Президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Сафари раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18 апрел бо як сафари расмӣ вориди Душанбе мешавад. Сафари ӯ ба Тоҷикистон ду рӯз идома хоҳад ёфт

Тафсилоти додугирифти Душанбею Тошканд - тасвирбаён

Обуна шудан
Додугирифти Тоҷикистону Ӯзбекистон тайи 7 охир даҳҳо баробар афзоиш ёфта, роҳбарияти ду кишвар расондани гардиши коло ба 2 млрд долларро имконпазир медонанд
Гардиши мол миёни Тоҷикстону Ӯзбекистон тайи 7 сол тақрибан 40 баробар зиёд шудаст, аммо ин ҳадди ниҳоии зарфиятҳо несту имкониятҳои истифоданашуда дар ин бахш ҳанӯз зиёданд.
Ба ин нукта раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар пайи музокирот бо ҳамтои ӯзбекистонияш, Шавкат Мирзиёев ишорат кард.
Эмомалӣ Раҳмон илова намуд, ки ҳоло дар қаламрави ду кишвар қариб 400 корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон фаъолият менамоянд. Маврид ба зикр аст, ки бештар аз 300 корхона дар Ӯзбекистон бо сармояи тоҷикӣ фаъолият доранд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди нишондиҳандаҳои ҳамкорӣ гуфт, ин ҳадди ниҳоӣ набуда, ҳамкориҳо дар бахши гидроэнергетика, саноат, аз ҷумла истеҳсоли автомашина ва қисмҳои он, доруворӣ ва коркарди маҳсулоти аграриро ояндадор хонд.
Ҳамлу нақли бор ва мусофирбарӣ дар ИИАО афзоиш ёфтааст
"Мо, ҳамчунин, масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои мушаххасро дар соҳаҳои иқтисоди рақамӣ, таҳқиқоти технологӣ ва ихтироот, тиҷорати электронӣ ва хизматрасониҳои муосири саноатӣ баррасӣ кардем", - гуфт Раҳмон.
Дар назди ҳукуматҳо вазифа гузошта шудааст, ки савдои тарафайнро то ба 2 млрд доллари амрикоӣ дар як сол расонанд. Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамчунин мехоҳанд, як минтақаи озоди тиҷоратии "Ойбек-Фотеҳобод" ва маркази тиҷорию логистикии "Андархон" таъсис диҳанд.
Дар таркиби савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ба ҷониби Душанбе бештар воридот рост меояд.
Лентаи хабарҳо
0