Cӯзандоруи марг: дар Ғарб усули нави коҳиш додани аҳолиро ёфтанд

CC BY 2.0 / Derek Bennett / Tattered EU flagПовреждённый флаг Евросоюза
Повреждённый флаг Евросоюза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2024
Обуна шудан
Оё куштани шаҳрвандони худ, ки ба ҷуз фақру беморӣ дигар гуноҳе надоранд, мумкин аст ва бар замми ин боз давлати пешқадами демократӣ маҳсуб ёфтан? Ин савол дар назди давлатҳои пешқадами Ғарб борҳо ба миён омадааст ва баъзан онҳо ба чунин ҳила муваффақ мешуданд.
ДУШАНБЕ, 10 апр – Sputnik, Виктория Никифорова. Дар тӯли се аср дар Англия, дар ин истеҳкоми демократияи ҷаҳонӣ, одамон, аз ҷумла кӯдаконро, барои оворагардӣ бидуни ҳеҷ гуна эҳсосот ба дор меовехтанд, айнан барои он мекуштанд, ки шахс "ба ин бозор мувофиқат намекард". Дар ИМА, Шветсия, Дания ва Швейтсария дар тӯли солҳои зиёди асри ХХбарномаҳои бузурги давлатӣ барои ақимсозӣ ва бенаслкунии одамони табақаҳои поёнии ҷомеа амал мекарданд, онҳо маҷбуран аз имкони таваллуди насл маҳрум карда мешуданд. Гитлер бо барномаҳои худ оид ба нест кардани беморони рӯҳӣ ва аз нажоди паст сабақро аз муаллимони хуб омӯхта буд.
Таҳти нидоҳои “репрессия” дар Русия ва Чин, Ғарб хомӯшона ва ҳадафмандона кишварҳои худро аз шаҳрвандони камбизоат, бемор ва бенаво пок мекард. Имрӯзҳо усулҳои кӯҳнаи тозакунӣ ба кор намеоянд. Аммо усули нав пайдо шуд: дар кишварҳои равшанфикр ва демократӣ эвтаназия, - марги ихтиёриро фаъолона инкишоф медиҳанд.
Аммо, вақтҳои охир шумораи фавтидагон - шаҳрвандони кишварҳои демократӣ чунон зиёд шуд , ки саволе ба миён омад,оё ин кор дар асл ихтиёрӣ аст?
Врач-лаборант проводит исследование в лаборатории  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2024
Русия дар пешгирии вабо ва омодасозии мутахассисон ба Тоҷикистон кумак мекунад
Аз ҳама беш Канадаро интиқод мекунанд, он ҷо на танҳо духтури соҳибихтисос, балки ҳамшираи шафқат ҳам ҳуқуқи анҷоми эвтаназияро дорад ва сабабҳо барои анҷомихудкушии тиббӣ хеле васеъ аст, аз ҷумла "мушкилоти рӯҳӣ", яъне афсурдагии (депрессия) оддӣ.
Канада аз рӯи шумори одамоне, ки ба ҷони худ қасд мекунанд, пешсаф аст. Дар соли 2022 шумори чунин афроди бадбахт 13102 нафар буд, ин беш аз чаҳор дарсади ҳамаи фавтҳоро ташкил дод. Дар он ҷо ҳуқуқи марг ҳамчун муҳимтарин “ҳуқуқи башарӣ” муаррифӣ мешавад, эвтаназия дар наворҳои тарғиботии боҳашамат ситоиш карда мешавад, мӯди сӯзандоруҳои марговар аз боло ҷорӣ карда мешавад. Аммо рақамҳои расмӣ танҳо нӯги яхпораи калон мебошанд.
Тибқи қонун, табибон, ки розигии беморро ба эвтаназия гирифтаанд, вазифадоранд, ки дар ин бора ба хешовандони ӯ хабар надиҳанд, гӯё ҳамин тавр "ҳифзи сирри" шаҳрванд таъмин карда мешавад. Дар Онтарио ва Квебек барои табибон манъ аст, ки дар шаҳодатномаи марг оид ба гузаронидани эвтаназия маълумот диҳанд. Дар натиҷа, шумораи дақиқи қурбониён номаълум аст. Бо вуҷуди ин, ҳатто коршиносони СММ аллакай ҳушдор медиҳанд, ки низоми дар Канада ба вуҷудомада, "одамони аз ҷиҳати рӯҳӣ ноустуворро ба худкушӣ тела медиҳад".
Аммо гап на танҳо дар ноустувории рӯҳӣ аст. Агар наздикони бемор тафтиш кунанд, аксаран маълум мешавад, ки иллати аксари “мушкилоти равонӣ” пул аст. Масалан, нафаре рӯзгорро бо кӯмакпулии маъюбӣ мегузаронад ва он тақрибан 800 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, яъне барои ғизо басанда аст, аммо барои иҷораи хона намерасад. Барои табобат дар беморхона тамоман кифоя нест.
У кори - стопроцентное поражение - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2024
Бемории сурхча: чаро моякӯбӣ аз ин маризӣ зарур аст
Ва ҳамин тавр, духтур ба бемор мефаҳмонад, ки як рӯз дар беморхона якуним ҳазор доллар арзиш дорад, аммо шумо ин гуна пул надоред, оё намехоҳед, ки "имконияти тарки ҳаётро” баррасӣ кунед? Аҷиб он аст, ки барои расонидани чунин хабарҳои ногувор дар беморхонаҳо вазифаи "нозири этика" вуҷуд дорад. Тамасхурифоҷиавӣ, албатта.
Яъне эвтаназия аслан марг аз ноумедӣ аст. Ҳатто беморони вазнин аксаран афзалтар медонанд, ки аз наздикон, дӯстон, табибон кӯмак гиранд ва рӯзҳои худро оромона анҷом диҳанд. Аммо барои ин пул надоранд. Чӣ кор бояд кунанд? Онҳо "ҳуқуқи мурданро интихоб мекунанд". Он гунае, ки сад сол пеш дар деҳаҳои камбизоати Ҷопон пиронсолон розӣ мешуданд, ки фарзандонашонҳоро ба ҷангал баранд ва дар он ҷо ях карда мемиранд, дар ин бора филме ҳам ҳаст, ки "Ривояти Нараяма" ном дорад.
Канада бо ҳамон роҳе, ки Нидерландия пеш гирифтааст, равон аст. Дар он ҷо кайҳо боз эвтаназия, ҳатто барои кӯдакон ва наврасон иҷозат дода шудааст. Сабабҳои худкушӣ метавонанд сирф соддабошанд. Ин як таҷрибаи аз ҷониби иҷтимоӣ тасдиқшуда ва ба муд даромада аст. Аз сабаби паст будани нархи эвтаназия, одамон аз тамоми Аврупо ба Нидерландия меоянд, ин як шохаи комили сайёҳии тиббӣ аст. Мачрои хоҳишмандон хушк намешавад.
Чунин ба назар мерасад, ки чаро мо бояд дар бораи мушкилоти Канада ва Аврупо фикр кунем? Аммо ин мисол ба таври возеҳ нишон медиҳад, ки ҳама ғояҳои элитаи муосири либералӣ тиллои қаҳрамонҳои афсонавӣ -“троллҳо” мебошанд. Он медурахшад, бениҳоят пешқадам ва замонавӣ менамояд, бо зебу зинатҳо ба мисли "ҳуқуқи инсон" ва "озодии шахсӣ" оро дода шудааст, аммо бо дамидани субҳ боз ба баргҳои рехташуда ва партовҳо табдил меёбад.
Блистеры с таблетками на фоне рентгенографического снимка легких - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2024
Роҳи нави ташхиси сили кӯдакон дар навоҳии Тоҷикистон ҷорӣ мешавад
Ин воқеан бо тамоми ғояҳои онҳо рухмедиҳад. Бо роҳи осоиштаи мустақилона ҳаётро тарк гуфтани беморони ноумед ва сахт ранҷдида на ба марги мунтазами беморони ноумед, балки одамони камбизоат, маъюбон, рӯҳан ноустувор табдил меёбад. Ҳуқуқи мансуб будан ба ҳар ҷинс ин аст, ки мардон худро ахта мекунанд ва занон синаҳои худро мебуранд.
Дар бораи кӯчманчиёни рақамӣ - кӯчманчиҳои соҳибақле, ки бо ноутбукҳои худ аз Бали то Сан-Франсиско ва аз он ҷо ба Кейптаун сафар мекарданд, чӣ фикрҳое буданд. Инкӯчманчиён ҳоло куҷоянд? Дар партовгоҳҳои Тбилиси ва Ереван кофтуков доранд.
Дар бораи озодӣ ва ҳуқуқҳои кӯдакон чӣ қадар суханҳо мешунавем! Аммо дар асл, ин ба террори ҳуқуқии кӯдакон табдил меёбад. Дар давоми ду соли охир дар Аврупо кӯдакони садҳо занони украиниро гирифтанд ва ҳеҷ гуна шикоят кӯмак намекунад. Ҳамсояҳо хабар медиҳанд, ки кӯдак гиря кардааст ё бозичаҳои кам дорад ва ҳамин тавр, кӯдак аз модар то абад гирифта мешавад.
Дар бораи "гузариши сабз" чӣ гуфтан мумкин аст? Қурбониёни он даҳҳо ҳазор пиронсолони аврупоӣ шуданд, ки дар манзилҳои худ аз сардӣ ҷон доданд.
Мо бояд инро дар хотир дошта бошем, зеро Ғарб бо ақидаҳо ва рӯзномаҳои худ кӯшиши ворид шудан ба ҳаёти моро ҳеҷ гоҳ бас намекунад. Ин ғояҳо бениҳоят хуб банду баст шудаанд. Аммо дар дарун ҳамеша марг ҳаст. Украиниҳо метавонистанд дар ин бора бисёртар нақл кунанд, аммо ҳоло барои ин вақт надоранд.
Лентаи хабарҳо
0