Путин тағйирот дар сиёсати ҷаҳониро арзёбӣ кард

© Sputnik / Алексей Майшев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Владимир Путин встретился с руководством МИД РФ
Президент Владимир Путин встретился с руководством МИД РФ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2024
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия гуфт, ки ҷаҳон босуръат дар ҳоли тағйирот аст, зеро дигар монанди пеш нахоҳад буд.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфт, ки ҷаҳон босуръат дар ҳоли тағйир аст, монанди пеш аз ин ҳеҷ чиз на дар сиёсати ҷаҳонӣ ва дар на дар иқтисоди ҷаҳонӣ нахоҳад буд.
Ӯ дар нишасте бо раҳбарии вазорати умури хориҷаи Русия гуфт: “Дунё ба суръат дар ҳол тағйир аст, монанди пеш аз ин ҳеҷ чиз на дар сиёсати ҷаҳонӣ ва дар на дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва дар фановарӣ нахоҳад буд”.
Путин: пояҳои назми ҷаҳонӣ чандқутбӣ бар пояи воқеияти ҷадид шакл мегирад
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфт, ки бар пояи воқеъияти ҷадид, пояҳои як назми ҷаҳони чандқутбӣ дар ҳоли шаклгирӣ аст.
Президент России Владимир Путин. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.06.2024
Путин созишнома дар бораи тиҷорати озод миёни ИИАО ва Эронро ба тасвиб расонд
Путин гуфт: “бар пояи воқеъияти ҷадиди иқтисоди сиёсӣ аст, ки имрӯзаи хутути як назми ҷаҳони чандқутбӣ ва чандҷониба дар ҳоли шаклгирӣ аст ва ин як раванд айнӣ аст, ки нишондиҳанда танаввуи фарҳангӣ ва тамаддунист, ки алорағми ҳамаи талошҳо барои ваҳдатсохтагӣ аст ба таври органик дар инсон зотӣ аст”.
Путин : кишварҳои бештаре дар ҳоли талош барои тақвият ҳокимият ҳастанд
Владимир Путин гуфт, ки кишварҳои бештаре дар ҳоли талош барои тақвияти ҳокимият худ ҳастанд.
Вай афзуд: “давлатҳои бештаре барои тақвияти ҳокимият, худкафоӣ, ҳувияти миллӣ ва фарҳангӣ талош мекунанд. Кишварҳои ҷануб ва шарқи ҷаҳон ба хати мақдам меоянд ва нақши Африқо ва Амрикои лотинӣ дар ҳол афзоиш аст. Мо аз замони иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ ҳамеша дар бораи аҳамияти ин манотиқ аз ҷаҳон суҳбат кардаем, аммо имрӯз пӯёиҳо комилан мутафовит аст”.
Путин : ҳамае корҳои вазорати хориҷаи Русия бо ҳадафи густариши пойдор ва афзоиши амнияти кишвар аст
Раҳбари русия таъкид кард, ки ҳамаи талошҳои вазорати умури хориҷаи Русия барои тавсеаи пойдору афзоиши амният кишвар аст.
“Ман таъйини корҳои муносиб барои бахши сиёсати хориҷиро муҳим медонам. Ҳамаи онҳо пайрави ҳадаф аслӣ ҳастанд - эҷоди шароит барои тавсеаи пойдори кишвар, тазмини амният он ва беҳбуди рифоҳи хонаводаҳои русӣ”.
ПМЭФ-2024. Пленарное заседание - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2024
Аз рӯй ба Шарқ то қарзҳои имтиёзноку пасандозҳо ва рушд: Нукоти муҳими Путин дар АБИП
Раисҷумҳури Русия хотирнишон кард, ки кор дар ин замина дар воқеиятҳои душвор ва ба суръат, дар ҳоли тағйири имрӯзи мусталзими тамаркузи бештари талошҳо, ибтикор ва пуштикор ва ҳамчунин тавонои посухгуи на танҳо ба чолишҳои феълӣ, балки барои тадвини барномаҳои баландмуддат аст.
Путин: Ғарбу Амрико фикр мекарданд, ки дар ҷанги сард пирӯз шудаанд ва метавонанд сохтори ҷаҳонро таъйин кунанд.
Владимир Путин афзуд, ки ки қудратҳои ғарбӣ ба раҳбарии Амрико бар ин боваранд ки дар ҷанги сард пирӯз шудаанд ва худашон метавонанд назми ҷаҳониро таъйин кунанд ва ба пурсишҳои мунсифонаи Маскав бо баҳонагирӣ посух доданд.
Путин таъкид кард: “қудратҳои ғарбӣ ба раҳбарии Иёлоти Муттаҳида бар ин бовар буданд, ки дар ҷанги сард пирӯз шудаанд ва ин ҳақро доранд ки мустақиллан таъйин кунанд ки ҷаҳон чигуна бояд созмондиҳӣ шавад. Баёни амалии ин ҷаҳонбинии пружаи густариши номаҳдуди блоки Атлантики шимолӣ дар фазо ва замон буд. Ба пурсишҳои мунсифонаи мо бо баҳонаҳое посух дода шуд , ки ҳеҷ каси қасди юриш ба Русия ва густариши НАТО-ро надорад”.
Путин: Русияи дустдори физояндаеро дар миёни кишварҳо ба сохтор БРИКС мебинад
Кишвардори Русия гуфт, кишвараш алоқаи физояндаеро дар миёни кишварҳо ба сохтор БРИКС мебинад.
“Ин тасвир аз оянда бо орзуҳои аксарият қариб ба иттифоқи кишварҳои ҷаҳон ҳамхонӣ дорад. Ва мо инро, дар миёни чизҳои дигар, дар алоқаи физоянда ба кори анҷумани ҷаҳонӣ монанди БРИКС мебинем”, зикр кард кишвардори Русия.
Путин: НАТО дар талош аст то фишорро бар кишварҳое, ки қасд доранд пеши рӯйи густариши онҳоро бигирад, афзоиш диҳад
Владимир Путин дар дидор бо раҳбарии вазорати хориҷа Русия гуфт, ки НАТО дар талошаст то фишорро бар кишварҳое, ки қасд дорад тавсеаи онҳоро маҳор кунад, аз он миён Русия афзоиш диҳад.
Выступление Путина на ПМЭФ-2024: главные тезисы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2024
Суханронии Путин дар Анҷумани байналмилалии иқтисодии Петербург - видео
“Ду соли пеш, дар нишаст сарони НАТО дар Мадрид эълом шуд, ки Иттиҳод акнун ба масоил амниятӣ хоҳад пардохт. На танҳо дар минтақаи НАТО, балки дар минтақаи Осиё ва уқёнусиё. Онҳо мегӯянд, ки дар онҷо низ наметавонанд бидуни онҳо кор кунанд. Маълум аст, ки дар пушти ин талош афзоиши фишор бар кишварҳои минтақа вуҷуд дорад, ки тасмим ба маҳори тавсеаи онҳо гирифтаанд. Ҳамон тавре, ки медонед дар яке аз нахустин ҷойҳои ин феҳрист кишвари мо Русия аст”, - гуфт ӯ.
Путин: усули чандқутбӣ дар умури байналмилалӣ ба мо иҷоза медиҳад мушкилотро бо ҳам ҳал кунем
Владимир Путин раисҷумҳури Русия гуфт, ки барқарории усули чандқутбӣ дар умури байналмилалӣ ба моимкон медиҳад печидатарин мушкилотро бо ҳам ҳал кунем.
“Воқеияти ҷадиди сиёсӣ ва иқтисодӣ аст, ки имрӯз хутути як назми ҷаҳонӣ чандқутбӣ ва чандҷониба дар ҳоли шаклгирӣ аст ва ин як раванда рушан аст. Билохираи тайиди усули чандқутбӣ ба мо ин имконро медиҳад, ки ба таври муштарак печидатарин мушкилотро барои манофеи муштарак ҳал кунем, пайвандҳои судманди мутақобил эҷод кунем”, - илова кард Путин.
Путин: пайвандҳои Русия бо шуморе аз кишварҳои аврупоӣ бадтар шудааст
Владимир Путин раисҷумҳури Русияҳамчунин гуфт, ки пайвандҳои Русия бо шуморе аз кишварҳои аврупоӣ бадтар шудааст.
“Бале, акнун пайвандҳои Русия бо Иттиҳодияи Аврупо, бо шуморе аз кишварҳои аврупоӣ, бадтар шудааст. Ӯ борҳо бар ин мавзӯ таъкид кард, бидуни тақсири мо”.
Путин: ҳамаи пешниҳодҳои Русия дар заминаи амният, посухе аз тарафи шарикҳои хориҷӣ пайдо накард
Путин афзуд, ки Русияи доиман роҳи ҳалли амнияти созандаеро ба шарикҳои хориҷӣ ироа кардааст, аммо ҳамаи талошҳо посухе пайдо накардааст.
Рабочая поездка президента Владимира Путина в Санкт-Петербург - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2024
Путин даъват кард, ки ба таҳдиди истифодаи силоҳи ҳастаӣ набояд роҳ дод
“Мо ҳам дар даҳаи 90 ва ҳам пас аз он ҳамвора ба иштибоҳ будани масири интихобшуда аз сӯии нухбагони Ғарб ишора кардем Аз онҳо на танҳо интиқод кардем, балки ҳушдор додему гузинаҳоеро барои роҳи ҳалли созанда ироа кардем ва бар аҳамияти тавсеаи механизмҳои амниятии Аврупо ва ҷаҳон, ки муносиб ба ҳама бошад, таъкид кардем ва ман мехоҳам бар ин мавзуъ таъкид кунам”, қайд кард Путин.
Раҳбари Русия хотирнишон кард , ки як феҳристи сода аз ибтикороте, ки Русия дар ҷараёни солҳо ироа кардааст, беш аз як параграф тӯл хоҳад кашид.
“Ҳамаи талошҳои бишмори мо, беш аз ҳад барои феҳрист кардан, барои истидлол бо тарафҳоямон – равшангарӣ, супоришҳо, ҳушдорҳо, дархостҳои мо - ҳеҷ посухӣ надошт “ .
Лентаи хабарҳо
0