Ҳамлу нақли бор ва мусофирбарӣ дар ИИАО афзоиш ёфтааст

© Sputnik / Илья НаймушинГрузовые автомобили на трассе
Грузовые автомобили на трассе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2024
Обуна шудан
Аз аввали соли равон афзоиши гардиши мусофирон дар саросари Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба қайд гирифта шудааст, иттилоъ дод КИАО
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ҳамлу нақли бор ва мусофирон рӯ ба афзоиш аст.
Дар ин бора омори Комиссияи иқтисодии Авруосиё (КИАО) бо нашри як иттилоия хабар додаст.
Дар моҳҳои январ-феврали соли 2024 ҳам гардиши умумии мусофирон дар саросари ИИАО 10% афзоиш ёфтааст, ки баландтарин нишондод ба Қирғизистону камтарин ба Қирғизистон рост меояд.
Рабочий рассматривает золотые слитки, изготовленные на ОАО Екатеринбургский завод по обработке цветных металлов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2024
Воридоти колои ҳомили металҳои гаронбаҳо ба ИИАО осонтар шуд
Аз ҷумла дар таносуби кишварҳо нишондиҳандаи рушд дар Қирғизистон - 11,2%, Русия - 10,6%, Белоруссия - 8,3% ва Қазоқистон - 7,6% шудаст.
Дар баробари ин дар давраи хисоботӣ муомилоти умумии бор дар иттиҳодия қариби 1% афзоиш ёфтааст.
Аз ҷумла афзоиш дар Қирғизистон (8,8%), Беларус (1,6%) ва Русия (1,3%) ба қайд гирифта шудааст.
Дар доираи ин иттиҳод ҳамгироӣ ҳадафи асосӣ арзёбӣ гардида, озодии интиқоли мол, хизматрасонӣ, сармоя, қувваи корӣ, сиёсати ҳамоҳангшуда ва сиёсати ягонаи иқтисодӣ таъмин карда мешавад. Феълан узви иттиҳод Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0