https://sputnik.tj/20240421/dollar-qarz-grant-sokhtmon-maktab-tojikiston-1062583774.html
Тасвиби даҳҳо млн доллар қарзу грант барои сохтмони мактабҳои нав дар Тоҷикистон
Тасвиби даҳҳо млн доллар қарзу грант барои сохтмони мактабҳои нав дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Созишномаи Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд баста шудааст, ки арзиши умумии лоиҳаи мазкур 86 млн доллари амрикоиро ташкил медиҳад
2024-04-21T14:54+0500
2024-04-21T14:54+0500
2024-04-21T14:54+0500
маориф
дар тоҷикистон
мактаб
сохтмон
маҷлиси намояндагон
парлумон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/1a/1061061184_0:154:3093:1894_1920x0_80_0_0_0cafba43cf15e30d8bc76448c750c598.jpg
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи қарзию грантӣ бо Бонки исломии рушдро тасвиб кард, ки дар доираи он бунёду таҷҳизонидани 53 мактаб дар назар аст. Ин нуктаро муовини вазири молияи Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ зимни муаррифии лоиҳа дар парлумон баён дошт. Ба гуфтаи ӯ, лоиҳа аз қисматҳои такмилдиҳии муҳити таълим тавассути сохтмони 53 мактаб ва муҷаҳҳазонидани онҳо бо мебели мувофиқ, инфрасохтори рақамӣ, таҷҳизоти лабораторӣ ва маводҳои таълимӣ иборат мебошад, ки арзиши ин қисмат ҳудуди 59 млн доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Баланд бардоштани сифат ва самаранокии хизматрасониҳои таълимӣ аз бахшҳои дигари тарҳ аст, ки нархи он ҳудудди 16,5 млн долларро ташкил медиҳад. Татбиқи лоиҳаи мазкур аз соли 2024 оғоз гардида, анҷоми он соли 2029 ба нақша гирифта шудааст, афзуд ноиби вазири молия. Арзиши умумии лоиҳаи мазкур 86 млн доллар буда, саҳми ҳукумати Тоҷикистон ҳудуди 8 млн доллар арзёбӣ мешавад. Қарзи Бонки исломии рушд ба маблағи 45 млн доллар, гранти Фонди шарикии глобалӣ дар соҳаи таҳсилот ба маблағи 25 млн доллар ва қарзи Фонди ОПЕК ба маблағи 8 млн доллар бахшҳои ин тарҳ мебошанд. Дар Тоҷикистон дар пасманзари афзоиши аҳолӣ ва пайдо шудани минтақаҳои нави истиқоматӣ талабот ба муассисаҳои таълимӣ афзоиш ёфтааст.
https://sputnik.tj/20231203/tahkim-jalb-sohibkoron-maktabsozi--tojikiston-1060700779.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/1a/1061061184_228:0:2957:2047_1920x0_80_0_0_c1bc36cf50fcf4b1d718eb0099c599d4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мактаб, бино, нав, созиш, мазкур, тоҷикистон, доллар, има
мактаб, бино, нав, созиш, мазкур, тоҷикистон, доллар, има
Тасвиби даҳҳо млн доллар қарзу грант барои сохтмони мактабҳои нав дар Тоҷикистон
Созишномаи Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд баста шудааст, ки арзиши умумии лоиҳаи мазкур 86 млн доллари амрикоиро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи қарзию грантӣ бо Бонки исломии рушдро тасвиб кард, ки дар доираи он бунёду таҷҳизонидани 53 мактаб дар назар аст.
Ин нуктаро муовини вазири молияи Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ зимни муаррифии лоиҳа дар парлумон баён дошт.
Ба гуфтаи ӯ, лоиҳа аз қисматҳои такмилдиҳии муҳити таълим тавассути сохтмони 53 мактаб ва муҷаҳҳазонидани онҳо бо мебели мувофиқ, инфрасохтори рақамӣ, таҷҳизоти лабораторӣ ва маводҳои таълимӣ иборат мебошад, ки арзиши ин қисмат ҳудуди 59 млн доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Баланд бардоштани сифат ва самаранокии хизматрасониҳои таълимӣ аз бахшҳои дигари тарҳ аст, ки нархи он ҳудудди 16,5 млн долларро ташкил медиҳад.
Татбиқи лоиҳаи мазкур аз соли 2024 оғоз гардида, анҷоми он соли 2029 ба нақша гирифта шудааст, афзуд ноиби вазири молия.
Арзиши умумии лоиҳаи мазкур 86 млн доллар буда, саҳми ҳукумати Тоҷикистон ҳудуди 8 млн доллар арзёбӣ мешавад.
Қарзи Бонки исломии рушд ба маблағи 45 млн доллар, гранти Фонди шарикии глобалӣ дар соҳаи таҳсилот ба маблағи 25 млн доллар ва қарзи Фонди ОПЕК ба маблағи 8 млн доллар бахшҳои ин тарҳ мебошанд.
Дар Тоҷикистон дар пасманзари афзоиши аҳолӣ ва пайдо шудани минтақаҳои нави истиқоматӣ талабот ба муассисаҳои таълимӣ афзоиш ёфтааст.