Садҳо нафар аз кор идораҳои оби Тоҷикистон рафтаанд: Чаро?

© Sputnik / Мариус Баранаускас / Гузариш ба медиабонкОрошение поля водой, архивное фото
Орошение поля водой, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2024
Обуна шудан
Тайи моҳҳои охир аз идораҳои беҳдошти замин ва обёрии вилояти Суғд ҳудуди як ҳазор нафар аз кор рафтаанд, ки бештари онҳо ҷавонони соҳибмаълумот буданд
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Далели тарки кор кардани кормандони идораҳои беҳдошти замин ва обёрӣ дар Суғд баробари кам будани музд, саривақт пардохт нагардидани он арзёбӣ мешавад.
Дар ин бора нашрияи парлумонии "Садои мардум" бо нашри як матлаб хабар додаст.
Ба иттилои манбаъ, бар асари пардохт нашудани ҳаққи обрасонӣ маъмурият наметавонад музди меҳнати ночизро сари вақт пардохт кунад.
"Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ қарз аз музди меҳнат беш аз 1,6 млн сомониро ташкил дода, бо сабаби пардохт нашудани ҳаққи обрасонӣ қарзи кредитории соҳа ба 95,6 млн. сомонӣ расид", - гуфтаст муовини сардори раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Суғд Ҳалимҷон Ҳоҷиев.
ЕАЭС-2023. Работа форума - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2024
Маош дар кишварҳои ИИАО боло рафт
Зикр гардидаст, ки дар баъзе пойгоҳҳои обкашӣ ба ҷойи 18 мутахассис 5 ё 6 нафар кор мекунанд.
Дар калонтарин пойгоҳи таъмиру тармими агрегатҳои обрасони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки замони шуравӣ то 650 нафар кор мекарданд, ҳоло ҳамагӣ 10-15 таъмиргар фаъолият доранд, омадааст дар матлаб.
Қарзи истифодабарандагони оби вилояти Суғд соли гузашта ба 74 млн сомонӣ расида буд.
Таъкид гардидаст, ки нархи ҳаққи хизматрасониро барои ҳар мукааб 5 дирамро ташкил медиҳад. Масъулин мегӯянд, об ройгон, аммо хизматрасонӣ, яъне тавассути пойгоҳҳои обкашӣ ва каналҳо расонидани он пулакӣ аст.
Лентаи хабарҳо
0