https://sputnik.tj/20240717/barkanorii-kobulov-nozir-afghoniston-vazorati-khorijai-rusiya-1063573364.html
Барканории Кобулов аз идораи нозир бар умури Афғонистон дар вазорати хориҷаи Русия
Барканории Кобулов аз идораи нозир бар умури Афғонистон дар вазорати хориҷаи Русия
Sputnik Тоҷикистон
Замир Кобулов, ки ҳамчунон дар самти намояндаи вижаи Путин дар умури Афғонистон боқӣ монда аз самти раёсати идораи дувуми Осиёи ВУХ-и Русия барканор шуд
2024-07-17T19:05+0500
2024-07-17T19:05+0500
2024-07-17T19:05+0500
русия
дар русия
замир кобулов
барканорӣ
вазорати хориҷаи русия
мария захарова
сиёсат
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/11/1054256992_0:144:3077:1875_1920x0_80_0_0_cd856ba943fa5e646fd3940aaa444f44.jpg
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Замир Кобулов, ки дар ҳавзаи Афғонистон таҷрибаи зиёде дорад ва ба тозагӣ 70 сола шудааст аз самти раёсати идораи дувуми Осиёи вазорати хориҷаи Русия, ки бар умури Афғонистон назорат мекунад, барканор шуд.Мария Захарова, сухангӯи вазорати хориҷаи Русия ба хабаргузории давлатии ТАСС хабар додааст, ки Замир Кобулов, мушовири вазири хориҷа шуда ва дар самти намояндаи вижаи раисҷумҳур барои Афғонистон низ боқӣ мондааст.Дар сомонаи вазорати хориҷаи Русия Максим Баранов ба унвони мудири ҷадиди бахши дувуми Осиёи ин вазорат муаррифӣ шудааст.Ин тағйир дар ҳоле иттифоқ меуфтад, ки мақомоти олии Русия ба тозагӣ аз тасмим ба тавсеаи таъомул бо толибон сухан гуфтаанд.Вазири хориҷаи Русия чанде пеш эълом кард, ки вазорати додгустарии ин кишвар, тарҳи хуруҷи толибон* аз феҳристи гурӯҳҳои террористии Русияро ба Владимир Путин ироа кардааст.Аз сӯи дигари Путин низ толибонро "воқеият"-и Афғонистон хонда ва гуфтааст, ки иртибот бо толибон* як ниёзаст.Ӯ дар нишаст ахири сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар Қазоқистон низ аз толибон* ба унвони "муттаҳид"-и Русия дар мубориза бо ДИИШ ёд кард.*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20240703/kobulov-rusiya-laghvi-mahdudiyat-iqtisodi-tolibon-muvofiqat-1063410109.html
русия
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/11/1054256992_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_6d5b7a34ac219e6dd084f9b916f857c6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, замир кобулов, барканорӣ, вух, афғонистон, намояндаи вижаи путин
русия, замир кобулов, барканорӣ, вух, афғонистон, намояндаи вижаи путин
Барканории Кобулов аз идораи нозир бар умури Афғонистон дар вазорати хориҷаи Русия
Замир Кобулов, ки ҳамчунон дар самти намояндаи вижаи Путин дар умури Афғонистон боқӣ монда аз самти раёсати идораи дувуми Осиёи ВУХ-и Русия барканор шуд
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Замир Кобулов, ки дар ҳавзаи Афғонистон таҷрибаи зиёде дорад ва ба тозагӣ 70 сола шудааст аз самти раёсати идораи дувуми Осиёи вазорати хориҷаи Русия, ки бар умури Афғонистон назорат мекунад, барканор шуд.
Мария Захарова, сухангӯи вазорати хориҷаи Русия ба хабаргузории давлатии ТАСС хабар додааст, ки Замир Кобулов, мушовири вазири хориҷа шуда ва дар самти намояндаи вижаи раисҷумҳур барои Афғонистон низ боқӣ мондааст.
Дар сомонаи вазорати хориҷаи Русия Максим Баранов ба унвони мудири ҷадиди бахши дувуми Осиёи ин вазорат муаррифӣ шудааст.
Ин тағйир дар ҳоле иттифоқ меуфтад, ки мақомоти олии Русия ба тозагӣ аз тасмим ба тавсеаи таъомул бо толибон сухан гуфтаанд.
Вазири хориҷаи Русия чанде пеш эълом кард, ки вазорати додгустарии ин кишвар, тарҳи хуруҷи толибон* аз феҳристи гурӯҳҳои террористии Русияро ба Владимир Путин ироа кардааст.
Аз сӯи дигари Путин низ толибонро "воқеият"-и Афғонистон хонда ва гуфтааст, ки иртибот бо толибон* як ниёзаст.
Ӯ дар нишаст ахири сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар Қазоқистон низ аз толибон* ба унвони "муттаҳид"-и Русия дар мубориза бо ДИИШ ёд кард.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.