https://sputnik.tj/20240711/tojikiston-nazorat-vazn-andozai-moshinho-rohho-purzur-1063480671.html
Дар Тоҷикистон назорати вазн ва андозаи мошинҳо дар роҳҳо пурзӯр карда шуд
Дар Тоҷикистон назорати вазн ва андозаи мошинҳо дар роҳҳо пурзӯр карда шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати нақлиёт қайд кардааст, ки ронандагон масъуланд, ки вазни бори мошинҳо бояд ба меъёрҳои муқарраргидида дар нуқтаҳои боркунӣ ва борфарорӣ мутобиқат кунад
2024-07-11T14:46+0500
2024-07-11T14:46+0500
2024-07-11T15:15+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
вазорати нақлиёт
боркашонӣ
вазн
роҳ
назорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/0b/1063480504_0:12:1121:642_1920x0_80_0_0_35c3f1bff70c86b4acf3342842b52208.jpg
ДУШАНБЕ, 11июл — Sputnik. Вазорати нақлиёти кишвар эълон намудааст, ки назоратро дар самти ба танзим даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёти гаронвазн пурзӯр менамояд.Манбаъ таъкид кардааст, ки ҳамасола бо ташаббус ва иқдомоти ҳукумат роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ таҷдиду азнавсозӣ ва ба меъёрҳои байналмилали мутобиқ гардонида мешаванд.Ба ҳамин хотир ронандагон масъуланд, ки вазни бори мошинҳо бояд ба меъёрҳои муқарраргидида дар нуқтаҳои боркунӣ ва борфарорӣ мутобиқат кунад.Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ахиран дар ҷаласаи назоратӣ ба масъулин супориш дод, ки барои пурра аз байн бурдани ҳаракати автомобилҳои гаронвазн дар роҳҳои автомобилгард тадбирҳои катъӣ ва амалӣ андешида, дар ин бора ҳар ҳафта гузориш пешниҳод намоянд.“Дар кишвар ҳаракати воситаҳои нақлиёти вазнин, ки зиёда аз 40 тонна бор интиқол медиҳанд, манъ аст. Ҳадафи асосии пурзӯр кардани назорати вазну андозаи мошинҳоро на барои ҷазо додани интиқолдиҳандагони беинсоф дар шакли ҷарима, балки таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳои автомобилгард мебошад”, - зикр кард вазир.Азим Иброҳим таъкид намуд, ки Вазорати нақлиёт минбаъд шумораи нуқтаҳои ченкунии автоматӣ ва рақамиро дар саросари кишвар афзоиш дода, назорати қатъии риояи ҳамаи параметрҳои кори ин системаро таъмин мекунад.Ёдовар мешавем, ки вазорати нақлиёт ба Кодекси нақлиёти автомобилии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо барои ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани борфиристонанда ва боргиранда дар ҳолати риоя накардани меъёри боркунӣ ба воситаи нақлиёти автомобилӣ ворид кард.Вазорат инчунин гуруҳҳои корӣ ва мобилӣ таъсис дода, онҳоро ба корхонаҳои сементбарорӣ, конҳои истихроҷи ангишт, карйерҳои коркарди қуму шағал ва дигар корхонаҳои истеҳсолӣ барои фаҳмонидани моҳияти риояи муқаррароти тағйироти воридшуда сафарбар намуд.Барои пешгирии қоидавайронкунӣ ва эмин нигоҳ доштани ҳолати роҳҳо вазорат ба корхонаҳои истеҳсолии кишвар дар маҷмуъ 35 адад огоҳинома ирсол намуда, иҷрои супоришҳои дар онҳо зикршударо зери назорати қатъӣ гирифтааст.Манбаъ иттилоъ додааст, ки барои риоя накардани меъёри боркунӣ ба воситаи нақлиёт дар карйерҳои манотиқи Ваҳдат, Ҳисор ва Кӯлоб протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, масъулини онҳо ҷаримабандӣ гардиданд.“Ҳоло дар шафати роҳҳо 30 адад нуқтаҳои баркашӣ ташкил ва бо тарозуҳои статсионарӣ, динамикӣ ва мобилӣ таъмин гардидаанд. Ба наздикӣ боз чанд адад тарозуҳои динамикии муосир дар маҳалҳои дигари кишвар, аз ҷумла дар ду даромадгоҳи шаҳри Душанбе, инчунин дар нуқтаҳои боркашонии "Норак", "Гулистон"- и минтақаи Кӯлоб ва "Қизил-Қалъа"- и минтақаи Бохтар дар шафати роҳҳои автомобилгард насб карда мешаванд”, - қайд кардааст вазорати нақлиёт.Қайд карда шудааст, ки айни ҳол чунин тарозуҳо дар нуқтаҳои боркашии ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ва "Маданият"-и шаҳри Конибодоми вилояти Суғд насб ва мавриди амал қарор дода шудаанд.Фаъолияти кормандони Хадамот ва КВД "Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт" ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуда, ҷиҳати риоя накардани вазну андозаҳои муқарраргардида нисбати интиқолдиҳандагон чораҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода мешаванд.Дар маҷмуъ дар ин давра 1014 ҳолати аз ҷониби ронандагон риоя накардани қоидаҳои ҳамлу нақли борҳои калонҳаҷм ва вазнин ошкор ва ба қайд гирифта шуд. Нисбати ронандагон протокол тартиб дода, онҳо ба маблағи беш аз 3,4 млн. сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.
https://sputnik.tj/20240312/borkashoni-iiao-trln-ton-tasvirbayon-1062011643.html
https://sputnik.tj/20240205/shikoyat-ronanda-tojik-narkh-sanadi-uzbekiston-1061574638.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/0b/1063480504_53:0:924:653_1920x0_80_0_0_95ec43a7c1b86765ec6b447d2c950e64.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, нақлиёт, назорат, боркашонӣ, роҳҳо, вазн, пурзӯр
тоҷикистон, нақлиёт, назорат, боркашонӣ, роҳҳо, вазн, пурзӯр
Дар Тоҷикистон назорати вазн ва андозаи мошинҳо дар роҳҳо пурзӯр карда шуд
14:46 11.07.2024 (Навсозишуда: 15:15 11.07.2024) Вазорати нақлиёт қайд кардааст, ки ронандагон масъуланд, ки вазни бори мошинҳо бояд ба меъёрҳои муқарраргидида дар нуқтаҳои боркунӣ ва борфарорӣ мутобиқат кунад
ДУШАНБЕ, 11июл — Sputnik. Вазорати нақлиёти кишвар эълон намудааст, ки назоратро дар самти ба танзим даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёти гаронвазн пурзӯр менамояд.
Манбаъ таъкид кардааст, ки ҳамасола бо ташаббус ва иқдомоти ҳукумат роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ таҷдиду азнавсозӣ ва ба меъёрҳои байналмилали мутобиқ гардонида мешаванд.
Ба ҳамин хотир ронандагон масъуланд, ки вазни бори мошинҳо бояд ба меъёрҳои муқарраргидида дар нуқтаҳои боркунӣ ва борфарорӣ мутобиқат кунад.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ахиран дар ҷаласаи назоратӣ ба масъулин супориш дод, ки барои пурра аз байн бурдани ҳаракати автомобилҳои гаронвазн дар роҳҳои автомобилгард тадбирҳои катъӣ ва амалӣ андешида, дар ин бора ҳар ҳафта гузориш пешниҳод намоянд.
“Дар кишвар ҳаракати воситаҳои нақлиёти вазнин, ки зиёда аз 40 тонна бор интиқол медиҳанд, манъ аст. Ҳадафи асосии пурзӯр кардани назорати вазну андозаи мошинҳоро на барои ҷазо додани интиқолдиҳандагони беинсоф дар шакли ҷарима, балки таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳои автомобилгард мебошад”, - зикр кард вазир.
Азим Иброҳим таъкид намуд, ки Вазорати нақлиёт минбаъд шумораи нуқтаҳои ченкунии автоматӣ ва рақамиро дар саросари кишвар афзоиш дода, назорати қатъии риояи ҳамаи параметрҳои кори ин системаро таъмин мекунад.
Ёдовар мешавем, ки вазорати нақлиёт ба Кодекси нақлиёти автомобилии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо барои ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани борфиристонанда ва боргиранда дар ҳолати риоя накардани меъёри боркунӣ ба воситаи нақлиёти автомобилӣ ворид кард.
Вазорат инчунин гуруҳҳои корӣ ва мобилӣ таъсис дода, онҳоро ба корхонаҳои сементбарорӣ, конҳои истихроҷи ангишт, карйерҳои коркарди қуму шағал ва дигар корхонаҳои истеҳсолӣ барои фаҳмонидани моҳияти риояи муқаррароти тағйироти воридшуда сафарбар намуд.
Барои пешгирии қоидавайронкунӣ ва эмин нигоҳ доштани ҳолати роҳҳо вазорат ба корхонаҳои истеҳсолии кишвар дар маҷмуъ 35 адад огоҳинома ирсол намуда, иҷрои супоришҳои дар онҳо зикршударо зери назорати қатъӣ гирифтааст.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки барои риоя накардани меъёри боркунӣ ба воситаи нақлиёт дар карйерҳои манотиқи Ваҳдат, Ҳисор ва Кӯлоб протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, масъулини онҳо ҷаримабандӣ гардиданд.
“Ҳоло дар шафати роҳҳо 30 адад нуқтаҳои баркашӣ ташкил ва бо тарозуҳои статсионарӣ, динамикӣ ва мобилӣ таъмин гардидаанд. Ба наздикӣ боз чанд адад тарозуҳои динамикии муосир дар маҳалҳои дигари кишвар, аз ҷумла дар ду даромадгоҳи шаҳри Душанбе, инчунин дар нуқтаҳои боркашонии "Норак", "Гулистон"- и минтақаи Кӯлоб ва "Қизил-Қалъа"- и минтақаи Бохтар дар шафати роҳҳои автомобилгард насб карда мешаванд”, - қайд кардааст вазорати нақлиёт.
Қайд карда шудааст, ки айни ҳол чунин тарозуҳо дар нуқтаҳои боркашии ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ва "Маданият"-и шаҳри Конибодоми вилояти Суғд насб ва мавриди амал қарор дода шудаанд.
Фаъолияти кормандони Хадамот ва КВД "Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт" ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуда, ҷиҳати риоя накардани вазну андозаҳои муқарраргардида нисбати интиқолдиҳандагон чораҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода мешаванд.
Дар маҷмуъ дар ин давра 1014 ҳолати аз ҷониби ронандагон риоя накардани қоидаҳои ҳамлу нақли борҳои калонҳаҷм ва вазнин ошкор ва ба қайд гирифта шуд. Нисбати ронандагон протокол тартиб дода, онҳо ба маблағи беш аз 3,4 млн. сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.