https://sputnik.tj/20240801/shahri-buston-mintaqai-navi-sanoati-sohibkoron-rusiya-hamkori-1063760042.html
Дар шаҳри Бӯстон минтақаи нави саноатӣ месозанд: соҳибкорони Русия хоҳони ҳамкорӣ ҳастанд
Дар шаҳри Бӯстон минтақаи нави саноатӣ месозанд: соҳибкорони Русия хоҳони ҳамкорӣ ҳастанд
Sputnik Тоҷикистон
Минтақаи нави саноатӣ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд фаъолияти соҳибкорони маҳаллӣ ва хориҷиро фароҳам хоҳад кард
2024-08-01T18:41+0500
2024-08-01T18:41+0500
2024-08-28T17:12+0500
дар тоҷикистон
саноат
ҳамкорӣ
бӯстон
соҳибкор
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/01/1063773356_0:67:912:580_1920x0_80_0_0_769918b96e59880c15be6c321378ac28.jpg
ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik. Дар шаҳри Бӯстони шимоли Тоҷикистон сохтмони як минтақаи ҷадиди саноатӣ оғоз шудааст. Дар ин бора раиси шаҳри Бӯстон, Нигорахон Ғаффорзода дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.Бино ба гуфти манбаъ, минтақаи нави саноатӣ дар маҳаллаи Наврӯзи шаҳри Бӯстон дар масофаи 50 га воқеъ хоҳад буд.Ғаффорзода таъкид намуд, ки соҳибкорону сармоягузорони Русия барои дар оянда ҷиҳати фаъол намудани корхонаҳои саноатӣ мароқ зоҳир мекунанд.Корхонаи “Фузулоти нодири Тоҷикистон” (собиқ Востокредмет) дар шаҳри Бӯстон мавҷуд буда дорои зерсохторҳо ва имкониятҳои зиёд мебошад.Баҳори соли ҷорӣ дар заминаи ин корхона ду коргоҳи нави саноии тавлидоти пойафзол ва метали ванадий ба кор адохта шуд. Дар ҳукумати шаҳри Бӯстон гуфтанд, ки бахши аъзами моли дар ин корхонаҳо истеҳсолшуда ба Федератсияи Русия содир мешавад.Чанде қабл дар заминаи баргузории намоишгоҳи байналмиллалии “Sugd Expo – 2024”, ки рӯзҳои 18 -20 уми июн дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, гурӯҳе аз сармоягузорони Русия ба шаҳри Бӯстон сафар намуда ба масъулини ҳукумат мулоқот анҷом доданд.Дар шаҳри Бӯстон алҳол 56 адад корхонаҳои саноатӣ мавҷуд буда давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ба маблағи 417 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки ин рақам дар муқоиса ба соли қаблӣ 119 миллион сомонӣ зиёд гуфта мешавад.Раиси шаҳри Бӯстон мегуяд, дар сурати бунёди минтақаи нави саноатӣ фаъолсозии боз даҳҳо корхонаҳои саноатӣ дар назар аст ва ба ин васила даҳҳо ҷойҳои нави корӣ барои сокинон фароҳам хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20240526/kamtar-dahyaki-qarzhoi-bonki-tojikiston-sanoat-ravona-1062979910.html
бӯстон
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/01/1063773356_0:2:912:686_1920x0_80_0_0_d34210be0dd51b25a0399bc47ee0d3d7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, саноат, минтақаи саноатӣ, ҳамкорӣ, соҳибкорони рус, фаъолият
тоҷикистон, саноат, минтақаи саноатӣ, ҳамкорӣ, соҳибкорони рус, фаъолият
Дар шаҳри Бӯстон минтақаи нави саноатӣ месозанд: соҳибкорони Русия хоҳони ҳамкорӣ ҳастанд
18:41 01.08.2024 (Навсозишуда: 17:12 28.08.2024) Минтақаи нави саноатӣ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд фаъолияти соҳибкорони маҳаллӣ ва хориҷиро фароҳам хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik. Дар шаҳри Бӯстони шимоли Тоҷикистон сохтмони як минтақаи ҷадиди саноатӣ оғоз шудааст. Дар ин бора раиси шаҳри Бӯстон, Нигорахон Ғаффорзода дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Бино ба гуфти манбаъ, минтақаи нави саноатӣ дар маҳаллаи Наврӯзи шаҳри Бӯстон дар масофаи 50 га воқеъ хоҳад буд.
“Дар минтақаи сохташавандаи саноатӣ ҳоло корҳои лоиҳакашӣ идома дорад. Дар нақша аст, ки дар минтақаи мазкур бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ва хориҷӣ корхонаҳои истеҳсолии хурду калон таъсис дода шавад” – гуфт, раиси шаҳри Бӯстон.
Ғаффорзода таъкид намуд, ки соҳибкорону сармоягузорони Русия барои дар оянда ҷиҳати фаъол намудани корхонаҳои саноатӣ мароқ зоҳир мекунанд.
Корхонаи “Фузулоти нодири Тоҷикистон” (собиқ Востокредмет) дар шаҳри Бӯстон мавҷуд буда дорои зерсохторҳо ва имкониятҳои зиёд мебошад.
Баҳори соли ҷорӣ дар заминаи ин корхона ду коргоҳи нави саноии тавлидоти пойафзол ва метали ванадий ба кор адохта шуд. Дар ҳукумати шаҳри Бӯстон гуфтанд, ки бахши аъзами моли дар ин корхонаҳо истеҳсолшуда ба Федератсияи Русия содир мешавад.
Чанде қабл дар заминаи баргузории намоишгоҳи байналмиллалии “Sugd Expo – 2024”, ки рӯзҳои 18 -20 уми июн дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, гурӯҳе аз сармоягузорони Русия ба шаҳри Бӯстон сафар намуда ба масъулини ҳукумат мулоқот анҷом доданд.
Дар шаҳри Бӯстон алҳол 56 адад корхонаҳои саноатӣ мавҷуд буда давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ба маблағи 417 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки ин рақам дар муқоиса ба соли қаблӣ 119 миллион сомонӣ зиёд гуфта мешавад.
Раиси шаҳри Бӯстон мегуяд, дар сурати бунёди минтақаи нави саноатӣ фаъолсозии боз даҳҳо корхонаҳои саноатӣ дар назар аст ва ба ин васила даҳҳо ҷойҳои нави корӣ барои сокинон фароҳам хоҳад шуд.