https://sputnik.tj/20240802/ohanpora-moshinhoi-kuhna-muhammadjon-panjakent-traktor-1063785681.html
Аз оҳанпораю мошинҳои кӯҳна: Муҳаммадҷон дар Панҷакент трактори ғайриоддӣ сохт – видео
Аз оҳанпораю мошинҳои кӯҳна: Муҳаммадҷон дар Панҷакент трактори ғайриоддӣ сохт – видео
Sputnik Тоҷикистон
Муҳаммадҷони 15-сола бо трактори сохтаи худ то даври ниҳоии озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” ба пойтахти Тоҷикистон рафта пирӯз шуд
2024-08-02T18:34+0500
2024-08-02T18:34+0500
2024-08-02T18:34+0500
видео
суғд
трактор
наврас
панҷакент
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/02/1063785502_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_2c41e6fbaf2dde294270d0b5846f9ce6.jpg
Дарави гандуму ҷаву шолӣ, алаф (беда) ва шудгору молакунии заминҳои байни дарахтони боғ ва ҳам замини дохили гармхонаҳо дар шароити деҳотҷойҳо аз вижагии кори кишоварзӣ гуфта мешавад, ки иҷрои ин ҳамаро корҳоро дар вақти сохтани тарктори худ, хонандаи мактаб пешбинӣ кардаастМуҳаммадҷон Яздонқулов, хонандаи синфи 8 и мактаби № 29 и шаҳри Панҷакент аст. Ду соли пеш ба сохтмони нахустин тарактор шурӯъ кард.Трактори сохтаи ин хонандаи 15 солаи мактаб, ҳама аъзои ҳакамони озмунҳои ҷумҳуриявии “Ихтироъкорони наврас” ва “Илм- фурӯғи маърифат”дар шаҳрҳои Панҷакент ва Хуҷанду шаҳри Душанберо мутаҳайир кард.Талоши Эрону Тоҷикистон барои густариши равобити дуҷониба дар бахши кишоварзӣМуҳаммадҷон бо трактори сохтаи худ то даври ниҳоии озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” ба пойтахти Тоҷикистон рафта пирӯз шуд ва ба Панҷакент барои волидон ва коллективи устодонаш ифтихор овард.Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба шаҳри Панҷакент сафар кард ва аз Муҳаммадҷон дар бораи чи гуна сохтани тарактор ва аҳамияти он дар кори кишоварзӣ пурсид.Зимни суҳбат Муҳаммадҷон Яздонқулов гуфт, ки сохтаи ӯ, аз тракторҳои сохти белорусӣ аз лиҳози ҳаҷм (андоза) хурд буда, он барои иҷрои як қатор корҳои кишоварзӣ аз ҷумла дарави ғалладонагиҳо ва шудгори заминҳои байни дарахтон хеле мувофиқ аст.Босуръаттарин трактор дар ҷаҳон: Корхонаи Минск болидашро намоиш дод - видео“Дар деҳотҷойҳо заминҳо майда – майда тақсим шудаанд ва барои самаранок истифода бурдан сокинон ҳам боғ кардаанду ҳам дар замини зери дарахтон зироат кишт мекунанд. Дар ин гуна заминҳо тракторҳои калони белорусиро ба кор даровардан ғайриимкон аст. Бино бар ин ман трактореро сохтам ин корҳо бе мушкилӣ иҷро карда шавад” – гуфт, Яздонқулов.
суғд
панҷакент
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/02/1063785502_240:0:1680:1080_1920x0_80_0_0_30b663f77004779fbfbbc0cace46a200.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, трактор, мошин куҳна, наврас, оҳанпора, суғд, панҷакент
видео, трактор, мошин куҳна, наврас, оҳанпора, суғд, панҷакент
Аз оҳанпораю мошинҳои кӯҳна: Муҳаммадҷон дар Панҷакент трактори ғайриоддӣ сохт – видео
Муҳаммадҷони 15-сола бо трактори сохтаи худ то даври ниҳоии озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” ба пойтахти Тоҷикистон рафта пирӯз шуд
Дарави гандуму ҷаву шолӣ, алаф (беда) ва шудгору молакунии заминҳои байни дарахтони боғ ва ҳам замини дохили гармхонаҳо дар шароити деҳотҷойҳо аз вижагии кори кишоварзӣ гуфта мешавад, ки иҷрои ин ҳамаро корҳоро дар вақти сохтани тарктори худ, хонандаи мактаб пешбинӣ кардааст
Муҳаммадҷон Яздонқулов, хонандаи синфи 8 и мактаби № 29 и шаҳри Панҷакент аст. Ду соли пеш ба сохтмони нахустин тарактор шурӯъ кард.
Трактори сохтаи ин хонандаи 15 солаи мактаб, ҳама аъзои ҳакамони озмунҳои ҷумҳуриявии “Ихтироъкорони наврас” ва “Илм- фурӯғи маърифат”дар шаҳрҳои Панҷакент ва Хуҷанду шаҳри Душанберо мутаҳайир кард.
Муҳаммадҷон бо трактори сохтаи худ то даври ниҳоии озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” ба пойтахти Тоҷикистон рафта пирӯз шуд ва ба Панҷакент барои волидон ва коллективи устодонаш ифтихор овард.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба шаҳри Панҷакент сафар кард ва аз Муҳаммадҷон дар бораи чи гуна сохтани тарактор ва аҳамияти он дар кори кишоварзӣ пурсид.
Зимни суҳбат Муҳаммадҷон Яздонқулов гуфт, ки сохтаи ӯ, аз тракторҳои сохти белорусӣ аз лиҳози ҳаҷм (андоза) хурд буда, он барои иҷрои як қатор корҳои кишоварзӣ аз ҷумла дарави ғалладонагиҳо ва шудгори заминҳои байни дарахтон хеле мувофиқ аст.
“Дар деҳотҷойҳо заминҳо майда – майда тақсим шудаанд ва барои самаранок истифода бурдан сокинон ҳам боғ кардаанду ҳам дар замини зери дарахтон зироат кишт мекунанд. Дар ин гуна заминҳо тракторҳои калони белорусиро ба кор даровардан ғайриимкон аст. Бино бар ин ман трактореро сохтам ин корҳо бе мушкилӣ иҷро карда шавад” – гуфт, Яздонқулов.