“Даромади зиёд ё баромади зиёд?” – сабабҳои болоравии нархи гӯшт

© Sputnik / Амир ИсаевТорговля на рынке Мехргон
Торговля на рынке Мехргон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2024
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон сабаби гароншавии қимати гӯшт дар кишварро ба боло рафтани қудрати харидор ва даромадҳои сокинон рабт медиҳанд
ДУШАНБЕ, 8 август — Sputnik. Аммо омор аз афзоиши саршумори чорво шаҳодат медиҳаду гӯштфурӯшон таърифи мутафовите аз вазъ доранд.
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, директори Агентии омори назди ҳукумати Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, вақте пешниҳод талаботро қонеъ намекунад, ин вазъ мӯҷиби болоравии нарх мешавад.
“Он чӣ бо нархи гӯшт дар бозорҳои Тоҷикистон иттифоқ афтодааст, аз рӯи ҳамин қонуни бозор таъриф мешавад. Боло рафтани қимати гӯшт нишонаи боло рафтани тавони харидорӣ ва ҳам даромадҳои мардум аст”, - гуфт Ҷӯрабек Нурмуҳаммадзода.
Мавсуф нафари дуввум аз мақомоти Тоҷикистон аст, ки мегӯяд, сабаби гаронии қимати гӯшт дар бозорҳои Тоҷикистон қабл аз ҳама афзудани тавони харидорӣ ва даромадҳои сокинон аст. Қаблан Мадшокир Назарзода, муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон, низ болоравии нархи гӯштро ба афзоиши талаботи мардум ва зиёд шудани теъдоди ошхонаву тарабхонаҳо дар кишвар рабт дода буд.
Дар ҳамин ҳол, боз ҳам тибқи иттилои Агентии омор, таи ним соли равон, теъдоди чорвои шохдор дар Тоҷикистон дар ҳама радаҳо ба 2 миллиону 705,7 ҳазор сар расид, ки 100,1 ҳазор сар ё 3.8 дарсад бештар аз давраи мушобеҳи соли гузашта аст. Дар ин муддат теъдоди гӯсфанду бузи болиғ бар 7 миллиону 089,7 ҳазор сар буда, ки 479,6 ҳазор сар муодили 7,3 дарсад афзоиш доштааст.
Базар в Кулябе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2024
Гарон нафурӯшед: Мақомот нарх дар бозорҳои Хатлонро дар моҳи Рамазон зери назорат мегирад
Табъан афзоиши тавлидоти гӯшт низ дар ин давра сабт шудааст. Бино ба иттилои Агентии омор, дар январ то июни соли равон, ҳаҷми тавлиди гӯшти ҳайвоноти хонагии бузургу кӯчак ба вазни зинда дар ҳама навъи хоҷагиҳо ба 88 ҳазору 349 тон расид, ки 14,7 дарсад бештар аз давраи мушобеҳи соли 2023 аст.
Дар ҳамин ҳол, нархи як кило гӯшти гов дар бозорҳои Тоҷикистон тайи яку ним моҳи ахир аз 75 ба 90 ва қимати як кило гӯшти гӯсфанд аз 85 ба 100 сомонӣ боло рафт.
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода гуфт, дар қатори авомили болоравии даромадҳои сокинони кишвар болоравии музди миёнаи меҳнат ва музди хизматчиёни давлатиро унвон кард.
“Ҳар сокини Тоҷикистон ба ин воқеият ошност, ки ҳар гоҳ музди маош боло рафт, нархҳо ҳам боло мераванд. Қурби доллар ҳам ки боло рафт, ҳамин вазъ такрор мешавад”, - гуфт директори Агентии омори Тоҷикистон.
Тибқи иттилои вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, ба ҳолати 1 июни соли равон музди миёнаи меҳнат, ки ба кормандони кироякор пардохт шудааст, 2 ҳазору 148,98 сомониро ташкил додааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2023 (1907,12 сомонӣ) 241,98 сомонӣ ё 12,7% ва дар қиёс ба аввали соли 2024 (2013,11 сомонӣ) 135,86 сомонӣ ё 6,7 фоиз зиёд аст.
Ҳамзамон тибқи дастури раисҷумҳури Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024 музди меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 40%, аз 1 июл нафақаҳои суғуртавии меҳнатӣ ва иловапулии онҳо дар ҳаҷми 30% ва маоши кормандони буҷавӣ ва стипендияи донишҷӯён 40% боло рафт.
Производство цемента на заводе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2024
Сементи Тоҷикистон ба Афғонистону Узбекистон бо кадом нарх фурӯхта мешавад? Посухи мақомот
Инчунин аз 1 июл ҳадди ақали музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар шуд.
Зоҳиран, додаҳои расмӣ низ ба таъйиди арзёбиҳои мақомоти расмӣ “ҳарф мезананд”. Тибқи иттилои Агентии омор, дар раддабандии ҳаҷми фурӯши маҳсулоти ғизоӣ гӯшту ҳасиб (15, 5%) фақат аз орду нон (17,5%) пойин, аммо аз шакару ширинӣ (4.9%), сабзавот ва картошка (5.3%) ва равғани растанӣ (4,4%) боло қарор дорад.
Дар ҳамин ҳол, гӯштфурӯшони бозорҳои Душанбе аз болоравии қимати молашон ривоятҳои дигаре доранд. Яке аз онҳо, ки нахост номашро зикр кунем, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, сабаби аслии пеш омадани чунин вазъ тағйир дар худи бозорҳои чорвофурӯшӣ аст.
“Агар дар гузашта соҳиби гов қимати як кило моли зиндаро вобаста ба фарбеҳӣ 40 то 45 сомонӣ нарх мегузошт, ҳоло 47 ба 48 сомонӣ мефурӯшад. Агар бовар накунед, рӯзи ҷумъа метавонед ба молбозори шаҳри Ваҳдат равед ё рӯзи чоршанбе ба бозори ноҳияи Рӯдакӣ”, - гуфт вай.
Ба қавли ӯ, як гови 300 килоӣ қариб 30 кило пӯст, 7 кило шикамба, 5 -6 кило поча, 10 кило калла дорад ва ҳазорхонаву рудаҳояш бар ин ҳама афзуда мешавад. Ин ҳама баромадҳои гӯшти тоза аст, ки бар нархи асосӣ таъсир мегузорад”, - гуфт ҳамсӯҳбати Sputnik Тоҷикистон.
Вай аз ҳилаву найрангҳо ва “бевиҷдонӣ” - и соҳибони гов низ ёдовар шуда, афзуд, бархеи онҳо қабл аз он, ки молашонро ба бозор оранд, говро хуб об медиҳанд.
Уборка овощей 
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2024
Ҳосили кишоварзӣ дар ҳудуди кишварҳои ИИАО афзоиш ёфт
“Тасаввур кунед, ки бархе говҳои бузург то 30 – 40 литр об мехӯранд, ки ин шиками онҳоро ҳам медамонаду онҳоро “фарбеҳтар” нишон медиҳад ва ҳам бар вазни онҳо меафзояд. Мо обу ҳатто ахлоти говро ҳам мехарем. Аз куҷо донем, ки дар даруни ин гов чист”, - гуфт вай.
Ин гӯштфурӯш мегӯяд, дар ҳар бозор тарозуҳои бузург истодаанд ва соҳибон молашонро бар кашида, ба муштарӣ мефурӯшанд.
“Дар гузашта говро кушта, гӯшти онро бо нархи 70 – 75 сомонӣ мефурӯхтанд. Ҳоло ҳамин гуна бар кашида медиҳанд, ки барои мо фоида надорад. Бинед, аз чаҳор дӯконе, ки дар шафати ман кор мекарданд, се дӯкон баста аст. Агар масъулин таваҷҷуҳ карда, тарозуҳоро аз бозорҳо бардоранд, шояд масъала ҳалли худро ёбад”, - хулоса кард ҳамсӯҳбати Sputnik Тоҷикистон.
Таҳлилу арзёбӣ ва шикояти ин гӯштфурӯш ҳарчанд ривоят аз воқеиятҳои дигар дорад, аммо арзёбиҳои мақомотро дар бораи ин ки тавони харидорӣ ва даромадҳои мардум афзудааст, рад намекунад, зеро ба назар мерасад, бозори ҳамон соҳиби мол низ гарм ва талабот ба пешниҳоди ӯ низ афзудааст.
Лентаи хабарҳо
0