Кобулов: Русия бо лағви маҳдудиятҳои иқтисодӣ алайҳи толибон* мувофиқат накардааст

© Sputnik / Нина ЗотинаСпецпредставитель президента РФ по Афганистану Замир Кабулов
Спецпредставитель президента РФ по Афганистану Замир Кабулов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2024
Обуна шудан
Намояндаи вижаи раиси Русия барои Афғонистон таъкид кард, ки Маскав барои лағви маҳдудиятҳои иқтисодӣ алайҳи толибон* ҳеҷ тавофуқе накардааст
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Замир Кобулов дар мусоҳиба бо расонаҳо изҳороти ахири сухангӯи толибон* дар бораи таъаҳҳуди Маскав ва бархе кишварҳо барои лағви маҳдудиятҳои иқтисодӣ алайҳи толибонро рад.
Вай тавзеҳ дод, ки Русия бо рафъи ҳеҷ навъи маҳдудияти иқтисодӣ дар бораи Афғонистон мувофиқат накардааст.
Ин дар ҳолеаст ки сухангӯи ҳукумати толибон* дар ҳисоби корбарии худ дар шабакаи иҷтимои Х навиштааст, ки дар нишаст Давҳа ваъда дода шуд, ки маҳдудиятҳо алайҳи каналҳои бонкӣ ва иқтисодӣ бардошта шавад.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, ҳамчунин аз мавозиъи шуморе аз кишварҳо ҳамчун Русия дар ин нишаст қадрдонӣ кардааст.
Сеюмин нишаст Давҳа ахиран ба мизбонии муовини дабирикули Созмони Милали Муттаҳид дар Давҳаи пойтахти кишвари Қатар баргузор шуд.
Постоянный представитель Российской Федерации при Организации Объединённых Наций и в Совете Безопасности ООН Василий Небензя - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2024
Небензя аз хатари дастёбии ДОИШ* дар Афғонистон ба силоҳи ғарбӣ гуфт
Дар ин нишаст намояндагони 22 кишвар ва ҳашт созмони байналмилалӣ бо ҳузури ҳайатӣ аз толибон* ҳузур доштанд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш намояндаи доимии Русия дар СММ Василий Небензия гуфта буд, ки Маскав дар ҳоли баррасии лағви таҳримҳои ин кишвари алайҳ толибон* аст.
“Дар мавриди ин ки мо то чӣ ҳад бо ҳазфи таҳримҳои Русия алайҳи онҳо фосила дорем, наметавонам посух қатъӣ бидиҳам, аммо суҳбатҳое дар ин маврид шунидаам”, гуфҷт Небензия
Вай ин суханони мақомҳои баландпояи Русияро такрор кард, ки толибони қудрати аслӣ дар Афғонистон ҳастанд ва идораи ин кишварро дар даст дорад.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0