https://sputnik.tj/20240304/rohi-nav-tashkhis-sili-kudakon-tojikiston-1061929536.html
Роҳи нави ташхиси сили кӯдакон дар навоҳии Тоҷикистон ҷорӣ мешавад
Роҳи нави ташхиси сили кӯдакон дар навоҳии Тоҷикистон ҷорӣ мешавад
Sputnik Тоҷикистон
То кунун дар Тоҷикистон ин усул танҳо дар Беморхонаи сили кӯдаконаи шаҳри Душанбе татбиқ мегардид, аммо минбаъд дар навоҳии ҷумҳурӣ низ дастрас хоҳад буд
2024-03-04T17:07+0500
2024-03-04T17:07+0500
2024-03-04T17:07+0500
дар тоҷикистон
маҳаллӣ
тандурустӣ
сил
ташхис
навоҳӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/04/1061927603_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_fed65f73a288ed35744f3c303d9d278c.jpg
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Дар навоҳии Тоҷикистон ташхиси бемории сил аз фазла ё худ ахлоти кӯдакон бо усули оддии якмарҳилагӣ роҳандозӣ мегардад. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки мутахассисони марказҳои ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба машғулияти омӯзишӣ фаро гирифта шуданд.Қаблан барои ташхиси сил дар кӯдакон лозим меомад, ки сулфаи сунъӣ ба вуҷуд оварда шавад, ки дар натиҷа кӯдакони то 10-сола балғамро фурӯ мебурданд, ки ин ҳолат барои ташхиси бемории сил мушкилиро ба вуҷуд меовард, зикр намуд ин ниҳод.Таъкид шуд, ки усули оддии якмарҳалагӣ танҳо бо тасдиқи фазла, бе истифодаи дигар таҷҳизоти иловагӣ силро муайян менамояд."Яъне, ҷорӣ намудани ин усули ташхис дар марказҳои ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили шаҳру навоҳии мамлакат навгонӣ буда, имкон медиҳад, ки кӯдакон дар маҳалли зисташон бо роҳи осон аз ташхиси бемории сил гузаранд", - омадааст дар иттилоия.Вазорат изҳор доштаст, ки то кунун дар Тоҷикистон ин усул танҳо дар Беморхонаи сили кӯдаконаи шаҳри Душанбе амалӣ мешуд, аммо минбаъд мутахассисони сатҳи марказӣ ва вилоятӣ низ омӯзиш гирифта, дар марказҳои худ онро ҷорӣ хоҳанд кард.Сил яке аз бемориҳои сироятӣ буда, мақомоти Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои мубориза бо он чораандешӣ мекунанд.
https://sputnik.tj/20240228/dastur-tahlil-tabobat-behtar-bemori-mardona-tojikiston-1061866736.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/04/1061927603_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_2b7f0df0bf6a70b27418d7be7f4fd3a5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сил, кӯдак, дастрас, беморӣ, татбиқ, душанбе
сил, кӯдак, дастрас, беморӣ, татбиқ, душанбе
Роҳи нави ташхиси сили кӯдакон дар навоҳии Тоҷикистон ҷорӣ мешавад
То кунун дар Тоҷикистон ин усул танҳо дар Беморхонаи сили кӯдаконаи шаҳри Душанбе татбиқ мегардид, аммо минбаъд дар навоҳии ҷумҳурӣ низ дастрас хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Дар навоҳии Тоҷикистон ташхиси бемории сил аз фазла ё худ ахлоти кӯдакон бо усули оддии якмарҳилагӣ роҳандозӣ мегардад.
Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки мутахассисони марказҳои ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба машғулияти омӯзишӣ фаро гирифта шуданд.
Қаблан барои ташхиси сил дар кӯдакон лозим меомад, ки сулфаи сунъӣ ба вуҷуд оварда шавад, ки дар натиҷа кӯдакони то 10-сола балғамро фурӯ мебурданд, ки ин ҳолат барои ташхиси бемории сил мушкилиро ба вуҷуд меовард, зикр намуд ин ниҳод.
Таъкид шуд, ки усули оддии якмарҳалагӣ танҳо бо тасдиқи фазла, бе истифодаи дигар таҷҳизоти иловагӣ силро муайян менамояд.
"Яъне, ҷорӣ намудани ин усули ташхис дар марказҳои ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили шаҳру навоҳии мамлакат навгонӣ буда, имкон медиҳад, ки кӯдакон дар маҳалли зисташон бо роҳи осон аз ташхиси бемории сил гузаранд", - омадааст дар иттилоия.
Вазорат изҳор доштаст, ки то кунун дар Тоҷикистон ин усул танҳо дар Беморхонаи сили кӯдаконаи шаҳри Душанбе амалӣ мешуд, аммо минбаъд мутахассисони сатҳи марказӣ ва вилоятӣ низ омӯзиш гирифта, дар марказҳои худ онро ҷорӣ хоҳанд кард.
Сил яке аз бемориҳои сироятӣ буда, мақомоти Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои мубориза бо он чораандешӣ мекунанд.