https://sputnik.tj/20240806/oftobro-girand-nigaronii-sokinoni-khujand-vadai-hokimi-sugd-video-1063827908.html
Мехоҳанд офтобро аз рӯи мо гиранд: нигаронии сокинони Хуҷанд ва ваъдаи ҳокими Суғд – видео
Мехоҳанд офтобро аз рӯи мо гиранд: нигаронии сокинони Хуҷанд ва ваъдаи ҳокими Суғд – видео
Sputnik Тоҷикистон
Сокини маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд нигаронанд, ки дар ҳоли сохта шудани биноҳои нав дар байни биноҳои истиқоматии онҳо аз нури офтоб маҳрум мешаванд
2024-08-06T17:42+0500
2024-08-06T17:42+0500
2024-08-07T11:19+0500
видео
суғд
хуҷанд
сохтмон
бино
истиқоматӣ
нигаронӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/06/1063827723_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_4cd32a09d1e4aa731509604e9c270624.jpg
Даҳҳо сокини маҳаллаи 18 уми шаҳри Хуҷанд нигаронанд, ки дар ҳоли сохта шудани биноҳои нав дар байни биноҳои истиқоматии 9, 10 ва 11, онҳо аз нури офтоб маҳрум шуда ва садҳо адад дарахтони сабз, ки солҳо ба ин тараф барои тозагии атроф парвариш шуданд, решакан карда мешавандСадҳо сокини биноҳои истиқоматии 9, 10 ва 11 и маҳаллаи 18 изҳор медоранд, ки раиси шаҳри Хуҷанд дар вақти қабули қарор, ҳуқуқу манфиятҳои онҳоро нодида гирифта ва меъёри қонунгузории замин ва сохтмонро сарфи назар кардааст.Бино ба иттилоъи дарёфтӣ, шаҳрдори Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, санаи 20 уми сентябри соли 2023 № 451 ба шаҳрванд Пӯлотов Музаффарҷон ва инчунин санаи 18 декабри соли 2023 № 638 ба шаҳрванд Муллоев Башир барои сохтмони биноҳои истиқоматии 9 - ошёнагӣ дар байни биноҳои 9, 10 ва 11 маҳаллаи 18 қарор содир кардааст.Истиқоматкунандагони ин биноҳо мегуянд, замини барои сохтмони нав ҷудошуда ба нақшаи генералии шаҳри Хуҷанд пешбинӣ нашудааст ва мутлақо хилофи қонунгузории замин ва меъёрҳои сохтмон аст.Нигаронии сокинони маҳаллаи ХуҷандНорӣ Файзиева, яке аз истиқоматкунандагони бинои 9 и маҳаллаи 18 зимни суҳбат изҳор намуд, онҳо дар шароити танги хонаводагӣ ба сар мебаранд, аммо сохтмони бинои нав зиндагии онҳоро боз ҳам душвортар мегардонад.Дар шаҳри Бӯстон минтақаи нави саноатӣ месозанд: соҳибкорони Русия хоҳони ҳамкорӣ ҳастанд“Вақтҳои охир об баъзан вақт ба ошёнаҳои 3, 4 ва 5 ба душворӣ мебарояд. Қубури канализатсия ҳам фарсуда шуда, ҳар вақт садама мешавад, агар ин ҷо бинои нав пушанд ин мушкилиҳо боз ҳам сахттар мешавад. Чаро ширкатҳои сохтмонӣ ба шаҳрҳое, ки он ҷо барои сохтмони хонаҳои нав ҷой ва имконияти васеъ аст, хона намесозанд?” – изҳор намуд, Файзиева.Бӯстон Ҷӯраев, раиси бинои истиқоматии 10 и маҳаллаи 18 и шаҳри Хуҷанд мегуяд, дар ин бино танҳо як ҷой барои бозии кӯдакон мавҷуд аст, ки дар он ҳама ба футбол ва фароғат фаро гирифта мешаванд. Вале ширкатҳои сохтмонкунанда ба ҳамин ягона бозиҷойи кӯдакон “чашм ало” кардаанд.Чаро манфияти як-ду нафар аз манфияти садҳо нафар боло бошад?Биноҳои 9, 10 ва 11 аз дарозтарин хонаҳои истиқоматии маҳаллаҳои 18 и Хуҷанд гуфта мешавад, ки солҳои 80 уми замони Шӯравӣ бунёд шудаанд.Ин биноҳо аз 5 ошёна иборат буда, масофаи онҳо кам ё беш аз 30 метр аст. Дар ин биноҳо беш аз 500 нафар зиндагӣ доранд.Сокинони ин биноҳо истиқоматӣ мегуянд, дар ҳоли шурӯъ шудани сохтмон на танҳо хатҳои обу ташноб хароб мегардад, балки садҳо адад дарахтони сарсабз бурида шуда, расиши нури офтоб ва рӯшнои ба манзилҳои онҳоро мушкил мегардонад. Ба ин тартиб сокинон таъкид меварзанд, ки чаро манфияти як-ду соҳибкори ба истилоҳ “хонасоз” аз манфияти садҳо сокинон боло бошад?Аз оҳанпораю мошинҳои кӯҳна: Муҳаммадҷон дар Панҷакент трактори ғайриоддӣ сохт – видеоРаҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт, агар замини ҷудошуда ба нақшаи генералии шаҳр пешбинӣ нашудааст, қарори онро аз нав баррасӣ мекунанд. Ӯ дар ин бора зердастонаш дастур дод.“Замини ҷудошуда барои сохтмон агар ба нақшаи генералии шаҳр набошад, мо ҳуқуқ дорем қарорҳоро аз нав баррасӣ кунем. Роҳбари дастгоҳ назорат кунед, худи ҳамин рӯз рафта масъаларо омӯхта пешниҳод кунед. Дар доираи қонун муроҷиати сокинонро баррасӣ мекунем” - гуфт, раиси вилояти Суғд.Сокинон дар маҳаллаи 18 уми Хуҷанд умедворанд, ки масъулони ҳукумати шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд масъаларо моҳиятан баррасӣ намуда ҳуқуқу манфиятҳои онҳоро ҳифз мекунанд.
суғд
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/06/1063827723_0:0:1440:1080_1920x0_80_0_0_d280273e9d3de48c47186bccd2d8bf88.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, суғд, сохтмон, хонаҳои истиқоматӣ, нигаронӣ, хуҷанд
видео, суғд, сохтмон, хонаҳои истиқоматӣ, нигаронӣ, хуҷанд
Мехоҳанд офтобро аз рӯи мо гиранд: нигаронии сокинони Хуҷанд ва ваъдаи ҳокими Суғд – видео
17:42 06.08.2024 (Навсозишуда: 11:19 07.08.2024) Сокини маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд нигаронанд, ки дар ҳоли сохта шудани биноҳои нав дар байни биноҳои истиқоматии онҳо аз нури офтоб маҳрум мешаванд
Даҳҳо сокини маҳаллаи 18 уми шаҳри Хуҷанд нигаронанд, ки дар ҳоли сохта шудани биноҳои нав дар байни биноҳои истиқоматии 9, 10 ва 11, онҳо аз нури офтоб маҳрум шуда ва садҳо адад дарахтони сабз, ки солҳо ба ин тараф барои тозагии атроф парвариш шуданд, решакан карда мешаванд
Садҳо сокини биноҳои истиқоматии 9, 10 ва 11 и маҳаллаи 18 изҳор медоранд, ки раиси шаҳри Хуҷанд дар вақти қабули қарор, ҳуқуқу манфиятҳои онҳоро нодида гирифта ва меъёри қонунгузории замин ва сохтмонро сарфи назар кардааст.
Бино ба иттилоъи дарёфтӣ, шаҳрдори Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, санаи 20 уми сентябри соли 2023 № 451 ба шаҳрванд Пӯлотов Музаффарҷон ва инчунин санаи 18 декабри соли 2023 № 638 ба шаҳрванд Муллоев Башир барои сохтмони биноҳои истиқоматии 9 - ошёнагӣ дар байни биноҳои 9, 10 ва 11 маҳаллаи 18 қарор содир кардааст.
Истиқоматкунандагони ин биноҳо мегуянд, замини барои сохтмони нав ҷудошуда ба нақшаи генералии шаҳри Хуҷанд пешбинӣ нашудааст ва мутлақо хилофи қонунгузории замин ва меъёрҳои сохтмон аст.
Нигаронии сокинони маҳаллаи Хуҷанд
Норӣ Файзиева, яке аз истиқоматкунандагони бинои 9 и маҳаллаи 18 зимни суҳбат изҳор намуд, онҳо дар шароити танги хонаводагӣ ба сар мебаранд, аммо сохтмони бинои нав зиндагии онҳоро боз ҳам душвортар мегардонад.
“Вақтҳои охир об баъзан вақт ба ошёнаҳои 3, 4 ва 5 ба душворӣ мебарояд. Қубури канализатсия ҳам фарсуда шуда, ҳар вақт садама мешавад, агар ин ҷо бинои нав пушанд ин мушкилиҳо боз ҳам сахттар мешавад. Чаро ширкатҳои сохтмонӣ ба шаҳрҳое, ки он ҷо барои сохтмони хонаҳои нав ҷой ва имконияти васеъ аст, хона намесозанд?” – изҳор намуд, Файзиева.
Бӯстон Ҷӯраев, раиси бинои истиқоматии 10 и маҳаллаи 18 и шаҳри Хуҷанд мегуяд, дар ин бино танҳо як ҷой барои бозии кӯдакон мавҷуд аст, ки дар он ҳама ба футбол ва фароғат фаро гирифта мешаванд. Вале ширкатҳои сохтмонкунанда ба ҳамин ягона бозиҷойи кӯдакон “чашм ало” кардаанд.
“Кӯдакон аз мактаб омада ба майдончаи пеши бино футболбозӣ мекунанд, дигар ҷой барои бозӣ нест. Агар ин ҷо бино сохта шавад, кӯдакони мо куҷо раванд? Дар канор хона сохтанд, агар дар пешу пас ҳам агар бинои 9 - ошёнаӣ созанд, мо дар хонаҳоямон дар торикӣ мемонем” – изҳор намуд, Ҷӯраев.
Чаро манфияти як-ду нафар аз манфияти садҳо нафар боло бошад?
Биноҳои 9, 10 ва 11 аз дарозтарин хонаҳои истиқоматии маҳаллаҳои 18 и Хуҷанд гуфта мешавад, ки солҳои 80 уми замони Шӯравӣ бунёд шудаанд.
Ин биноҳо аз 5 ошёна иборат буда, масофаи онҳо кам ё беш аз 30 метр аст. Дар ин биноҳо беш аз 500 нафар зиндагӣ доранд.
Сокинони ин биноҳо истиқоматӣ мегуянд, дар ҳоли шурӯъ шудани сохтмон на танҳо хатҳои обу ташноб хароб мегардад, балки садҳо адад дарахтони сарсабз бурида шуда, расиши нури офтоб ва рӯшнои ба манзилҳои онҳоро мушкил мегардонад. Ба ин тартиб сокинон таъкид меварзанд, ки чаро манфияти як-ду соҳибкори ба истилоҳ “хонасоз” аз манфияти садҳо сокинон боло бошад?
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт, агар замини ҷудошуда ба нақшаи генералии шаҳр пешбинӣ нашудааст, қарори онро аз нав баррасӣ мекунанд. Ӯ дар ин бора зердастонаш дастур дод.
“Замини ҷудошуда барои сохтмон агар ба нақшаи генералии шаҳр набошад, мо ҳуқуқ дорем қарорҳоро аз нав баррасӣ кунем. Роҳбари дастгоҳ назорат кунед, худи ҳамин рӯз рафта масъаларо омӯхта пешниҳод кунед. Дар доираи қонун муроҷиати сокинонро баррасӣ мекунем” - гуфт, раиси вилояти Суғд.
Сокинон дар маҳаллаи 18 уми Хуҷанд умедворанд, ки масъулони ҳукумати шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд масъаларо моҳиятан баррасӣ намуда ҳуқуқу манфиятҳои онҳоро ҳифз мекунанд.