https://sputnik.tj/20240518/sement-tojikiston-afghonistonu-uzbekiston-narkh-maqomot-1062870698.html
Сементи Тоҷикистон ба Афғонистону Узбекистон бо кадом нарх фурӯхта мешавад? Посухи мақомот
Сементи Тоҷикистон ба Афғонистону Узбекистон бо кадом нарх фурӯхта мешавад? Посухи мақомот
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон гуфт, содироти семент аз Тоҷикистон ба кишварҳи ҳамсоя соли 2023 якбора коҳиш ёфт а, 442,1 ҳазор тонна ба фурӯш нарафт
2024-05-18T12:59+0500
2024-05-18T12:59+0500
2024-05-18T12:59+0500
дар тоҷикистон
семент
содирот
нархи қимат
афғонистон
узбекистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/04/1042644883_0:63:3072:1791_1920x0_80_0_0_44a967ffad423628a58637b4fab4531e.jpg
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Сардори раёсати саноати масолеҳи сохтмони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Амонулло Судуров, дар суҳбат бо “Ҷумҳурият” қайд кардааст, ки аз соли 2016 содироти маҳсулот васеъ ба роҳ монда шуда, семент бештар ба кишварҳои ҳамсоя фурӯхта мешуд.Илова карда шудааст, ки болоравии нархи барқ, сӯзишворӣ ва дигар омилҳоро аз масоили ҳалталаб ё монеаҳои соҳа медонанд, ки ба арзиши аслии маҳсулот таъсир мерасонад.Ҳамчунин ба иттилои оқои Судуров дар бозори дохилӣ қимати як тонна семент вобаста ба тамға 850-880 сомонӣ мебошад.“Як тонна семент ба Афғонистон бе назардошти хароҷоти роҳ бо арзиши 571 ва Ӯзбекистон 281 сомонӣ содир мешавад. Сабаб он аст, ки вақте сементро дар дохил ба фурӯш мебароранд, 18 фоиз андоз аз арзиши иловашударо корхонаҳои истеҳсолкунанда пардохт менамоянд. Ҳангоми содирот ин маблағ аз истеҳсолкунанда ситонда намешавад”, - қайд кардааст мақомдори тоҷик.Зикр гардидааст, ки дар ҳоли ҳозир барои кашондани маҳсулот, аз ҷумла семент, тавассути роҳи оҳан ва нақлиёти автомобилӣ ягон мушкилӣ вуҷуд надорад.“Арзиши боркашонии як вагон, ки 60-68 тонна бор дорад, аз истгоҳи роҳи оҳани ноҳияи Ёвон то истгоҳи Қудуқлии Ӯзбекистон, бо назардошти сабукиҳо, қариб 260 доллар аст”, гуфт Амонулло Судуров.Ёдовар мешавем, ки ахиран намояндаи ҳукумати Афғонистон дар KazanForum-2024 гуфт, ки аз Тоҷикистон семент харидорӣ менамоянд.
https://sputnik.tj/20231014/sughd-istehsol-sement-kohish-1059956818.html
афғонистон
узбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/04/1042644883_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_28c69b638696e0dfc84a4c5d01c3848f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, афғонистон, узбекистон, қимат, нарх, фурухта, содирот
тоҷикистон, афғонистон, узбекистон, қимат, нарх, фурухта, содирот
Сементи Тоҷикистон ба Афғонистону Узбекистон бо кадом нарх фурӯхта мешавад? Посухи мақомот
Мақомоти Тоҷикистон гуфт, содироти семент аз Тоҷикистон ба кишварҳи ҳамсоя соли 2023 якбора коҳиш ёфт а, 442,1 ҳазор тонна ба фурӯш нарафт
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Сардори раёсати саноати масолеҳи сохтмони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Амонулло Судуров, дар суҳбат бо “Ҷумҳурият” қайд кардааст, ки аз соли 2016 содироти маҳсулот васеъ ба роҳ монда шуда, семент бештар ба кишварҳои ҳамсоя фурӯхта мешуд.
“Содирот якбора соли 2023 коҳиш ёфта, 442,1 ҳазор тонна ба фурӯш нарафт, зеро кишварҳои харидор корхонаҳои калони сементбарорӣ бунёд доранд, ки метавонанд талаботи дохилии худро пурра бо маҳсулот таъмин намоянд”, -гуфт ӯ
Илова карда шудааст, ки болоравии нархи барқ, сӯзишворӣ ва дигар омилҳоро аз масоили ҳалталаб ё монеаҳои соҳа медонанд, ки ба арзиши аслии маҳсулот таъсир мерасонад.
Ҳамчунин ба иттилои оқои Судуров дар бозори дохилӣ қимати як тонна семент вобаста ба тамға 850-880 сомонӣ мебошад.
“Як тонна семент ба Афғонистон бе назардошти хароҷоти роҳ бо арзиши 571 ва Ӯзбекистон 281 сомонӣ содир мешавад. Сабаб он аст, ки вақте сементро дар дохил ба фурӯш мебароранд, 18 фоиз андоз аз арзиши иловашударо корхонаҳои истеҳсолкунанда пардохт менамоянд. Ҳангоми содирот ин маблағ аз истеҳсолкунанда ситонда намешавад”, - қайд кардааст мақомдори тоҷик.
Зикр гардидааст, ки дар ҳоли ҳозир барои кашондани маҳсулот, аз ҷумла семент, тавассути роҳи оҳан ва нақлиёти автомобилӣ ягон мушкилӣ вуҷуд надорад.
“Арзиши боркашонии як вагон, ки 60-68 тонна бор дорад, аз истгоҳи роҳи оҳани ноҳияи Ёвон то истгоҳи Қудуқлии Ӯзбекистон, бо назардошти сабукиҳо, қариб 260 доллар аст”, гуфт Амонулло Судуров.
Ёдовар мешавем, ки ахиран намояндаи ҳукумати Афғонистон дар KazanForum-2024 гуфт, ки аз Тоҷикистон семент харидорӣ менамоянд.