёд шудани теъдоди ошхонаву тарабхонаҳо дар кишвар рабт дода буд.