https://sputnik.tj/20240306/maosh-dar-kishvarhoi-iiao-bolo-raft-1061954481.html
Маош дар кишварҳои ИИАО боло рафт
Маош дар кишварҳои ИИАО боло рафт
Sputnik Тоҷикистон
Дар соли гузашта маош дар кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ба таври назаррас боло рафт. Бештар аз ҳама маош дар Белорус ва Арманистон зиёд шудааст.
2024-03-06T16:59+0500
2024-03-06T16:59+0500
2024-03-06T19:14+0500
русия
дар русия
ииао
маош
музди меҳнат
болоравӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/09/1061204197_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_681e87071ae03409d86625d4bb47bfa7.jpg
ДУШАНБЕ, 6мар – Sputnik. Музди миёнаи моҳонаи номиналӣ ва воқеӣ (бо назардошти шохиси нархҳои истеъмолии молҳо ва хизматрасониҳо) дар моҳҳои январ-декабри соли 2023 нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 дар ҳамаи давлатҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё зиёд шуд.Суръати баландтарини афзоиши музди миёнаи моҳонаи воқеӣ дар Арманистон (112,4%) ва Беларус (111%) ба қайд гирифта шудааст.Музди миёнаи моҳонаи номиналӣ дар Арманистон – 270 ҳазор драми арманӣ (688 доллар), дар Беларус – 1,9 ҳазор рубли белорусӣ (634 доллар), дар Қазоқистон – 360,8 ҳазор танга (791 доллар), дар Қирғизистон – 33,3 ҳазор сом (379 доллар) ва дар Русия – 73,7 ҳазор рубли русӣ (871 доллар)-ро ташкил додааст.Ёдовар мешавем, ки охири моҳи январ раисҷумҳури Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи накуаҳволии мардуми кишвар фармон додааст, ки маошу стипендия боло бурда шавадТибқи фармон аз 1 январи соли 2024 маоши хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони дигари ин мақомот ба андозаи ба андозаи 40% зиёд карда мешавад.Бар асоси ин санад, маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рутбаи қаторӣ то лейтенант 1390 сомонӣ ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш 1250 сомонӣ муқаррар карда мешавад.Андозаи маоши заминавӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ ба андозаи 1250 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида ба андозаи 1390 сомонӣ, ки дар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият менамоянд, муқаррар карда гардид.
https://sputnik.tj/20231018/maosh-kulob-afzoish-1060001049.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/09/1061204197_245:0:2977:2048_1920x0_80_0_0_7c576ae5e3743ea807ed39c4eb75cc35.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
еаэс, маош, моҳан, авруосиё, белорус, русия, арманистон
еаэс, маош, моҳан, авруосиё, белорус, русия, арманистон
Маош дар кишварҳои ИИАО боло рафт
16:59 06.03.2024 (Навсозишуда: 19:14 06.03.2024) Дар соли гузашта маош дар кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ба таври назаррас боло рафт. Бештар аз ҳама маош дар Белорус ва Арманистон зиёд шудааст.
ДУШАНБЕ, 6мар – Sputnik. Музди миёнаи моҳонаи номиналӣ ва воқеӣ (бо назардошти шохиси нархҳои истеъмолии молҳо ва хизматрасониҳо) дар моҳҳои январ-декабри соли 2023 нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 дар ҳамаи давлатҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё зиёд шуд.
Суръати баландтарини афзоиши музди миёнаи моҳонаи воқеӣ дар Арманистон (112,4%) ва Беларус (111%) ба қайд гирифта шудааст.
Музди миёнаи моҳонаи номиналӣ дар Арманистон – 270 ҳазор драми арманӣ (688 доллар), дар Беларус – 1,9 ҳазор рубли белорусӣ (634 доллар), дар Қазоқистон – 360,8 ҳазор танга (791 доллар), дар Қирғизистон – 33,3 ҳазор сом (379 доллар) ва дар Русия – 73,7 ҳазор рубли русӣ (871 доллар)-ро ташкил додааст.
Ёдовар мешавем, ки охири моҳи январ раисҷумҳури Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи накуаҳволии мардуми кишвар фармон додааст, ки маошу стипендия боло бурда шавад
Тибқи фармон аз 1 январи соли 2024 маоши хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони дигари ин мақомот ба андозаи ба андозаи 40% зиёд карда мешавад.
Бар асоси ин санад, маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рутбаи қаторӣ то лейтенант 1390 сомонӣ ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш 1250 сомонӣ муқаррар карда мешавад.
Андозаи маоши заминавӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ ба андозаи 1250 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида ба андозаи 1390 сомонӣ, ки дар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият менамоянд, муқаррар карда гардид.