https://sputnik.tj/20240405/mardumi-barodarem-maskav-shabi-dustii-rusiya-tojikiston-video-1062360953.html
Мо мардуми бародарем: Дар Маскав "Шаби дӯстии Русияву Тоҷикистон" баргузор шуд - видео
Мо мардуми бародарем: Дар Маскав "Шаби дӯстии Русияву Тоҷикистон" баргузор шуд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Ин шоми дӯстӣ бо ташаббуси Маркази фарҳангии Тоҷикистон дар Маскав ва Анҷумани ҳамкориҳои байналмилалии Русия ташкил кардаанд
2024-04-05T20:06+0500
2024-04-05T20:06+0500
2024-04-05T20:06+0500
видео
маскав
фарҳанг
маркази фарҳангии тоҷикон дар русия
ҳамоиш
тоҷикон
ноҳид зайналпур
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/05/1062360784_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_ca6253c001994e43df3d6c2b8a0ed89d.jpg
Меҳмонони чорабинӣ дипломатҳои кишварҳои мухталифи хориҷи наздик ва дур буданд.Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ноҳид Зайналпур оҳанги офаридаи худ “Фариштаҳо дар болои Маскав”, ки ба ёди қурбониёни ҳамлаи террористӣ дар “Крокус” офарида шудааст, иҷро кард.Ин ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ин оҳангро худ навишт ва бори аввал дар онро дар "Шоми дӯстии Русияву Тоҷикистон" дар Маскав иҷро кард.Сафири Русия дар Тоҷикистон: Дӯстию ҳамзистии халқҳои мо садсолаҳо таърих дорадРаиси Маркази фарҳангии Тоҷикистон Хуршеда Ҳамроқулова хабар дод, ки дар Крокус рӯзи 23 март бояд Наврӯз ҷашн гирифта мешуд.Ӯ гуфт, пас аз хабардор шудан аз ин ҳодисаи даҳшатбор созмондиҳандагон ҷашнро лағв карданд.Вай ҳамчунин қайд кард, ки нафароне, ки ин амали террористиро анҷом доданд ба ҳадафҳои худ нарасиданд.Рақсу суруд: Душанбегиҳо бо анъанаҳои туркманҳо шинос шуданд - видео"Мо ҳадафҳои онҳоеро, ки ин амали бераҳмона ва хунинро фармоиш додаанд, дарк мекунем. Онҳо кӯшиш карданд, ки дар байни халқҳои Русия ва Тоҷикистон ихтилоф эҷод кунанд”, таъкид намуд раиси Маркази фарҳанги тоҷикон дар Москва Хуршеда Ҳамроқулова.Лаҳзаҳои беҳтарини ин шоми дӯстӣ дар видеои Sputnik Тоҷикистон тамошо намоед.
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/05/1062360784_102:0:1542:1080_1920x0_80_0_0_a123f227b934b401d82b9fa8f69e049f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, маскав, русия, шаби дӯстӣ, ҳамоиш, маркази фарҳангӣ, баргузор, ҳамкорӣ,
видео, маскав, русия, шаби дӯстӣ, ҳамоиш, маркази фарҳангӣ, баргузор, ҳамкорӣ,
Мо мардуми бародарем: Дар Маскав "Шаби дӯстии Русияву Тоҷикистон" баргузор шуд - видео
Ин шоми дӯстӣ бо ташаббуси Маркази фарҳангии Тоҷикистон дар Маскав ва Анҷумани ҳамкориҳои байналмилалии Русия ташкил кардаанд
Меҳмонони чорабинӣ дипломатҳои кишварҳои мухталифи хориҷи наздик ва дур буданд.
Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ноҳид Зайналпур оҳанги офаридаи худ “Фариштаҳо дар болои Маскав”, ки ба ёди қурбониёни ҳамлаи террористӣ дар “Крокус” офарида шудааст, иҷро кард.
Ин ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ин оҳангро худ навишт ва бори аввал дар онро дар "Шоми дӯстии Русияву Тоҷикистон" дар Маскав иҷро кард.
Раиси Маркази фарҳангии Тоҷикистон Хуршеда Ҳамроқулова хабар дод, ки дар Крокус рӯзи 23 март бояд Наврӯз ҷашн гирифта мешуд.
Ӯ гуфт, пас аз хабардор шудан аз ин ҳодисаи даҳшатбор созмондиҳандагон ҷашнро лағв карданд.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки нафароне, ки ин амали террористиро анҷом доданд ба ҳадафҳои худ нарасиданд.
"Мо ҳадафҳои онҳоеро, ки ин амали бераҳмона ва хунинро фармоиш додаанд, дарк мекунем. Онҳо кӯшиш карданд, ки дар байни халқҳои Русия ва Тоҷикистон ихтилоф эҷод кунанд”, таъкид намуд раиси Маркази фарҳанги тоҷикон дар Москва Хуршеда Ҳамроқулова.
Лаҳзаҳои беҳтарини ин шоми дӯстӣ дар видеои Sputnik Тоҷикистон тамошо намоед.