https://sputnik.tj/20240312/borkashoni-iiao-trln-ton-tasvirbayon-1062011643.html
Боркашонӣ дар ИИАО аз 6 трлн тон гузашт - тасвирбаён
Боркашонӣ дар ИИАО аз 6 трлн тон гузашт - тасвирбаён
Sputnik Тоҷикистон
Ҳаҷми боркашонӣ дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бо истифода аз тамоми намуди воситаҳои нақлиёт аз 6,1 трлн тон бештар шудаст
2024-03-12T14:44+0500
2024-03-12T14:44+0500
2024-03-12T14:44+0500
ииао
иттиҳоди иқтисодии уросиё
тонна
қазоқистон
русия
қирғизистон
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0e/1040882771_652:523:2288:1443_1920x0_80_0_0_da68a4d1e156fb1890edf61e08590916.jpg
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Қисмати асосии баркашонӣ дар кишварҳои узви ИИАО ба Русия рост меояд, ки зиёда аз 5,5 трлн тоннаро ташкил медиҳад. Дар умум ҳаҷми боркашонӣ дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бо истифода аз тамоми намуди воситаҳои нақлиёт аз 6,1 трлн тон бештар шудаст. Аз ҳаҷми умумӣ беш аз 500 млрд тон ба Қазоқистон рост омада, дар пайи он бо қариб 73 млрд тон Белорус ҷой гирифтааст. Ҳаҷми боркашонии солона дар Арманистон қариби 5 млрд тон арзёбӣ шуда, дар Қирғизистон ин нишондод ба 3 млрд тон баробар шудааст. Қаблан Комисияи иқтисодии АвруОсиё аз кӯшишҳои давлатҳои узви иттиҳод дар рушди инфрасохтори байналмилалии нақлиётӣ ва содагардонии расмиёти убури сарҳадӣ тавсиф карда, афзуд, ки гуфтушунид бо кишварҳои дигар низ барои татбиқи тарҳҳои инфрасохторӣ дар ҷараёнанд.Дар шароити баргардонидани гардиши бор ба самти Шарқ ва Осиё долонҳои классикии "Шимол - Ҷануб", "Аврупо - Чини ғарбӣ", "Роҳи нави абрешим", Роҳи байналмилалии нақлиётии фарокаспий, ТРАСЕКА нафаси нав мегиранд, изҳор дошта буданд дар КИАО. Дар доираи ин иттиҳод ҳамгироӣ ҳадафи асосӣ арзёбӣ гардида, озодии интиқоли мол, хизматрасонӣ, сармоя, қувваи корӣ, сиёсати ҳамоҳангшуда ва сиёсати ягонаи иқтисодӣ таъмин карда мешавад. Феълан узви иттиҳод Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия мебошанд.
қазоқистон
русия
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0e/1040882771_758:444:2245:1559_1920x0_80_0_0_d5b3bbca817b2917b8c030abf67d16fa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
боркашонӣ, густариш, ииао, таҳким, афзоиш
боркашонӣ, густариш, ииао, таҳким, афзоиш
Боркашонӣ дар ИИАО аз 6 трлн тон гузашт - тасвирбаён
Ҳаҷми боркашонӣ дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бо истифода аз тамоми намуди воситаҳои нақлиёт аз 6,1 трлн тон бештар шудаст
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Қисмати асосии баркашонӣ дар кишварҳои узви ИИАО ба Русия рост меояд, ки зиёда аз 5,5 трлн тоннаро ташкил медиҳад.
Дар умум ҳаҷми боркашонӣ дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бо истифода аз тамоми намуди воситаҳои нақлиёт аз 6,1 трлн тон бештар шудаст.
Аз ҳаҷми умумӣ беш аз 500 млрд тон ба Қазоқистон рост омада, дар пайи он бо қариб 73 млрд тон Белорус ҷой гирифтааст.
Ҳаҷми боркашонии солона дар Арманистон қариби 5 млрд тон арзёбӣ шуда, дар Қирғизистон ин нишондод ба 3 млрд тон баробар шудааст.
Қаблан Комисияи иқтисодии АвруОсиё аз кӯшишҳои давлатҳои узви иттиҳод дар рушди инфрасохтори байналмилалии нақлиётӣ ва содагардонии расмиёти убури сарҳадӣ тавсиф карда, афзуд, ки гуфтушунид бо кишварҳои дигар низ барои татбиқи тарҳҳои инфрасохторӣ дар ҷараёнанд.
Дар шароити баргардонидани гардиши бор ба самти Шарқ ва Осиё долонҳои классикии "Шимол - Ҷануб", "Аврупо - Чини ғарбӣ", "Роҳи нави абрешим", Роҳи байналмилалии нақлиётии фарокаспий, ТРАСЕКА нафаси нав мегиранд, изҳор дошта буданд дар КИАО.
Дар доираи ин иттиҳод ҳамгироӣ ҳадафи асосӣ арзёбӣ гардида, озодии интиқоли мол, хизматрасонӣ, сармоя, қувваи корӣ, сиёсати ҳамоҳангшуда ва сиёсати ягонаи иқтисодӣ таъмин карда мешавад. Феълан узви иттиҳод Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия мебошанд.