https://sputnik.tj/20240205/shikoyat-ronanda-tojik-narkh-sanadi-uzbekiston-1061574638.html
Шикояти ронандаҳои тоҷик аз гароншавии нархи санади боркашонӣ ба Ӯзбекистон
Шикояти ронандаҳои тоҷик аз гароншавии нархи санади боркашонӣ ба Ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон арзиши рухсатномаи нақли бор бо Ӯзбекистон ду баробар зиёд шуда, ба 130 доллар дакка задааст ва ин боиси норозигии ронандагони тоҷикистонӣ шудаст
2024-02-05T20:56+0500
2024-02-05T20:56+0500
2024-02-05T20:56+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
гарон
санад
ҳуҷҷат
ронанда
мақомот
видео
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/05/1061574444_0:0:1281:720_1920x0_80_0_0_397bc041e28a6896925763b754af00cf.jpg
Даҳҳо мошини калони боркаш ба далели гароншавии рухсатномаи ҳамлу нақли автомобилӣ дар гузаргоҳи “Фотеҳобод – Ойбек" дар сарҳади Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дармондаанд. Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба гузаргоҳи Фотеҳобод ба ноҳияи Масчоҳ рафт ва вазъи баамаломадаро аз ронандаҳо пурсид. Яке аз ронандаҳои мошини боркаш, Мулломуҳатдӯст Наботов гуфт, ки сар аз аввали соли ҷорӣ рухсатнома камчин ва якбора гарон шуд. Ронандаи дигар аз шаҳри Хуҷанд, Раҳимҷон Равшанзода, мегуяд, чунин нархгузорӣ барои онҳо зиёнбор аст. "Барои расонидани бор аз Хуҷанд ба шаҳри Тошканд соҳиби бор ба мо 450 доллар роҳкиро медиҳад. Мо 220 доллар барои убури замини Ӯзбекистон пардохт мекунем, 130 доллар барои рухсатнома (дазвол) бар замми ин дар Тоҷикистон барои роҳ, тарозу, сӯзишворӣ пул медиҳем, ҳеҷ фоида нест" - гуфт ӯ. Гунаҳкори суқути “Тоҷикэйр” кист?Рухсатномаи ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат дар соҳа ба ширкатҳои нақлиётӣ дода мешавад, ки онҳо навбати худ ба ронандагон мефурӯшанд. Санади мазкур бо шарикони тиҷоратӣ мувофиқа мешавад. Баҳсҳо сари нархи ин санад ду сол қабл низ буд, ки якбора то садҳо доллар гарон шуда буд, аммо масъулини нақлиёт изҳор дошта буданд, ки нархи расмии он камтар аз 10 доллар мебошад ва бо чунин нарх ба ширкатҳои нақлиётӣ он дода мешавад. Ронандаҳо аз мақомот мехоҳанд ба мушкил расидагӣ кунанду тартиботу нархи расмиро ҷорӣ созанд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/05/1061574444_40:0:1000:720_1920x0_80_0_0_3b147839e607de57349d0d1a969d819e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ронанда, тоҷик, бозбинӣ, нарх, ҳамлу нақл, ӯзбекистон
ронанда, тоҷик, бозбинӣ, нарх, ҳамлу нақл, ӯзбекистон
Шикояти ронандаҳои тоҷик аз гароншавии нархи санади боркашонӣ ба Ӯзбекистон
Дар Тоҷикистон арзиши рухсатномаи нақли бор бо Ӯзбекистон ду баробар зиёд шуда, ба 130 доллар дакка задааст ва ин боиси норозигии ронандагони тоҷикистонӣ шудаст
Даҳҳо мошини калони боркаш ба далели гароншавии рухсатномаи ҳамлу нақли автомобилӣ дар гузаргоҳи “Фотеҳобод – Ойбек" дар сарҳади Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дармондаанд.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба гузаргоҳи Фотеҳобод ба ноҳияи Масчоҳ рафт ва вазъи баамаломадаро аз ронандаҳо пурсид.
Яке аз ронандаҳои мошини боркаш, Мулломуҳатдӯст Наботов гуфт, ки сар аз аввали соли ҷорӣ рухсатнома камчин ва якбора гарон шуд.
"Мо намедонам, ки чаро нархи ин коғаз - рухсатнома якбора 100% баланд гардида 130 доллар шудааст. Ҳеҷ касе аз масъулин дар ин бора ба мо шарҳ намедиҳанд” – гуфт, ӯ.
Ронандаи дигар аз шаҳри Хуҷанд, Раҳимҷон Равшанзода, мегуяд, чунин нархгузорӣ барои онҳо зиёнбор аст.
"Барои расонидани бор аз Хуҷанд ба шаҳри Тошканд соҳиби бор ба мо 450 доллар роҳкиро медиҳад. Мо 220 доллар барои убури замини Ӯзбекистон пардохт мекунем, 130 доллар барои рухсатнома (дазвол) бар замми ин дар Тоҷикистон барои роҳ, тарозу, сӯзишворӣ пул медиҳем, ҳеҷ фоида нест" - гуфт ӯ.
Рухсатномаи ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат дар соҳа ба ширкатҳои нақлиётӣ дода мешавад, ки онҳо навбати худ ба ронандагон мефурӯшанд. Санади мазкур бо шарикони тиҷоратӣ мувофиқа мешавад.
Баҳсҳо сари нархи ин санад ду сол қабл низ буд, ки якбора то садҳо доллар гарон шуда буд, аммо масъулини нақлиёт изҳор дошта буданд, ки нархи расмии он камтар аз 10 доллар мебошад ва бо чунин нарх ба ширкатҳои нақлиётӣ он дода мешавад. Ронандаҳо аз мақомот мехоҳанд ба мушкил расидагӣ кунанду тартиботу нархи расмиро ҷорӣ созанд.