Аз ҳамлаи гургу хирс то вафодории сагҳо: Рӯзгори даҳмардаҳои тоҷик дар кӯҳҳо

Обуна шудан
Рамабонҳо умдатан рӯзу шабҳоро дар кӯҳҳову теппаҳои баланд дар иҳотаи ҷангалзорҳо мегузаронанд ва аз ин лиҳоз онҳоро даҳмарда ном мебаранд
Абдуворис Ашӯров, сокини ноҳияи Деваштич мегуяд, 23 сол ба ин тараф чӯпонӣ мекунад ва ғолибан зиндагии хонаводагиашро аз ҳамин ҳисоб таъмин мекунад.
Ин рамабони тоҷик зимни суҳбат зикр кард, ки шуғли рамабонӣ ҳам хубиҳову душвориҳои худро дорад.
“Хубиаш ин, ки гашту гузор дар ҳавои софу тозаи кӯҳистон ба кас ҳаловат мебахшад. Душвориҳояш асосан дар вақти боду борон аст, дар вақти наслгирии гусфандон ҳангоми рафтан аз як саҳро ба саҳрои дигар. Дар ин вақт то ба по равон шудани барра ё бузғола бояд онро муроқибат кард” – таъкид варзид, рамабон.
Абдуворис бо назардошти ин ҳама чӯпониро як шуғле номид, ки хавфи ҳар лаҳза рух додани хатар эҳтимол дорад.
Ин рамабон зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон аз ҳамлаи ғайриинтизори шабонаи хирс нақл кард, ки ӯву шарикаш зери хайма дар ҳоли хоб буданд.
“Даромади зиёд ё баромади зиёд?” – сабабҳои болоравии нархи гӯшт
“Соли гузашта, вақте мо дар кӯҳҳои дараи Яғноб дар қисмати шарқии шаҳри Душанбе қарор доштем, ки хирсе ба назди хайма, ҷое, ки паси он рамаи гусфандон меистоданд омадааст. Ман садои изтиробангези сагҳоро шунида аз хоб бедор шудам ва дидам, ки хирси сиёҳе ба хайма наздик мешавад. Зуд шарикамро бедор кардам ва фонар (фонарик) ро фаъол кардему ҳайоҳу кардем ва хирс гурехта рафт” - нақл кард, Ашӯров.
Ин ҳамсуҳбати мо мегуяд, дар иҳотаи ҷангалзорҳо ва баландкӯҳҳо ин гуна хавфи ҳар лаҳза ҳуҷум кардани ҳайвоноти ваҳшӣ эҳтимол дорад.
Дар ин ҳангом танҳо сагҳоянд, ки дар бари соҳибонашон истод шуда рамаи гусфандонро ва соҳибонашонро аз ҳуҷуми гургону хирсҳо ҳифз мекунанд.
Дар деҳаи Овчии ноҳияи Деваштич, ки дар баландии наздик ба 3 000 метрӣ аз сатҳи баҳр дорад ва дар иҳотаи кӯҳҳо аз сангу гили мавҷуда як “қалъа” е бунёд кардаанд.
Фасли тирамоҳ зимистон, чӯпонҳо шабҳои худро дар он қалъаи сангин рӯз мекунанд ва рамаи гусфандон ҳам паси деворҳои сангини он аз ҳамлаи гургону дигар ҳайвоноти ваҳшӣ панаҳ мебаранд.
Дар Тоҷикистон саршумори гову бузу гӯсфанд афзудааст: истеҳсоли гӯшту шир чӣ?
Ба гуфтаи Ҳасан Хуҷамуродов, ин қалъа чанд соли пеш аз ҷониби бобои Ғоиб ном сокини деҳа ба хотири беҳтаргардонии шароити буду боши рамабонҳо бунёд шуда ва ҳоло онро “қалъаи сангини даҳмардаҳо” меноманд.
“Он моли шахсии касе нест ҳар касе зарурат дошта бошад аз он қалъа истифода мекунад. То ҳол даҳмардаҳо зикри хайри бобои Ғоибро мекунанд” - афзуд, Хуҷамуродов.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба деҳаи Овчӣ, дурдастарин деҳаи вилояти Суғд сафар кард ва аз рӯзгори чӯпонӣ шинос шуд.
Ин видеогузориш шумо корбарони азизро ба тамошои қалъаи “даҳмарда” ва суҳбати рамабонҳо ба кӯҳҳои то 3 000 метри баланд аз сатҳи баҳр ба деҳаи Овчӣ мебарад.
Бино ба омори Идораи кишоварзии Суғд давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 1, 8 миллион сар гусфанду буз парвариш карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0