https://sputnik.tj/20231203/tahkim-jalb-sohibkoron-maktabsozi--tojikiston-1060700779.html
Таҳкими ҷалби соҳибкорон ба мактабсозӣ дар Тоҷикистон
Таҳкими ҷалби соҳибкорон ба мактабсозӣ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Тоҷикистон дар шароити рушди рӯзафзуни аҳолӣ ва зиёд шудани талабот ба ҷои нишаст дар макотиб бахши хусусиро ба мактабсозӣ ҷалб карда истодааст
2023-12-03T11:01+0500
2023-12-03T11:01+0500
2023-12-03T11:01+0500
дар тоҷикистон
маориф
сохтмон
мактаб
бунёд
ҳазор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/14/1060067323_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_ae7d538cf583427549ca268dd064945b.jpg
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik Соҳибкорон дар ноҳияи Рашт давоми 9 моҳ 8 мактаб сохтаанд, ки барои рушди соҳаи маориф саҳми бузург арзёбӣ мегардад. Ба иттилои нашрияи парлумонии "Садои мардум", аз ҷумла дар деҳаи Кӯли деҳоти "Аскалон" соҳибкор Ширинхӯҷа Асланов барои 300 хонанда мактаб сохтаст, ки бо тамоми таҷҳизоти муҳими таълимӣ таъминанд. Ин дуюмин муассисаи таълимӣ мебошад, ки Асланов дар ноҳия бунёд намудааст.Соҳибкорон Зафарҷон Маликов ва Шарифбек Давлатов муассисаи дуошёна бунёд карда, мушкили дастрасӣ ба таҳсил дар деҳаи Болошаҳрро ҳал кардаст. Таъкид мешавад, ки дар ҷумҳурӣ ҳиссаи соҳибкорон дар бахши иҷтимоӣ аз ҷумла дар сохтмони мактабҳо афзоиш меёбад.Мақомоти Тоҷикистон азм доранд, бо пули давлат ва ҷалби сармояи бахши хусусию шарикони рушд давоми солҳои наздик садҳо мактаб бунёд кунанд. Қаблан хабар дода шуда буд, ки то соли 2026-ум дар Тоҷикистон бунёди 1 ҳазор муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар нақша аст. Талабот ба мактаб дар шароити афзоиши аҳолӣ, ташкили маҳаллаҳои нави истиқоматӣ ва фарсуда шудани бархе мактабҳои бунёдгардида дар замони шӯравӣ сол ба сол афзоиш ёфта истодааст.
https://sputnik.tj/20231117/rustami-emomali-zabon-rusi-omodagi-hamkori-rusiya-1060502190.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/14/1060067323_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_28039e7b10656a96ae1a87ddf824fa5a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
соҳибкорон, тоҷикистон, макотиб, афзоиш, бахш
соҳибкорон, тоҷикистон, макотиб, афзоиш, бахш
Таҳкими ҷалби соҳибкорон ба мактабсозӣ дар Тоҷикистон
Ҳукумати Тоҷикистон дар шароити рушди рӯзафзуни аҳолӣ ва зиёд шудани талабот ба ҷои нишаст дар макотиб бахши хусусиро ба мактабсозӣ ҷалб карда истодааст
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik Соҳибкорон дар ноҳияи Рашт давоми 9 моҳ 8 мактаб сохтаанд, ки барои рушди соҳаи маориф саҳми бузург арзёбӣ мегардад.
Ба иттилои нашрияи парлумонии "Садои мардум", аз ҷумла дар деҳаи Кӯли деҳоти "Аскалон" соҳибкор Ширинхӯҷа Асланов барои 300 хонанда мактаб сохтаст, ки бо тамоми таҷҳизоти муҳими таълимӣ таъминанд.
Ин дуюмин муассисаи таълимӣ мебошад, ки Асланов дар ноҳия бунёд намудааст.
Соҳибкорон Зафарҷон Маликов ва Шарифбек Давлатов муассисаи дуошёна бунёд карда, мушкили дастрасӣ ба таҳсил дар деҳаи Болошаҳрро ҳал кардаст.
Таъкид мешавад, ки дар ҷумҳурӣ ҳиссаи соҳибкорон дар бахши иҷтимоӣ аз ҷумла дар сохтмони мактабҳо афзоиш меёбад.
Мақомоти Тоҷикистон азм доранд, бо пули давлат ва ҷалби сармояи бахши хусусию шарикони рушд давоми солҳои наздик садҳо мактаб бунёд кунанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки то соли 2026-ум дар Тоҷикистон бунёди 1 ҳазор муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар нақша аст.
Талабот ба мактаб дар шароити афзоиши аҳолӣ, ташкили маҳаллаҳои нави истиқоматӣ ва фарсуда шудани бархе мактабҳои бунёдгардида дар замони шӯравӣ сол ба сол афзоиш ёфта истодааст.