https://sputnik.tj/20240725/gushtkhur-ziyod-shud-sharhi-maqomot-dar-borai-garon-budani-narkhi-gusht-dar-tojikiston-1063664272.html
Гӯштхӯр зиёд шуд: шарҳи мақомот дар бораи гарон будани нархи гӯшт дар Тоҷикистон
Гӯштхӯр зиёд шуд: шарҳи мақомот дар бораи гарон будани нархи гӯшт дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Масъулини вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯянд, ки гӯштхӯрии аз ҳад зиёди аҳолӣ сабаби гаронии нархи он дар ҷумҳурӣ шудааст
2024-07-25T17:41+0500
2024-07-25T17:41+0500
2024-07-25T17:41+0500
кишоварзӣ
дар тоҷикистон
гӯшт
нарх
бозор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039139027_0:312:3000:2000_1920x0_80_0_0_a82dfd5db7d75f61b1b0b6b2a4c75f46.jpg
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Талаботи аҳолӣ ба гӯшти гову гӯсфанд бештар гаштааст, гуфт зимни нишасти матбуотӣ муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон Нигина Анварӣ.Ҳамин тавр мақомоти Тоҷикистон сабаби гарон шудани нархи гӯшти говро дар Тоҷикистон шарҳ дод."Ҳоло 99,9%-и аҳолиро бо гӯшт таъмин мекунем, вале сабаби поён нарафтани қимати он зиёд шудани талаботи бозор ва воридоти хӯроки чорво аз хориҷ аст", - гуфт Нигина Анварӣ.Муовини вазир таъкид кард, ки ҳоло ҷумҳурӣ ба хориҷ содироту воридоти гӯшт надорад.Ин ниҳод мегӯяд, ҳоло сари зиёдсозии саршумори чорвои гӯштӣ, ва пешниҳоди гӯшти мурғу моҳӣ нархҳоро танзим кунад.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш расонаҳои маҳаллӣ дар бораи болоравии нархи гӯшт дар Тоҷикистон хабар дода буданд.Дар баъзе аз бозорҳои пойтахти Тоҷикистон ҳоло нархи як кило гӯшти гов аз 80-82 сомонӣ зиёдтар аст. Нархи гӯшти гӯсфанд ва буз 85 сомони расид.Ин дар ҳолест, қаблан нархи гӯшти гов дар кишвар ба ҳисоби миёна 71 ва гӯсфанд 75 сомонӣ буда, танҳо дар Панҷакент ва Хуҷанд аз 80 сомонӣ гузашта буд. Арзонтарин нарх дар Хоруғ ба сабт шудааст, ки 64 сомониро ташкил медод.
https://sputnik.tj/20230630/barnoma-hukumat-kor-tojikiston-voridot-gusht-kohish-1057999233.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039139027_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_f99c9d9e0de91dd0c5d0d8c43ed67689.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, гӯшт, гарон, гӯштхӯр, аҳолӣ, нарх, вазорати кишоварзӣ
тоҷикистон, гӯшт, гарон, гӯштхӯр, аҳолӣ, нарх, вазорати кишоварзӣ
Гӯштхӯр зиёд шуд: шарҳи мақомот дар бораи гарон будани нархи гӯшт дар Тоҷикистон
Масъулини вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯянд, ки гӯштхӯрии аз ҳад зиёди аҳолӣ сабаби гаронии нархи он дар ҷумҳурӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Талаботи аҳолӣ ба гӯшти гову гӯсфанд бештар гаштааст, гуфт зимни нишасти матбуотӣ муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон Нигина Анварӣ.
Ҳамин тавр мақомоти Тоҷикистон сабаби гарон шудани нархи гӯшти говро дар Тоҷикистон шарҳ дод.
"Ҳоло 99,9%-и аҳолиро бо гӯшт таъмин мекунем, вале сабаби поён нарафтани қимати он зиёд шудани талаботи бозор ва воридоти хӯроки чорво аз хориҷ аст", - гуфт Нигина Анварӣ.
Муовини вазир таъкид кард, ки ҳоло ҷумҳурӣ ба хориҷ содироту воридоти гӯшт надорад.
Ин ниҳод мегӯяд, ҳоло сари зиёдсозии саршумори чорвои гӯштӣ, ва пешниҳоди гӯшти мурғу моҳӣ нархҳоро танзим кунад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш расонаҳои маҳаллӣ дар бораи болоравии нархи гӯшт дар Тоҷикистон хабар дода буданд.
Дар баъзе аз бозорҳои пойтахти Тоҷикистон ҳоло нархи як кило гӯшти гов аз 80-82 сомонӣ зиёдтар аст. Нархи гӯшти гӯсфанд ва буз 85 сомони расид.
Ин дар ҳолест, қаблан нархи гӯшти гов дар кишвар ба ҳисоби миёна 71 ва гӯсфанд 75 сомонӣ буда, танҳо дар Панҷакент ва Хуҷанд аз 80 сомонӣ гузашта буд. Арзонтарин нарх дар Хоруғ ба сабт шудааст, ки 64 сомониро ташкил медод.