https://sputnik.tj/20240306/garon-narkh-bozor-khatlon-mohi-ramazon-nazorat-1061949106.html
Гарон нафурӯшед: Мақомот нарх дар бозорҳои Хатлонро дар моҳи Рамазон зери назорат мегирад
Гарон нафурӯшед: Мақомот нарх дар бозорҳои Хатлонро дар моҳи Рамазон зери назорат мегирад
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти вилояти Хатлони Тоҷикистон эълон кардааст, ки талош хоҳанд кард дар моҳи Рамазон нархи маҳсулоти ниёзи аввалро таҳти назорат бигиранд
2024-03-06T09:47+0500
2024-03-06T09:47+0500
2024-03-06T09:47+0500
дар тоҷикистон
рамазон
моҳи рамазон
нарх
бозор
хатлон
назорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/15/1040337188_0:156:3000:1844_1920x0_80_0_0_dd167391ff2794f32884f9850020245e.jpg
ДУШАНБЕ, 6мар – Sputnik. Масъулони Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва дигар сохторҳо барои таҳти назорат гирифтани нархҳо талош хоҳанд кард, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”.Ба иттилои Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар вилояти Хатлон гуфтааст, ки барои пешгирӣ аз баландшавии нархи наво дар моҳи Рамазон бо масъулони бозору фурушгоҳҳо ва соҳибкорони вилоят суҳбат кардаанд.Ин ниҳоди давлатӣ қайд кардааст, ки баъзе соҳибкорон аз ҳозир нархи як килограм гӯштро то ба 75 сомонӣ расонида буданд ва баъди суҳбату вохурӣ он 70 сомонӣ баробар шуд.Ҳамзамон ин ниҳод илова кардааст, ки 19 номгуйи маҳсулоти ниёзи аввалро танзим хоҳанд кард.Мақомот афзуд, талош хоҳад кард, ки дар моҳи Рамазон нархҳоро дар бозорҳои вилоят таҳти назорат қарор дода, ҳолатҳои беасос болоравии нархҳоро пешгирӣ кунанд.Бояд қайд кард, ки ҳамасола бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон бозору фурӯшгоҳҳои кишвар, нархи маҳсулоте, ки ба он талабот зиёд мегардад, ба маротиб ӣоло меравад.
https://sputnik.tj/20240304/elon-ruzi-oghoz-ramazon-nisobi-zakot-tojikiston-1061929748.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/15/1040337188_167:0:2834:2000_1920x0_80_0_0_c3785e9281cb568d4ff98007f5cc75c5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хатлон, мақомот, рамазон, нарх, бозор, назорат
тоҷикистон, хатлон, мақомот, рамазон, нарх, бозор, назорат
Гарон нафурӯшед: Мақомот нарх дар бозорҳои Хатлонро дар моҳи Рамазон зери назорат мегирад
Мақомоти вилояти Хатлони Тоҷикистон эълон кардааст, ки талош хоҳанд кард дар моҳи Рамазон нархи маҳсулоти ниёзи аввалро таҳти назорат бигиранд
ДУШАНБЕ, 6мар – Sputnik. Масъулони Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва дигар сохторҳо барои таҳти назорат гирифтани нархҳо талош хоҳанд кард, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”.
Ба иттилои Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар вилояти Хатлон гуфтааст, ки барои пешгирӣ аз баландшавии нархи наво дар моҳи Рамазон бо масъулони бозору фурушгоҳҳо ва соҳибкорони вилоят суҳбат кардаанд.
Ин ниҳоди давлатӣ қайд кардааст, ки баъзе соҳибкорон аз ҳозир нархи як килограм гӯштро то ба 75 сомонӣ расонида буданд ва баъди суҳбату вохурӣ он 70 сомонӣ баробар шуд.
“Ҳамчунин, масъулони бозорҳо ваъда доданд, ки дар моҳи рамазон ба хотири баланд нашудани нархи наво барои соҳибкорон имтиёз медиҳанд”, - зикр кардааст манбаъ.
Ҳамзамон ин ниҳод илова кардааст, ки 19 номгуйи маҳсулоти ниёзи аввалро танзим хоҳанд кард.
Мақомот афзуд, талош хоҳад кард, ки дар моҳи Рамазон нархҳоро дар бозорҳои вилоят таҳти назорат қарор дода, ҳолатҳои беасос болоравии нархҳоро пешгирӣ кунанд.
Бояд қайд кард, ки ҳамасола бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон бозору фурӯшгоҳҳои кишвар, нархи маҳсулоте, ки ба он талабот зиёд мегардад, ба маротиб ӣоло меравад.