https://sputnik.tj/20240316/rusiya-peshgiri-vabo-omodasozi-mutakhassison-tojikiston-kumak-1062071224.html
Русия дар пешгирии вабо ва омодасозии мутахассисон ба Тоҷикистон кумак мекунад
Русия дар пешгирии вабо ва омодасозии мутахассисон ба Тоҷикистон кумак мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Қарор аст, ки Русия мутахассисони варзидаашро барои тақвияти иқтидори лабораторӣ ва омӯзиши вирусшиносон ба Тоҷикистон фиристад
2024-03-16T13:05+0500
2024-03-16T13:05+0500
2024-03-16T13:05+0500
дар тоҷикистон
русия
вазорати тандурустӣ
тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/1b/1050295635_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_3149fa30e686d268f554277ac988746e.jpg
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Роспотребнадзор бо хатарҳои паҳншавии бемории вабо якҷоя мубориза мебарад. Дар ин бора дафтари матбуоти ниҳоди Русия хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, дар ин бора зимни мулоқоти онлайнии раиси Роспотребнадзор Анна Попова ва муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Абдуҳолик Амирзода, ки рӯзи 15 март доир шуд, мувофиқа ҳосил шуд."Мулоқот бо дархости шарикони тоҷик дар робита ба вазъи эпидемиологии ҷаҳон оид ба бемории вабо сурат гирифт", - гуфтааст манбаъ. Гуфта мешавад, ки ҷониби Тоҷикистон аз Роспотребнадзор хостааст, ки дар ташкили мониторинги пешгирикунандаи ин беморӣ, инчунин, омодагӣ ба авҷгирии эҳтимолии вазъи эпидемиологӣ, аз ҷумла дар навоҳии наздимарзӣ, мусоидат намояд. "Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар самти омӯзиши мутахассисони соҳавии тоҷик аз ҷониби Русия, беҳбуди иқтидори лабораторияҳои Тоҷикистон, гузаронидани пажӯҳишҳои муштарак ва машқҳо анҷом дода шаванд", - афзуд Роспотребнадзор.Таъкид шудааст, ки сафари мутахассисони рус ба Тоҷикистон ташкил карда мешавад.
https://sputnik.tj/20240213/imkon-dorad-vaziri-tandurusti-dar-borai-marizii-kh--1061674562.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/1b/1050295635_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_0a170108438456c73160407ab7e14b34.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия пешгирӣ вабо омодасозӣ мутахассисон тоҷикистон кумак
русия пешгирӣ вабо омодасозӣ мутахассисон тоҷикистон кумак
Русия дар пешгирии вабо ва омодасозии мутахассисон ба Тоҷикистон кумак мекунад
Қарор аст, ки Русия мутахассисони варзидаашро барои тақвияти иқтидори лабораторӣ ва омӯзиши вирусшиносон ба Тоҷикистон фиристад
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Роспотребнадзор бо хатарҳои паҳншавии бемории вабо якҷоя мубориза мебарад.
Дар ин бора дафтари матбуоти ниҳоди Русия хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин бора зимни мулоқоти онлайнии раиси Роспотребнадзор Анна Попова ва муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Абдуҳолик Амирзода, ки рӯзи 15 март доир шуд, мувофиқа ҳосил шуд.
"Мулоқот бо дархости шарикони тоҷик дар робита ба вазъи эпидемиологии ҷаҳон оид ба бемории вабо сурат гирифт", - гуфтааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки ҷониби Тоҷикистон аз Роспотребнадзор хостааст, ки дар ташкили мониторинги пешгирикунандаи ин беморӣ, инчунин, омодагӣ ба авҷгирии эҳтимолии вазъи эпидемиологӣ, аз ҷумла дар навоҳии наздимарзӣ, мусоидат намояд.
"Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар самти омӯзиши мутахассисони соҳавии тоҷик аз ҷониби Русия, беҳбуди иқтидори лабораторияҳои Тоҷикистон, гузаронидани пажӯҳишҳои муштарак ва машқҳо анҷом дода шаванд", - афзуд Роспотребнадзор.
Таъкид шудааст, ки сафари мутахассисони рус ба Тоҷикистон ташкил карда мешавад.