https://sputnik.tj/20240615/piruzii-gharb-bar-rusiya-murda-1063217941.html
Пирӯзии Ғарб бар Русия ба дасти шаш мурда аст
Пирӯзии Ғарб бар Русия ба дасти шаш мурда аст
Sputnik Тоҷикистон
Новобаста аз он, ки сарони G7 овоз баланд карданианд ва нақшаҳои наполеониро барои ғалабаи ниҳоӣ бар Русия таҳия мекунанд, дар асл мулоқоти онҳо ба "ҷамъомади шаш мурғобии ланг" табдил ёфтааст.
2024-06-15T10:26+0500
2024-06-15T10:26+0500
2024-06-15T10:26+0500
аврупо
има
русия
g7
сиёсат
ғарб
сутуннигор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/0f/1058284463_0:0:2743:1543_1920x0_80_0_0_582abb0b37442e85055ae8d472bbf8ef.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik, Кирилл Стрелников. Ба гуфтаи созмондиҳандагони пасипардаи нишасти G7 дар Итолиё, ки дирӯз бо кафкӯбиҳои расонаҳои ҷайбӣ оғоз шуд, ин рӯйдод бояд рамзӣ ва тақдирсоз гардад. Ҳадафҳои асосии ин чорабинӣ: нишон додан ( ба Путин), ки "Ғарб ҳамчунон барои муқовимат бо имконоти худкомаи Русия" омода аст ва "фиристодани паём ба Русия дар бораи устувории Ғарб" мебошад.Шарафи шахсан фиристодани паём ба Путин ба дасти ҳафт сарвари кишварҳои пешрафтаbҒарб афтод: ИМА, Олмон, Фаронса, Британияи Кабир, Ҷопон, Канада ва Италия. Ба назар чунин мерасад, ки ҳама чиз хуб аст - парчамҳо овезонанд, лимузинҳо шустагӣ ва шамъҳои кулчақанди идона (саммити 50-ум) дар ҷояш ва танҳо зарур аст, ки паём пурқувваттар садо диҳад, то онро гӯш кунанд.Аммо, чунин шуд, ки ба ҷои садои пурқуввати карнай, ки деворҳои Кремл бояд аз он фурӯ резанд, ҷамъомадагон метавонанд танҳо садоҳои пешазмаргӣ ва нотавонро ба вуҷуд оранд: аз ҳафт сари G7, шаш нафарашон дар асл мурдаи сиёсӣ ва "мурғобии ланг” мебошанд.Тавре Politico бо дили нохоҳам иқрор кард, нишасти кунунӣ "заъифтарин вохӯрии раҳбарони гурӯҳ дар солҳои охир мебошад" ва новобаста аз он, ки онҳо овоз баланд карданианд ва нақшаҳои наполеониро барои ғалабаи ниҳоӣ бар Русия таҳия мекунанд, "маҷлис кувваи Ғарбро намоиш намедиҳад", худи мулоқоти G7 ба "ҷамъомади шаш мурғобии ланг" табдил ёфтааст.Президенти Фаронса Макрон, ки пайваста аз паси Иёлоти Муттаҳида фарёд мезанад: "Маро ҳафт нафар нигоҳ доред, вагарна ман ба Украина сарбоз мефиристам!", боиси норозигӣ ва аллергияи шадид дар ватани худ ва дар хориҷа мебошад: дар пасманзари вазъи фалокатбор дар иқтисодиёт, соҳаи иҷтимоӣ, корҳои байналхалқӣ (хайрбод, Африқо!) ва иштирок дар воқеотиУкраина, соатҳои ин ҷаноб ҳамчун сардори соҳибихтиёри давлат кам мондаанд.Садои марг барои марги сиёсии Макрон пас аз шикасти таҳқиромези ҳизбаш дар интихоботи порлумони Аврупо ба гӯш расид, ки дар муқоиса бо 22,4 дар интихоботи гузашта ҳамагӣ 14,4 дарсади оро ба даст овардааст. Мех дар тобути сиёсии Макрон аз ҷониби ҳизби Марин Ле Пен зада шуд, ки 34 дарсади фаронсавӣ ба тарафдории ӯ овоз доданд, ки нозирон онро "Березинаи нав" унвон карданд. Бо дарназардошти он, ки аз чор се ҳиссаи шаҳрвандони Фаронса ба таври қатъӣ зидди сиёсати мақомоти худанд, ки нусхабардории фармонҳои Вашингтон ҳастанд, ҳама изҳорот ва тасмимҳои Макрон дар нишасти G7 дар рӯи коғаз боқӣ хоҳанд монд.Чунин вазъият дар Олмон низ мушоҳида мешавад, ки дар он канслер Шолтс, ки аз ӯ ҳанӯз бӯи “ҳасиби ҷигарӣ” меояд, аз ҷониби интихобкунандагони Олмон помидорборон карда шуд. Шаҳрвандони собиқ пуриқтидортарин "локомотиви Аврупо" ҳама чизро ба ёдовар карданд, - тарсончакии сиёсӣ, рафтори ғуломвор назди ИМА, харобии воқеии иқтисодиёти онҳо ва ҷалби амиқ бамуноқишаи Украина бо натиҷаҳои ғамовар. Дар интихоботи порлумони Аврупо, ҳизби сотсиал-демократии Шолтс дар сарозершавӣ дарси маҳорат нишон дод ва ҳамагӣ 13,9 дарсади овозҳоро ба даст овард, ки нисбат ба интихоботи парлумонии Аврупо дар соли 2014 як баробар кам аст.Шолтс инчунин антирекорди шахсии худро гузошт: беш аз 70 дарсади олмониҳо дигар намехоҳанд ӯро канслер бубинанд, аз ин рӯ, ба гуфтаи коршиносон, рӯзҳои ӯ дар вазифаи кантслер башуморанд. Аз ин рӯ, ҳама гуна қарорҳое, ки Шолтс дар саммит қабул мекунад, на бештар аз коғазе, ки дар он чоп мешаванд, арзиш доранд.Сарвазири Бритониё Риши Сунакро, ки гиребони чун барф сафед дорад, дар ватанаш ошкоро "мурдаи роҳгард" меноманд. Дар натиҷаи фаъолияти боистеъдод ва мустақилонаи ӯ ба ҳайси раиси ҳукумат, суръати рушди иқтисодии Британияи Кабир дар байни кишварҳои пешрафтаи ғарбӣ пасттарин шуд ва то охири соли 2023 хароҷоти ҳукумати Бритониё аз даромади буҷет 20 миллиард фунт стерлинг (25,5 миллиард доллар) зиёд шуд.Дар ҳамин ҳол ҳаҷми қарзи давлатии мамлакат аз 100 фоизи ММД гузашт, ки аз соли 1961 инчониб рекордӣ аст. Натиҷаи мантиқӣ: Сунак аз пароканда шудани порлумон ва тасмим дар бораи баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлат ба палатаи общинаҳо хабар дод, аммо дар пасманзари рейтинги ночизи ҳизби Сунак, ки 19 дарсад аст, шонси дубора интихоб шудан ва дар саммити кунунии "тақдирсоз"-и "ҳафтгонаи калон" ягон нишонаи назаррас гузоштан надорад.Роҳбари дигари "ҷавон ва умедбахш"-и "гурӯҳи тавоно" сарвазири Канада Ҷастин Трюдо низ ногаҳон пир шуда, чусту чолокии худро аз даст дод. Тибқи як назарсанҷии ахир, танҳо 19,2 дарсади сокинони кишвар ба ӯ эътимод доранд.Рейтинги партияи консервативӣаз рейтинги партияи либералии вай қариб ду баробар зиёд аст, ки ин муваффақиятҳои реалии лухтаки боэътимоди Вашингтонро дар сиёсат ва иқтисодиёт инъикос мекунад. Ба гуфтаи сиёсатшиносони пешбари Канада, барои Трюдо "ҳамааш тамом шуд". Дуруст аст, ки ӯ вақт хоҳад дошт, ки дар Италия таомҳои шоҳона бихӯрад ва Русияро таҳдид кунад, аммо ин чизеро тағйир намедиҳад.Меҳмони мантиқии нишасти G7 сарвазири Ҷопон Фумио Кисида буд, ки самараи кори муваффақи худро дар вазифаи масъули капитани "ҳавопаймоҳои ғарқнашавандаи ИМА" дар шакли рейтинги пасттарин дар арафаи интихоботи миллӣ ҷамъоварӣ мекунад. Муваффақиятҳои ин рафик, ба ғайр аз ҳуҷумҳои муқаррарии лафзӣ ба Русия, калон ва бисёранд. Масалан, дар айни замон Ҷопон бо ифтихор суръати манфии рушди иқтисодиро нишон медиҳад.Мо намедонем, ки Кисида маҳз чиро имзо мекунад ва дар ин ҳамоиш чӣ паёмҳо хоҳад дошт, аммо дақиқ медонем, ки ин паёмҳоро дар мақоми сарвазири Ҷопон аллакай иҷро намекунад.Дар мавриди раисиҷумҳури ИМА Ҷо Байден, шиддати мурдашавии ӯ дар якҷоягӣ бо қарзи рекордии миллӣ ва болоравии таърихии нархҳои истеъмолӣ дар кишвар босуръат рушд мекунад. Президенти эҳтимолии оянда Доналд Трамп аллакай ошкоро изҳор кардааст, ки ҳама гуна қарорҳои Байден, ки хилофи рӯзномаи ӯ ҳастанд, аз ҷумла қарорҳое, ки дар Италия қабул мешаванд, зи нав баррасӣ ва лағв карда мешаванд.Ва маълум мешавад, ки аз ҳафт сарвари G7 танҳо ҶорҷаМелонӣ, нахуствазири Итолиё аломатҳои зиндагӣ нишон медиҳад.Бо вуҷуди ин, агар Ғарби дастаҷамъона мехост, ба Русия паём фиристад, ба ин муваффақ шуд. Ягона вокуниши бошуурона ба пичирроси охирини ҷасадҳои сиёсии ғарбӣ зиёд кардани истеҳсоли тирҳои нуқрагӣва баланд бардоштани салиби рӯшноӣ ва ҳақиқат аст, ки тамоми ҷаҳон ба он бо умед менигарад.
https://sputnik.tj/20240614/putin-taghyirot-siyosati-jahoni-arzyobi-kard-1063215204.html
https://sputnik.tj/20240611/kishvari-nizomiyoni-amrikoiro-pesh-kard-1063183273.html
https://sputnik.tj/20240609/lavrov-payomi-putin-gharb-shunid-1063152258.html
https://sputnik.tj/20240608/prezident-nikaragua-rusiya-jakhon-millatgaroi-ozod-1063141160.html
https://sputnik.tj/20240601/siyosatshinos-faronsa-payomadho-tahrimho-zidd-rusiya-1063055300.html
аврупо
има
русия
ғарб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/0f/1058284463_12:0:2743:2048_1920x0_80_0_0_2e141fbf8e700ce3e9783fe3adc7bf77.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
аврупо, ғарб, русия, има, сиёсат, сутуннигор
аврупо, ғарб, русия, има, сиёсат, сутуннигор
Пирӯзии Ғарб бар Русия ба дасти шаш мурда аст
Новобаста аз он, ки сарони G7 овоз баланд карданианд ва нақшаҳои наполеониро барои ғалабаи ниҳоӣ бар Русия таҳия мекунанд, дар асл мулоқоти онҳо ба "ҷамъомади шаш мурғобии ланг" табдил ёфтааст.
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik, Кирилл Стрелников. Ба гуфтаи созмондиҳандагони пасипардаи нишасти G7 дар Итолиё, ки дирӯз бо кафкӯбиҳои расонаҳои ҷайбӣ оғоз шуд, ин рӯйдод бояд рамзӣ ва тақдирсоз гардад. Ҳадафҳои асосии ин чорабинӣ: нишон додан ( ба Путин), ки "Ғарб ҳамчунон барои муқовимат бо имконоти худкомаи Русия" омода аст ва "фиристодани паём ба Русия дар бораи устувории Ғарб" мебошад.
Шарафи шахсан фиристодани паём ба Путин ба дасти ҳафт сарвари кишварҳои пешрафтаbҒарб афтод: ИМА, Олмон, Фаронса, Британияи Кабир, Ҷопон, Канада ва Италия. Ба назар чунин мерасад, ки ҳама чиз хуб аст - парчамҳо овезонанд, лимузинҳо шустагӣ ва шамъҳои кулчақанди идона (саммити 50-ум) дар ҷояш ва танҳо зарур аст, ки паём пурқувваттар садо диҳад, то онро гӯш кунанд.
Аммо, чунин шуд, ки ба ҷои садои пурқуввати карнай, ки деворҳои Кремл бояд аз он фурӯ резанд, ҷамъомадагон метавонанд танҳо садоҳои пешазмаргӣ ва нотавонро ба вуҷуд оранд: аз ҳафт сари G7, шаш нафарашон дар асл мурдаи сиёсӣ ва "мурғобии ланг” мебошанд.
Тавре Politico бо дили нохоҳам иқрор кард, нишасти кунунӣ "заъифтарин вохӯрии раҳбарони гурӯҳ дар солҳои охир мебошад" ва новобаста аз он, ки онҳо овоз баланд карданианд ва нақшаҳои наполеониро барои ғалабаи ниҳоӣ бар Русия таҳия мекунанд, "маҷлис кувваи Ғарбро намоиш намедиҳад", худи мулоқоти G7 ба "ҷамъомади шаш мурғобии ланг" табдил ёфтааст.
Президенти Фаронса Макрон, ки пайваста аз паси Иёлоти Муттаҳида фарёд мезанад: "Маро ҳафт нафар нигоҳ доред, вагарна ман ба Украина сарбоз мефиристам!", боиси норозигӣ ва аллергияи шадид дар ватани худ ва дар хориҷа мебошад: дар пасманзари вазъи фалокатбор дар иқтисодиёт, соҳаи иҷтимоӣ, корҳои байналхалқӣ (хайрбод, Африқо!) ва иштирок дар воқеотиУкраина, соатҳои ин ҷаноб ҳамчун сардори соҳибихтиёри давлат кам мондаанд.
Садои марг барои марги сиёсии Макрон пас аз шикасти таҳқиромези ҳизбаш дар интихоботи порлумони Аврупо ба гӯш расид, ки дар муқоиса бо 22,4 дар интихоботи гузашта ҳамагӣ 14,4 дарсади оро ба даст овардааст. Мех дар тобути сиёсии Макрон аз ҷониби ҳизби Марин Ле Пен зада шуд, ки 34 дарсади фаронсавӣ ба тарафдории ӯ овоз доданд, ки нозирон онро "Березинаи нав" унвон карданд. Бо дарназардошти он, ки аз чор се ҳиссаи шаҳрвандони Фаронса ба таври қатъӣ зидди сиёсати мақомоти худанд, ки нусхабардории фармонҳои Вашингтон ҳастанд, ҳама изҳорот ва тасмимҳои Макрон дар нишасти G7 дар рӯи коғаз боқӣ хоҳанд монд.
Чунин вазъият дар Олмон низ мушоҳида мешавад, ки дар он канслер Шолтс, ки аз ӯ ҳанӯз бӯи “ҳасиби ҷигарӣ” меояд, аз ҷониби интихобкунандагони Олмон помидорборон карда шуд. Шаҳрвандони собиқ пуриқтидортарин "локомотиви Аврупо" ҳама чизро ба ёдовар карданд, - тарсончакии сиёсӣ, рафтори ғуломвор назди ИМА, харобии воқеии иқтисодиёти онҳо ва ҷалби амиқ бамуноқишаи Украина бо натиҷаҳои ғамовар. Дар интихоботи порлумони Аврупо, ҳизби сотсиал-демократии Шолтс дар сарозершавӣ дарси маҳорат нишон дод ва ҳамагӣ 13,9 дарсади овозҳоро ба даст овард, ки нисбат ба интихоботи парлумонии Аврупо дар соли 2014 як баробар кам аст.
Шолтс инчунин антирекорди шахсии худро гузошт: беш аз 70 дарсади олмониҳо дигар намехоҳанд ӯро канслер бубинанд, аз ин рӯ, ба гуфтаи коршиносон, рӯзҳои ӯ дар вазифаи кантслер башуморанд. Аз ин рӯ, ҳама гуна қарорҳое, ки Шолтс дар саммит қабул мекунад, на бештар аз коғазе, ки дар он чоп мешаванд, арзиш доранд.
Сарвазири Бритониё Риши Сунакро, ки гиребони чун барф сафед дорад, дар ватанаш ошкоро "мурдаи роҳгард" меноманд. Дар натиҷаи фаъолияти боистеъдод ва мустақилонаи ӯ ба ҳайси раиси ҳукумат, суръати рушди иқтисодии Британияи Кабир дар байни кишварҳои пешрафтаи ғарбӣ пасттарин шуд ва то охири соли 2023 хароҷоти ҳукумати Бритониё аз даромади буҷет 20 миллиард фунт стерлинг (25,5 миллиард доллар) зиёд шуд.
Дар ҳамин ҳол ҳаҷми қарзи давлатии мамлакат аз 100 фоизи ММД гузашт, ки аз соли 1961 инчониб рекордӣ аст. Натиҷаи мантиқӣ: Сунак аз пароканда шудани порлумон ва тасмим дар бораи баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлат ба палатаи общинаҳо хабар дод, аммо дар пасманзари рейтинги ночизи ҳизби Сунак, ки 19 дарсад аст, шонси дубора интихоб шудан ва дар саммити кунунии "тақдирсоз"-и "ҳафтгонаи калон" ягон нишонаи назаррас гузоштан надорад.
Роҳбари дигари "ҷавон ва умедбахш"-и "гурӯҳи тавоно" сарвазири Канада Ҷастин Трюдо низ ногаҳон пир шуда, чусту чолокии худро аз даст дод. Тибқи як назарсанҷии ахир, танҳо 19,2 дарсади сокинони кишвар ба ӯ эътимод доранд.
Рейтинги партияи консервативӣаз рейтинги партияи либералии вай қариб ду баробар зиёд аст, ки ин муваффақиятҳои реалии лухтаки боэътимоди Вашингтонро дар сиёсат ва иқтисодиёт инъикос мекунад. Ба гуфтаи сиёсатшиносони пешбари Канада, барои Трюдо "ҳамааш тамом шуд". Дуруст аст, ки ӯ вақт хоҳад дошт, ки дар Италия таомҳои шоҳона бихӯрад ва Русияро таҳдид кунад, аммо ин чизеро тағйир намедиҳад.
Меҳмони мантиқии нишасти G7 сарвазири Ҷопон Фумио Кисида буд, ки самараи кори муваффақи худро дар вазифаи масъули капитани "ҳавопаймоҳои ғарқнашавандаи ИМА" дар шакли рейтинги пасттарин дар арафаи интихоботи миллӣ ҷамъоварӣ мекунад. Муваффақиятҳои ин рафик, ба ғайр аз ҳуҷумҳои муқаррарии лафзӣ ба Русия, калон ва бисёранд. Масалан, дар айни замон Ҷопон бо ифтихор суръати манфии рушди иқтисодиро нишон медиҳад.
Мо намедонем, ки Кисида маҳз чиро имзо мекунад ва дар ин ҳамоиш чӣ паёмҳо хоҳад дошт, аммо дақиқ медонем, ки ин паёмҳоро дар мақоми сарвазири Ҷопон аллакай иҷро намекунад.
Дар мавриди раисиҷумҳури ИМА Ҷо Байден, шиддати мурдашавии ӯ дар якҷоягӣ бо қарзи рекордии миллӣ ва болоравии таърихии нархҳои истеъмолӣ дар кишвар босуръат рушд мекунад. Президенти эҳтимолии оянда Доналд Трамп аллакай ошкоро изҳор кардааст, ки ҳама гуна қарорҳои Байден, ки хилофи рӯзномаи ӯ ҳастанд, аз ҷумла қарорҳое, ки дар Италия қабул мешаванд, зи нав баррасӣ ва лағв карда мешаванд.
Ва маълум мешавад, ки аз ҳафт сарвари G7 танҳо ҶорҷаМелонӣ, нахуствазири Итолиё аломатҳои зиндагӣ нишон медиҳад.
Бо вуҷуди ин, агар Ғарби дастаҷамъона мехост, ба Русия паём фиристад, ба ин муваффақ шуд. Ягона вокуниши бошуурона ба пичирроси охирини ҷасадҳои сиёсии ғарбӣ зиёд кардани истеҳсоли тирҳои нуқрагӣва баланд бардоштани салиби рӯшноӣ ва ҳақиқат аст, ки тамоми ҷаҳон ба он бо умед менигарад.